Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест...


Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест...Китоб навиштаҷоти варақҳои ҷилдшуда, воситаи интишоргардонӣ, нигаҳдории маълумот ва донишҳо мебошад. Инчунин, китоб - оинаи ҷаҳоннамо ба афроди маърифатҷӯё. Инак, саволе пайдо мешавад: чаро китобро ёри беҳтарин меноманд? Мехоҳам афкори худро ҷиҳати ин мавзӯъ баён созам.

Дурусту рост аст, ки китобро манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, хазинаи ҷаҳони мутамаддину раҳнамои ҳаёт ва калиди ганҷи сухан мегӯянд. Модоме ки чунин аст, албатта китобро ёри беҳтарин ҳисобидан барҷост. Ба ин маънӣ шоире мегӯяд:

Беҳтарин ёри вафодор китоб аст, китоб,

Ёри бе заҳмату озор китоб аст, китоб.

Китоб, ки неъмати бебаҳост, аз ин хотир 4-уми сентябр ҳамасола рузи китобро ҷашн мегирем. Маълумотҳои китоб олами тафккури маънавии мардумро чун шамсу қамар ва субҳи соф равшан мекунанд. Агар жарфтар андеша ронем, китоб рафиқи ҷонӣ, ҳамдаму ҳамроз, муаллими ахлоқ аст, ки дар лаҳзаҳои гуногун мӯниси мост. Инсон метавонад ба воситаи китобҳои аз ҷиҳати мавзӯъ гуногун ақсои оламро бо тайёраи тафаккур сайр намояд. Ба таъбири халқ: «Хонаи бе китоб - рӯзи бе Офтоб». Ҷомӣ низ мегӯяд:

Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,

Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.

Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ,

Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.

Саховатмандии китоб нисбати баъзе инсонҳо дар он аст, ки маслиҳату мададгории худро таъна намекунад ва дареғ намедорад. Агар китоб намебуд, ҷаҳон шабеҳи зулмоти ҳузнангезе мешуд, ки одамиятро ба коми худ мекашид. Лек хушбахтона ҳоло дар замони Истиқлолият аз ҷиҳати миқдор ва мавзӯъ китоб фаровону дастрас.

Аз гуфтаҳои боло ба чунин хулоса бояд омад, ки дар ҳақиқат китоб дӯсти арзанда ва вафокунандаи башар аст. Инсони бомаърифат ба дӯсту ёраш мудом китоб ҳадя мекунад ва аз худ бойигарии фарҳангӣ, яъне китоб боқӣ мегузорад.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив