Насиҳат яке аз рукнҳои асосии тарбия ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ аз қадимулайём дар ҳар шаҳру кишвар одамони оқилу доно, бо хираду рӯзгордида, падару модарон, бобою бибиҳо ва устодони пухтакор ба фарзандону наберагон, шогирдону ҷавонон насиҳат мекарданд, то ки ҷавонон бо ахлоқи писандида ороста бошанд ва ба манфиати ватану падару модари худ кору фаъолият баранд. Имрӯзҳо тарбияи насли наврас мадди назари аҳли ҷомеа қарор дорад. Ман низ мехостам, ки дар ин бобат фикру андешаамро баён созам.
Хуш вақте касе ки панд гирад,
Ибрат зи каси дигар гирад.
Низомии Ганҷавӣ гуфтааст :
Ҷавон гар ба дониш бувад беназир,
Ниёз орадаш ҳам ба гуфтори пир.
Аз ин гуфтаҳо ба чунин хулоса меоем, ки панду насиҳатҳои пирони хирадро гӯш карда аз рӯи он амал намоем, дар чорсӯи зиндагӣ ҳаргиз пешпо намехӯрем. Калонсолонро лозим аст, ки ба ҷавонон насиҳат кунанд, зеро ки гуфтаанд аз насиҳат ноқисон комил шаванд.
Комментарии (0)