Сифат дар забони лотинӣ ба монанди забони тоҷикӣ 3 дараҷа дорад: 1) Оддӣ 2) Олӣ 3) Қиёсӣ
Дараҷаи қиёси сифат ба воситаи ҳамроҳ кардани анҷомаи – ior ва
– ius бо решаи калима сохта мешавад. Ба ҷинси мардона ва занона анҷомаи – ior ва ба ҷинси миёна – ius ҳамроҳ карда мешавад.
Longus – дароз Purus – тоза
Аммо агар сифатҳо дар дараҷаи оддӣ бо анҷомаи –er тамом шавад, он гоҳ ҳангоми сохтани дараҷаи қиёсии сифат ҳарфи «е» навишта намешавад.
Rubber – сурх – rubrior – rubrior – rubrius – сурхтар
Dexter – рост – dextiror – dextiror – dextirus – росттар
Аммо баъзе калимаҳо дар забони лотинӣ ба гур=ҳи калимаҳои истисно дохил мешаванд.
Magnus – калон – major – major – majus – калонтар
Parvus – хурд – minor – minor – minus – хурдтар
Дараҷаи олии сифат ба воситаи ҳамроҳ кардани анҷомаи – issim бо решаи калима ва баъд аз он анҷомаи ҷинси мардона, занона ва миёна ҳамроҳ карда мешавад.
Long + issim + us – Long + issim + a – Long + issim + um – дарозтарин
Purissimus – Purissima – Purissimum – тозатарин
Агар сифатҳо дар дараҷаи оддӣ бо ҳарфҳои – er тамом шавад он гоҳ анҷомаи – rim ҳамроҳ карда мешавад.
Ruber +rim + us – rubber + rim + a – rubber + rim + um – сурхтарин
Баъзе калимаҳо бо гур=ҳи калимаҳои истисно дохил мешавад:
Magnus – калон – maximus – maxima – maximum – калонтарин
Parvus – хурд – minimus – minima – minimum – хурдтарин
Комментарии (0)