Уқёнуси Ҳинд


Уқёнуси  ҲиндТабиати уқёнуси Ҳинд бо табиати уқёнуси Ором бисёр хусусиятҳои умумӣ дорад, махсусан дар нагони органикии ҳарду уқёнус бисёр монанди дида мешавад.
Мавқеи географӣ. Уқёнуси Ҳинд бо мавқеи хоси худ дар сайёраи Замин фарқ мекунад, қисми зиёди он дар нимкураи ҷанубӣ воқеъ аст, дар шимол бошад бо Авруосиё ҳамсарҳад буда, бо уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ алоқа надорад.
Хатти соҳилҳои уқёнусӣ чандон каҷу килеб нестанд. Ҷазираҳо нисбатан каманд, танҳо дар сарҳади он ҷазираҳои калои ҷой гирифтаанд. Дар уқёнус ҷазираҳои вулконӣ ва марҷонӣ воқеанд.
Аз таърихи тадқиқи уқёнус. Соҳилҳои уқёнуси Ҳинд яке аз минтақаи тамаддуни дунёи қадим аст. Арабҳо аввалин шуда тасвири хатти сафари уқёнуси Ҳиндро тартиб додаанд.
Хусусияти анбуҳи об бо иқлим алоқаманд аст. Қисми шимолии уқёнус бешгар гарм мешавад. Ҳарорати об дар ин ҷо (то 30 0С нисбат ба ҳамин арзҳои уқёнусҳои дигар баланд аст. Ҳарорати об ба сӯи ҷануб паст мешавад. Шӯрии оби сатҳ аз шӯрии миёнаи уқёнусҳои Ҷаҳонӣ баланд ва дар баҳри Сурх махсусан баландтар аст (то 42%о).
Олами органикии уқёнуси Ҳинд ба олами наботот ва ҳайвоноти қисми ғарбии уқёнуси Ором монанд аст. Дар қисми шимолӣ аз моҳиён: сарданелла, зағутамоҳӣ, наҳанг, дар қисми ҷануби уқёнус - моҳиёни сафедхун, яхмоҳӣ, самак, корифен ва ғайра зиндагӣ мекунанд. Тунукобаҳои обҳои гарми минтакаҳои тропикӣ ва истивоӣ, махсусан аз обсабзҳою ҳайвонот фаровонанд. Анбуҳи харчангшаклҳо дар назди соҳилҳои Африко, Осиё ва Австралия зиёданд. Дар обҳои Антарктида кит ва тулен вомехӯранд. Аз нармбаданҳо рӯдапо ва калмарҳо бисёранд. Дар обҳои гарми ин укёнус сангпуштҳои барҷастаи баҳрӣ ва морҳои баҳрӣ сукунат доранд.
Уқёнус дар шимол ва ғарб ба хушкӣ ҳамҳудуд аст, ки бар он анбуҳи ҳавои тропикӣ мевазад. Бориш дар ин қисмҳои уқёнус кам мешавад, аз хушкӣ ба уқёнус об қариб дохил намешавад, аз ин чиҳат буғшавй зиёд аст. Дар натиҷа об ниҳоят шӯр мешавад. Баръакс, қисми шимоли шарқии уқёнус соҳилҳои онро иҳота карда, баландкуҳҳои дурдаст аз муссонҳои тобистонӣ бориши фаровон мегиранд. Ба уқёнус дар ин ҷо аз дарёҳои серобе, ки аз куҳҳои Ҳимолой чорӣ мегарданд, ба миқдори бисёр оби ширин меояд. Дар ин ҷо ноҳияи ниҳоят шириншавии обҳои сатҳ ба вуҷуд меояд.
Аз укёнуси Ҳинд роҳҳои сершумори киштигард мегузаранд. Дар қисми шимолии уқёнус, ки то ҳол киштиҳои хурди бодбондорро истифода мебаранд.

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив