Мақбултарин ва беҳтарин хислати одамӣ ин сабру тоқат аст. Оё дар замони мо ин масъалаи зарурӣ аст?
Пирони рӯзгордида гуфтаанд: “Меваи сабр ширин асту сабр кунӣ ҳалво мепазад”.
Аз Луқмони Ҳаким пурсиданд: – “Кадом талхӣ бошад, ки дар охир ширин шавад?” Гуфт: Сабр.
Дар ҳақиқат меваи сабр ширин аст. Бинобар он ҳамеша ва дар ҳама кор бо сабру пуртоқат шудан лозим аст. Мегӯянд, ки санг лаъл шавад дар мақоми сабр. Калиди дари ганҷи мақсад сабр аст. То кас сабр накунад, ба мақсад намерасад.
Ривоят мекунанд, ки шоҳе буд тезу тунд ва бесабру тоқат. Шоҳ вазири доное дошт. Рӯзе ҳарду ба шикор рафтанд. Онҳо аз паси оҳубарра тохта ба ҷои хушманзарае расиданд. Чун вақти намоз шуд шоҳ камарбандашро кушода як сӯ гузошт ва бо вазир барои адои намоз истод. Саги шикорие омада камарбанди шоҳро гирифта рафт. Ҳаминдам марди роҳгузаре аз ин ҷо гузашт шоҳ баъди намоз камарбандашро наёфт, бисёр дар ғазаб шуду аз марди роҳгузар пурсон шуд.
Марди роҳгузар бо илтиҷо гуфт, ки камарбандро надидааст. Шоҳ шамшерро гирифту раҳгузарро ба қатл расонид. Шоҳу вазир аз нав ба ҷустуҷӯи камарбанд оғоз намуданд. Ногоҳ диданд ки дуртар аз онҳо саге бо камарбанд бозӣ дорад. Шоҳ камарбанди худро шинохт ва аз куштани раҳгузар хеле пушаймон шуду гуфт: – Худоё бароям сабру тоқат ато намо, ки аз бесабрии худ гуноҳи азиме содир намудам ва хуни шахси бегуноҳро резонидам. Ин дунёву охиратамро бисӯхтам.
Вазири доно ба шоҳи пушаймоншуда гуфт: “Сабр ганҷ диҳад бесабри ранҷ”. Ва ин панди Саъдиро хонд:
Ганҷи сабр ихтиёри Луқмон аст,
Ҳар киро сабр нест ҳикмат нест.
Аз ҳикояти боло ман ба чунин хулоса омадам, ки инсон бояд дар ҳама кор сабру тоқатро пеша кунад, зеро сабурӣ ба инсон бурдборӣ меорад ҳеҷ гоҳ аз кардаи худ пушаймон намешавад.
Комментарии (0)