Он чӣ гуна беморӣ аст?
Зиққи нафас бемории бардавоми аллергии роҳҳои нафас маҳсуб меёбад. Аломати асосии он бо брониҳои нисбати ҳамагуна таъсири беруна аз ҳад зиёд ҳассос, инчунин, аз бинӣ аз ҳад ҷудо шудани моеъ марбут аст.
Аломати беморӣ
- Сулфаи хушки доими ва дарднок хусусан шабона шадид шуда, дар рӯзҳои сардии ҳаво, баъди меҳнати ҷисмонӣ хеле азият медиҳад.
- Ҳини нафаскашӣ аз шуш мисоли ҳуштаккашӣ садо мебарояд.
- Дар натиҷаи танг шудани роҳи нафас нафаскашии душвор ва гулӯгир гардидан ба вуқӯъ мепайвандад. Агар ин аломатҳо бо ёрии воситаҳои зидди нафас истифодашаванда бартараф гардад, бидуни дудилаги ташхиси зиққи нафас гузошта мешавад.
Зиққи нафаси зимистона
Тирамоҳ ба охир расида, оғоз ёфтани зимистон барои ашхоси гирифтори ин беморӣ давраи асосии ташхис аст. Бронхҳои аз ҳад зиёд ҳассос дар вақт сардии ҳаво фавран таъсири баръакс мерасонад. Барои пешгирии ин ҳолат организмро тадриҷан ба ҳавои сард омода кардан лозим аст. Албатта, ин душвори нест, чунки масалан, қабл аз ба кӯча баромадан андак вақт дар назди тирезаи кушода нишастан барои таъсир нарасонидани ҳавои хунук вазифаи ҳимояро ба ҷо меорад. Инчунин, дар рӯзҳои сард бастани шарф ва ё даҳону биниро бо рӯймолча маҳкам кардан ҳам аз ба таври ногаҳонӣ хурӯҷ намудани дард ҳифз месозад. Одамони гирифтори зиққи нафасро зарур аст, ки ҳамеша бо худ дору ё ингалятор дошта бошанд.
Сабабҳои пайдоиш
Ирсият. Агар падару модар гирифторизиққи нафас шуда бошанд, дар фарзанд хавфи пайдо гардидани ин беморӣ 70-80 фоизро ташкил менамояд. Дуруст истеъмол намудани хӯрок. Тибқи андешаи мутахассисон сӯистеъмоли маҳсулотҳои ситрусӣ, шоколад, асал ва моҳӣ ҳам сабаби пайдо шудани зиққи нафас шуда мегардидааст. Муҳити зисти ифлос. Ифлос шудани муҳити атроф ҳам ба зиёд шудани ашхоси гирифтори зиққи нафас оварда мерасонад. Таъсири аллергенҳо. Омилҳои таъсири беруна мавҷуданд, ки ба зиёдшавии хурӯҷи зиққи нафас такон медиҳад. Инҳо чанги оддии хона, бӯйи ба худ хоси гул ё барги растаниҳо, бӯе, ки доруҳо аз худ паҳн месозанд буда метавонанд.
Зиққи нафас
Мавзуҳои монанд:
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни "География" (шифоҳӣ) қисми I аз 1 то 20 саволнома
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни География (шифоҳӣ) қисми II аз 20 то 35 саволнома
- Заминаҳои ташаккулёбии фарҳанги ҳуқуқии наврасон
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни Таърихи халқи тоҷик қисми II аз 15 то 30 саволнома
- Зарурият ва роҳу воситаҳои баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии наврасон
Комментарии (0)