Бозиҳои Олимпии муосир


Бозиҳои Олимпии муосир
Тӯли понздаҳ садсола Олимпия гӯё аз руи замин ғайб зад ва ҳатто номи он аз ҳотирҳо фаромуш шуд. Ба вуҷуди ин Бозиҳои Олимпи чун ситора рахшон дар хотири инсонҳо медурахшиданд. Нуъри ин ситора аз қаъри асрҳо гузашта ба ҷилои нав дурахшон гардид.
Пиер Де Кубертен асосгузори Бозиҳои Олимпии муосир мебошад. Пиер Де Кубертен ашрофзодаи фаронсави буда соли 1863 дар шаҳри Париҷи Фаронса таваллуд шудааст. + соли 1894 конгрес гузаронид дар конгрес оид ба омӯзиши принсипҳои варзиши оммави ба рузномаи он оид ба имкониятҳои аз нав оғоз намудани Бозиҳои Олимпиро доҳил намуд. Дар баромади худ ӯ маросими таъсирбахшеро иборат аз назм мусиқи ва суруд дохил намуд. Пас аз он ҳар як вакил гимни апавонаро ки соли 1893 дар Делфа ёфт шудааст шуниданд. Асамблия бо як овоз қарор дод,ки Бозиҳои Олимпи аз нав оғоз карда шавад. Соли 1896 дар шаҳри Афина аввалин Бозиҳои Олимпии муосир гузаронида шуд. Солҳои 1896-1925 шахсан худи Кубертен Кумитаи Байналхалқии Олимпиро сарвари кардааст. Мувофиқи оинномаи олимпи Бозиҳои Олимпӣ варзишгарони ҳаваскори тамоми кишварҳоро барорбарҳуқуқӣ мутаҳид месохт. Дар кишварҳо ва шахсони алоҳида ягон намуд маҳдуд кунии ҳуқуқ аз рӯи асос наҷод дини сиёси роҳ дода намешавад. Муҳлати байни Бозиҳои Олимпи 4-сол мебошад. Ҳисоби Олимпиадаҳа аз соли 1896 яъне аз лаҳзаи баргузор гардидани Бозиҳои Олимпи аввалин оғоз мегардад. Пер Де Кубертен соли 1937 дар шаҳри Ҷеневаи Шветсария аз олам чашм пушид. Олимпиада дар ҳолатҳоеҳам ҳисоб карда мешавад,ки агар Бозиҳои Олимпи гузаронида нашавад. Масалан: Олимпиадаи 6-ум 1916 Олимпиадаи 12­-ҳум 1940 Олимпиадаи 13-ҳум 1944 бо сабаби ҷанги якуми ҷаҳони ва дуюми ҷаҳони гузаронида нашуд. Шиори Олимпиада Тезтар Баландтар Қаввитар мебошад. Панҷ ҳалқаҳои Олимпи аз тарафи Кубертен соли 1912 кашф гардидааст ва аввалин бор дар Белгия (Антверпен) дар Бозиҳои ҳафтуми Олимпи қабул карда шуд. Ин панҷ ҳалқа нишони Бозиҳои Олимпи мебошад,ки нишони дӯсти бародари алоқаи ҷудонашавандаи панҷ қитъаи замин мебошад. Ин ҳалқаҳо вобаста ба ранги одамони панҷ қитъаи замин панҷ ранг доранд. Кабут-Аврупо, Зард-Осиё, Сиёҳ-Африка, Сабз-Австралия, Сурх- Америка мебошад. Олимпиада ба ғайр аз шиор ва нишон боз парчам, медал, қасам ва оташ низ дорад. Аз соли 1924 яъне аз 8-умин Олимпиадаи тобистона сар карда Бозиҳои Олимпи зимистона гузаронида мешавад. Ҷои гузаронидани Олимпиадаро Кумитаи байналхалқи олимпи муайян мекунад. Ҳуқуқи ташкил намудани он ба шаҳр дода мешавад. Бозиҳои тобистонаи олимпи15 рӯз зимистона 10 рӯз гузаронида мешавад. Дар давраи Олимпиадаи муоср аз соли 1896 то 2016 сиюяк олимпиадаи тобистона гузаронида шудааст. Соли 1980 маркази собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ 22-юмин олимпиадаи тобистона гузаронида шуд. Дар ин Олимпиада якчанд давлатҳои ғарб иштирок накарданд. Бояд қайд кард, ки Бозиҳои 32-юми Олимпи соли 2020 дар Япония (Токио) баргузор мегардад.

Таърихи Бозиҳои Олимпи  
1.Соли 1896 Афина-Юнон
2.Соли 1900 Париҷ-Фаронса
3.Соли 1904 Сент Луис-ИМА
4.Соли 1908 Лондон-Англия
5.Соли 1912 Сток-Шветсия
6.Соли 1916 Берлин-Олмон
7.Соли 1920 Антверпен-Белгия
8.Соли 1924 Париҷ-Фаронса
9.Соли 1928 Амстердам-Голандия
10.Соли 1932 Лос-Анҷелес-ИМА
11.Соли 1936 Берлин-Олмон
12.Соли 1940 Хелсинки-Филандия
13.Соли 1944 Лондон-Англия
14.Соли 1948 Лондон-Англия
15.Соли 1952 Хелсинки-Филандия
16.Соли 1956 Мелбурн-Шветсия
17.Соли 1960 Рим-Италия
18.Соли 1964 Токио-Япония
19.Соли 1968 Мехико-Мексика
20.Соли 1972 Мюнхен-Олмон
21.Соли 1976 Монреал-Канада
22.Соли 1980 Москва-Россия
23.Соли 1984 Сараево-ИМА
24.Соли 1988 Сеул Кореяи Ҷанубӣ
25.Соли 1992 Барселона-Испания
26.Соли 1996 Атланта-ИМА
27.Соли 2000 Сидней-Австралия
28.Соли 2004 Афина-Юнон
29.Соли 2008 Пекин-Хитой
30.Соли 2012 Лондон-Англия
31.Соли 2016 Рио-Де-Ҷанейро-Бразилия.
32.Cjkb 2020 Япония

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив