Муаллим - чароғи илму ирфонӣ


Муаллими ТочикистонДар ҷамъияти инсонӣ касбҳои гуногун ҳастанд ва дар зиндагӣ ҳамаи онҳо заруранд, лекин касби муаллимӣ аз ҳамаи касбҳо хубтару пурифтихортар аст. Муаллим ба низомдароварандаи насли одамизод аст. Мардум азизтарин, қиматтарин ва бебаҳотарин офаридаи худ – фарзандашро бовар карда ба омӯзгор месупорад.
Муаллим аст, ки моро тӯли солҳо аз кӯдакӣ, наврасӣ, ҷавонӣ пеш бурда, ҳар рӯз ноаён қаҳрамонӣ нишон медиҳад, дар мо ҳиссае аз дили худро мегузорад. Мехостам дар бобати касби пурифтихори омӯзгорӣ ва меҳри устод ибрози андеша намоям.
Бе муаллим на духтур асту на муҳандис, на муҳосибу на шоиру нависанда, на ходими сиёсиву на худи муаллим. Меҳнати муаллим сангину вале пуршарф, пурҳарорат аст. Бахти баланд аст вохӯрдан бо муаллиме, ки ба дигарон хубӣ адолат меомҳзонад, инсон буданро ёд медиҳад.
Ин аст, ки аҳли илму адаб, сиёсатмадорон касби муаллимиро касби инсонсоз мегӯянд ва худи ӯро қолабрези ақли нав обутобдиҳандаи инсони комил, равшангари кошонаи дил, чароғи нурафшон, рӯҳбахши ҷисму ҷон, муҳандиси қалби инсон, машъали фардо донистаанд. Ҳақ бар ҷониби он донишманде, ки гуфтааст:
“Нависанда дар асарҳои худ, рассоми хуб дар мусаввараҳояш, муҷассамасози чирадаст дар муҷассамаҳояш зинда мемонад. Муаллими хуб дар афкору кирдори одамон абадият меёбад. ”Аз ин ҷост, ки ҳар як фард бо ҳисси баланди қадршиносӣ мактаби азизи худ, раҳнамои маънавии худ – муаллимро фаромӯш накарда ёд мекунад. Ин аст, ки дар ҳамаи давру замонҳо муаллимро мавриди ситоиш қарор додаанду беҳтарин суханҳои дилпазирро дар ҳаққаш дареғ надоштаанд. Шогирд бақои умри муаллим аст. Муаллим худсӯзӣ мекунад, ба умеде, ки бо шогирдон бисозад. Дасти муаллим аст, ки каҷиҳо рост, кӯрҳо бино мешаванд. Одам на танҳо хондану навиштанро балки оини худшиносиро аз муаллим ёд мегирад.
Ҳаққи устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.
Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад
Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Дар интиҳои сухани худ мехостам хулоса кунам, ки дар ҳаққи устод – муаллим чӣ қадар сухан гӯем кам аст. Муаллим ба ҳар гуна ситоиш, эҳтиром ва қадршиносӣ меарзад.
Муаллим ниҳоли умрат бехазон бод,
Баҳори орзуят ҷовидон бод.
Нагардӣ ҳеҷ гоҳ дар даҳр сархам,
Сари ту ҳамрадифи Каҳкашон бод.

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив