Маълумоти мухтасар дар бораи ҳиссаҳои нутқ


Нақша:
  1. Маълумот дар бораи ҳиссаҳои нутқ
  2. Ҳиссаҳои мустақили нутқ
  3. Ҳиссаҳои ёридиҳандаи нутқ   
Гуруҳи калимаҳое, ки бо умумияти маъно, умумияти гуруҳ, хусусиятҳои морфологӣ ва вазифаҳои синтаксисӣ ба ҳамдигар наздиканд ва гуруҳҳои лексикиюграмматикӣ мебошанд ҳиссаҳои нутқ мегуянд. Гуруҳбандии ҳиссаҳои нутқ таърихи дуру дароз дорад, ҳануз дар Юнони Қадим Дионсий калимаҳоро ба 8 гуруҳ: исм, феъл, сифати феълӣ, аъзо(артикл), ҷонишин, пешоянд, зарф, пайвандак. Чунин  таснифот ба забони лотинӣ гузашта забонҳои дигари Аврупо низ ин таснифотро қабул намуда, ҳиссаҳои нутқи худро ба ҳамин нақша ҷой намудаанд. Барои комилии ҳиссаҳои нутқ, ба эътибор гирифтани калимасозӣ, маънои калима, вазифаи калима муҳим аст, зеро ҳар якҳисаи нутқ, тарз, роҳ ва қолабу воситаҳои калимасозии хоси худро дорад.   Ҳиссаҳои нутҷро аз руи маънова хусусиятҳои грамматикию калимасозиашон ба 10 хел ҷудо намудаанд: исм, сифат, шумора, ҷонишин, феъл, зарф, пешоянду пасоянд, пайвандак, ҳиссача, нидо ҷудо намудаанд, аз руи вазифаашон ба 2 гуруҳ: мустақил ва ёридиҳанда
Ҳиссаҳои мустақили нутқ: исм, сифат, шумора, ҷонишин, феъл, зарф.
Ҳиссаҳои номустақил (ёридиҳанда): пешоянду пасоянд, пайвандак, ҳиссача, нидо.
Барои он ҳисаҳои мустақили нутқ мегуянд, ки маънои луғавӣ ва категорияҳои грамматикӣ низ доранд. Ҳиссаҳои номустақил бошанд, худ дар алоҳидагӣ маъноро ифода намекунанд, онҳо дар ҷумла ва дар матн дар алоқамандӣ бо дигар калимаҳо вазифаи асосии худро оҳкор мекунанд.   

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив