Дуои Қунут (Кунут)


Дуои КунутДуои Қунут (Кунут) – ин як намуди дуо мебошад. Дар мазҳаби Ҳанафӣ пайравони он дар ракати севуми намози Хуфтан (Витр) то ба рукӯъ рафтан ин дуоро мехонанд.  Дар забони арабӣ Кунутро « القنوت »  мегуянд ва ва маънои итоаткориро дорад. Кунут яке аз суннатҳои Паёмбари Худо мебошад ва худ Муҳамад (САВ) ин дуоро мехонданд.
Дар мазҳабҳои Шафии ва Маликӣ дуои Кунут дар ракати дувуми фарзии намози бомдод пас аз рукуъ, хонда мешаванд.  Шиамазҳабҳо бошанд Дуои Кунутро дар ракати дувуми ҳаммаи намозҳо то рукуъ рафтан, мехонанд.

Матни дуои Кунут бо ҳарфҳои тоҷикӣ (забони точики) текст.

” Аллоҳума инно настаъинука ва настағуфирукка ва нуминубика ва наттаваккалу ъалайка ва нусни ъалайкал хайр. Нашкуррука ва ло нафурук, ва нахлаъу ва натруку май яфҷурук. Аллоҳума ийёка наъбуду валака нусаллӣ насҷуду ва илайка насъо, ва наҳфиду ва нарҷу раҳматика, ва нахшо ъазобика, инна ъазобика бил куффори мулҳиқ

Тарҷумаи Дуои Қунут (тарчума ба забони точики) барои ҳанафиён

Эй, Аллоҳ, аз ту мадад металабем ва аз ту мағфират мехоҳем ва бар ту эътимод (боварӣ) мекунем ва туро ситоиш мекунем. Ба зикри хайраз ту сипосгузорӣ мекунем ва туро ношукрӣ намекунем ва касеро, ки нофармонӣ туст раҳо мекунем ва аз ӯ алоҳида мешавем. Эй Аллоҳ, хос туро ибодат мекунем ва барои ту намоз мегузорем ва саҷда мекунем ва сӯи ту меравем ва анҷоми хидмат менамом ва умедвори раҳмати туем ва аз азоби ту метарсем, ҳамоно азоби ту ба куффор хоҳад расид.

Дуои Қунут (Ба забони араби ва англиси)

Дуои Кунут бо забони англиси ва араби

Тарҷумаи Дуои Кунут мазмунан ба забони руссӣ

«О Аллах! Мы просим вести нас по истинному пути, просим у Тебя прощения и каемся. Веруем в Тебя и полагаемся на Тебя. Мы славим Тебя наилучшим образом. Благодарим Тебя и не являемся неверными. Отвергаем и отрекаемся от того, кто не подчиняется Тебе. О Аллах! Тебе одному поклоняемся, молимся и совершаем земные поклоны. К Тебе стремимся и направляемся. Надеемся на Твою Милость и страшимся наказания Твоего. Поистине, кара Твоя постигает неверующих!»

Кай ва чи хел, дуои Қунутро мехонанд?

Дуои Кунутро дар витри воҷиби намози хуфтан дар ракаъти саввум сураи фотиҳа ва дигар сура хонда, мисли такбири таҳрима «Аллоҳу Акбар» гӯён сари нарангутро ба нармии гӯш бирасонад ва боодобона истода, дуои Қунутро хондан лозим.
Баъдан мисли дигар намозҳо рукуъ, ду саҷда карда дигар амалҳои намозиро иҷро ба сомон расонида мешаванд.

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив