Умумиятҳо ва гурӯҳҳои иҷимоӣ


Нақша:
1. Мафҳуми “умумияти иҷтимоӣ” ва таснифоти он 
2. Умумияти оммавӣ ҳамчун шакли умумияти иҷтимоӣ
3. Умумиятҳои этникӣ (гурӯҳҳои этникӣ) ва таснифоти онҳо
4. Умумияти гурӯҳӣ ё гурӯҳҳои иҷтимоӣ


Мафҳумҳои калидӣ:
“Умумияти иҷтимоӣ”, “умумияти оммавӣ”, “умумияти гурӯҳӣ”, “умумияти этникӣ”, “қабила”, “халқ”, “миллат”, “худшиносии миллӣ”, “худмуайянкунии миллӣ” ва ғайраҳо

1. Мафҳуми “умумияти иҷтимоӣ” ва таснифоти он 
Инсон аз лаҳзаи таваллуд то ба охири умр дар дохили умумиятҳои иҷтимоӣ зиндагӣ ва кору фаъолият менамояд. Дар сотсиологияи Шӯравӣ (имрӯз дар сотсиологияи русиягӣ) умумиятҳои иҷтимоӣ ҳамчун категорияи асоси таҳлили сотсиологӣ ба ҳисоб меравад. Ҳатто баъзе аз сотсиологҳо (масалан, А. Ядов) сотсиологияро илме меноманд, ки барқароршавӣ, рушд ва тағйироту дигаргуншавии умумиятҳои иҷтимоӣ ва шаклҳои гуногуни зуҳуроти он: низом, сохтор ва институтҳои иҷтимоиро меомӯзад .
Умумияти иҷтимоӣ ҳаммаънои калимаи англисии “community” буда, ба забони тоҷикӣ маънои ҷамоа, муттаҳидшавӣ, ягонагӣ ва ҷудонопазирро дорад. Умумияти иҷтимоӣ маҷмӯи одамонест, ки аз рӯйи меъёрҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва ҳудудӣ муттаҳид шудаанд ва аз ҳам фарқ мекунанд ва дар байни онҳо муносибату робитаҳои устувор пайдо шудаанд. Умумиятҳои иҷтимоиро аз рӯйи нишонаҳои зерин аз ҳам фарқ намудан мумкин аст:
•    Аз рӯйи шумораи ҳайат: аз 2-3 нафар то миллионҳо нафар;
•    Вобаста ба мӯҳлати мавҷудият: аз чанд дақиқа (издиҳом) то якчанд ҳазорсола (умумияти этникӣ);
•    Вобаста ба заминаҳои пайдоиш: умумиятҳои касбӣ, ҳудудӣ, этникӣ, демографӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва ғайраҳо .
Умумияти иҷтимоӣ шакли ҳаёту фаъолияти коллективии одамон мебошад. Вобаста ба ин нишондодаҳо чунин намудҳои умумиятҳои иҷтимоиро аз ҳам фарқ менамоянд:
•    Умумиятҳои оммавӣ;
•    Умумиятҳои этникӣ; 
•    Умумиятҳои гурӯҳӣ ё гурӯҳҳои иҷтимоӣ.

2. Умумияти оммавӣ ҳамчун шакли умумияти иҷтимоӣ
Умумиятҳои оммавӣ категорияи сотсиологиест, ки ба таври номуташаккил ва эҳтимолӣ пайдо шуда, ҳудудҳои аниқи муайян надоранд ва муваққатӣ буда, тағйирёбандаанд. Умумиятҳои оммавӣ (квазигруппа) дар шакли ҳаракатҳои иҷтимоӣ, издиҳом ва ғайра пайдо мешаванд. Яке аз шаклҳои умумияти оммавӣ – ин издиҳом мебошад. Издиҳом ҷамъи зиёди одамон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ҷамъшавии муввақатӣ ва номуташаккили фардҳои иҷтимоӣ мебошад. Дар ин ҷо бояд фарқияти мафҳуми «оммавӣ»-ро аз мафҳуми «издиҳом» фарқ намоем. Вақте мо оиди оммаи одамон дар кӯчаю бозоррҳо сухан мегӯем, пеш аз ҳама ҷамъ шудани шумораи зиёди одамонро дар як фазои маҳдуд дар назар дорем. Онҳо аз ҷиҳати ҷисмонӣ дар як мавзеъ ҷамъ омадаанд, аммо алоқаю робитаҳои муттамарказонидашуда надоранд, барои ягон мақсади умумӣ гирд наомадаанд. Ҳар яке барои қонеи ягон талаботашон дар он ҳудуд ворид шудаанд. Пас аз чанде ин одамон пароканда мешаванд. Дар ҳолати намоишҳо, бетартибиҳо ва гирдиҳамойиҳо ҳар як нафар бо дигар нафарон дар якҷоягӣ амал менамоянд ва амалу таъсири онҳо ба як марказ нигаронида мешаванд ва дар охир издиҳоми одамон ҳамчун як организми том амал менамояд. 
Дар илми сотсиология якчанд назарияҳо оиди издиҳом пешниҳод шудаанд. Яке аз ин назарияҳо бо номи “назарияи мубталошавӣ (сироятёбӣ)” машҳур аст. Мувофиқи назарияи мубталошавӣ (заражения) дар шароити издиҳом зуд ва босуръати баланд эҳсосот, андеша ва амали як иштирокчӣ ба иштирокчии дигар мегузаранд ва паҳн мешаванд. Яке аз асосгузорони ин назария донишманди франсӯз Гюстав Ле Бон мебошад. Дар асараш “Издиҳом” иқилоби фаронсавиро таҳқиқ намуда, ба хулосае меояд, ки амали фарде, ки гирифтори эҳсости коллективӣ гаштааст, аз амали ӯ дар гурӯҳҳои хурд ба кулли фарқ менамояд. Маҳз дар зери таъсири издиҳом шахс он амалҳои харобсозанда ё қаҳрамононае мекунад, ки дар танҳоӣ ин амалҳо ҳатто ба гӯшаи хаёлоташ ҳам намеомаданд. Ба андешаи Лебон, дар издиҳом шуури коллективӣ ташаккул меёбад. ӯ се омили амали коллективиро нишон медиҳад:
1) Эҳсости махфӣ мондан ба иштирокчии издиҳом нерӯ мебахшад;
2) Мубталошавӣ (сироятёбӣ) – рӯҳия ва андешаю амали умумӣ мисли вирус ё бемории сирояткунанда аз як нафар ба дигар нафар, аз як гурӯҳи одамон ба гурӯҳи дигари одамон мегузарад. Ҳар як нафар мехоҳад кореро кунад, ки дигар иштирокчиёни издиҳом ҳамон корро анҷом дода истодаанд;
3) Дар издиҳом одамон зуд мутаассир мегарданд, мисле, ки зери таъсири гипноз мемонанд. Онҳо тамоми нишондодҳои сарварони издиҳомро иҷро намудан мехоҳанд. Махсусан, ҳокимият ва мақоми лидерҳо ба издиҳом таъсири фавқуллода мерасонанд.  
Мувофиқи ақидаи Г. Ле Бон дамон дар иҳотаи издиҳом рафтори худро пурра идора карда наметавонанд, мувақатан дар зери таъсири тарғибу ташфиқоти пешвоёну доҳиёни издиҳом мемонанд, қобилияти таҳлилу андешаи дурнамои рафтори содиркардаистодаи худро аз даст медиҳанд. Г. Ле Бон бовар дошт, ки дар иҳотаи издиҳом инсон (ҳатто инсони фарҳангӣ) метавонад бераҳм, пурғазаб, ваҳшӣ ва хунхору беақл гардад. 
Мунақидони ин назарияи Ле Бон кам нестанд. Ба ақидаи онҳо Г.Ле Бон ҳамагуна қарори одамони зиёди ҷамъомадаро бешуурона меномад. Дар ҳолате, ки қарорҳои оқилонаро маҳз гурӯҳҳои калони одамон дар асоси баҳсу мунозираҳо бароварда метавонанд. Илова ба ин аксарияти издиҳоми одамон бошуурона ва бомақсадона сурат мегирад. На ҳама вақт издиҳом аз одамони ҷинояткор, бадахлоқ ва оворагард таркиб ёфтааст. Ҳам дар инқилоби Франсия ва ҳам Инқилоби октябр (1917) одамони зиёди ихтисосманд ва дорои маданияти баланд иштирок намудаанд. 

3. Умумиятҳои этникӣ (гурӯҳҳои этникӣ) ва таснифоти онҳо
    Гурӯҳҳои этникӣ - ин гурӯҳи одамоне ҳастанд, ки забон, таърих ва фарҳанги маънавии умумӣ доранд. Мафҳуми “этнос” (ethnos) юнонӣ буда, ба забони тоҷикӣ маънои халқро дорад. Дар адабиёти илмӣ зери мафҳуми “умумияти этникӣ” маҷмӯи устувори одамоне фаҳмида мешавад, ки дар ҳудуди алоҳида зинадагӣ мекунанд, маданияту психологияи хос ва эҳсоси фарҳангии худро доранд. Донишмандон се намуди асосии гурӯҳҳои этникӣ ё “этносҳо”: қабила, халқ ва миллатро аз ҳам фарқ мекунанд. Қабила чунин намуди иттиҳодияи одамон мебошад, ки дар асоси муносибатҳои хунӣ ва хешутаборӣ ба ҳам алоқамандӣ доранд. Қабила аз якчанд қавму авлод таркиб ёфтааст, ки дар гузашта аз як оила ё нафар маншаъ мегиранд. Одамонро дар қабила эътиқоди ибтидоӣ, забон ва ҳудуди ягонаи зист низ муттаҳид менамояд. 
Аз аввалҳои солҳои 50-уми асри ХХ навъҳои гуногуни этносҳоро, ки дар зинаи байни қабилавӣ ва миллат қарор доштанд, халқиятҳо ном мебурданд. Ҳамин тавр, халқият - ин умумияти этникӣ баъд аз қабилаҳо ва пеш аз миллат пайдо шудааст . Халқ дар фарқият бо қабила иқтисоду хоҷагии нисбатан пешрафта доранд ва дар онҳо маданияти оммавӣ, урфу одат ва анъанаҳо дар шакли ёдгории хаттӣ, асотиру афсонаҳо ва таърих ташаккул ёфтааст. Халқ ин гурӯҳи калони одамон буда, макони зист онҳоро бо ҳам алоқаманд менамояд, тарзи зиндагӣ, институти дин, худшиносӣ ва ҳокимияти сиёсиашон нисбатан тараққиёфта аст. Дар ҷаҳон қариб 3 ҳазор халқҳо зиндагӣ доранд . Дар ҷаҳон 280 халқе вуҷуд дорад, ки шумораашон аз як миллион нафари зиёд аст ва аксарияти аҳолии оламро (тахминан 96%) ташкил медиҳанд . Дар замони ҳозира дар ҷаҳон қариб панҷ ҳазор забонҳои миллӣ вуҷуд доранд, ки ба онҳо халқҳо ва гурӯҳҳои этникӣ гап мезананд, вале давлатҳо аъзоёни Созмони Миллали Муттаҳид зиёда аз 200 –тоанд.   
    Умумияти дигари рушдёфта миллат мебошад. Миллат (калимаи лотинии «natio» - маънои «авлод» ё «ташаккулёбӣ») гурӯҳи калони одамонест, ки таърихан дар як марзи муайян зиндагӣ карда, алоқаи иқтисодӣ ва фарҳангии ягона дошта, бо як забон гуфтугӯ мекунанд, бо шууру психологияи хосаи худ аз дигар навъи чунин умумиятҳо фарқ менамоянд. Миллат шакли олии таърихан ташаккулёфта умумияти иҷтимоию этникии одамон буда, умумияти ҳаётӣ, иқтисодӣ, забонӣ, ҳудудӣ, худшиносии миллӣ ва баъзе хосиятҳои муайяни маданият, урфу одат, маишат ва анъанаҳоро таҷассум менамояд. «Миллат ин рӯҳ аст», - хулоса мекунад Э. Ренан . Дар охир миллати ташаккулёфта давлати худро таъсис медиҳад. Бояд махсус қайд кард, ки бештари миллатҳо дар шароити капитализм ташаккул ёфтан, кӯшишҳои тараққиёти озоди худ ба муттаҳид кардани давлатҳои аз ҳам ҷудои феодалӣ мадад карданд. Дар ҷаҳони имрӯза зиёда аз 90% -и аҳолии рӯйи заминро миллатҳо ташкил медиҳанд . Дар сотсиологияи Ғарб зери мафҳуми “миллат” маҷмӯи шаҳрвандон ва халқи давлат фаҳмида мешавад, ки ба сатҳи баланди маданият ва ташкили сиёсӣ расидаанд ва ҳамчун умумият маданият ва забони ягона доранд, имчунин дар асоси низоми ташкилоти давлатӣ муттаҳид шудаанд. Ҳамин тавр, аз назари сотсиологҳои ғарб “миллат” - ин умумияти ҳудудӣ ва сиёсӣ буда, миллат ба давлат ҳаммаъно меояд. Пояи асосии ҳастии миллат ва устувории он худшиносии миллӣ мебошад. Худшиносии миллӣ мазмуни шуури мансубияти одамон ба “миллати худ” мебошад. Худшиносии миллат иборат аст аз шинохти мавқеи таърихии худ, мавқеи имрӯза ва ояндаи миллати худ ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ. 
Баъзе аз донишмандон нажодро низ ба умумияти этникӣ мансуб медонанд. Нажод - ин гурӯҳҳои одамоне мебошанд, ки дар тӯли таърих дар макони муайян пайдо шуда, зиндагӣ кардаанд ва аломатҳои умумии биологӣ доранд (ранги пӯст, шакли чашм, сохти мӯй ва сар, қаду қомат ва ғайраҳо). Ҳоло дар илми муосир се навъи нажодро аз ҳам ҷудо менамоянд: аврупоӣ, муғулоид ва негроид ё сиёҳпӯстҳо. Олимон ба хулосае омадаанд, ки сифатҳои фарқкунандаи нажодӣ бартарӣ надоранд. Ҳамаи нажодҳо аз ҷиҳати биологӣ ва психологӣ баробар буда, дар як зинаи инкишофи эволютсионии ақлӣ мебошанд. Аммо дар тӯли таърих кӯшишҳои боло гузоштани як нажод аз нажоди дигар ба назар мерасад. Бахусус, дар назарияҳои расизм ин бараъло намудор мешавад. Расизм – ин таҳқир, истисмори умумиятҳое мебошад, ки ба нажоди дигар мансубанд . Ба ақидаи онҳо прогресси ҷамъиятиро нажоди сафедпустӣ аврупоӣ таъмин менамояд ва дигар халқу миллатҳо вобаста ба мансубияти нажодиашон нокомил таваллуд шуда, дар рушди тамаддуни умумиинсонӣ ягон нақш гузошта наметавонанд. Чи хеле ки таҷриба ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, имрӯз дар прогресси ҷомеа на танҳо сафедпустони аврупоӣ, балки дигар халқу миллатҳо саҳми худро мегузоранд. 
Тоҷикистон давлати сермиллат аст. Дар ин сарзамин баробари миллати тоҷик боз намояндагони дигар халқу миллатҳо, мисли ӯзбекҳо, қирғизҳо, қазоқҳо, туркманҳо, русҳо ва дигарон зиндагӣ мекунанд (ниг. ба ҷадвали 1).  
Ҷадвали 1. Ҳайати миллии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2012 .
Миллатҳо    Шумора    Фоиз
Тоҷикон    6373834    84,3
ӯзбекҳо     926344     12,2
Лақайҳо    65555    0,9
Қирғизҳо     60715    0,8
Русҳо      34838    0,5
Туркманҳо     15171    0,2
Тоторҳо     6495    0,1
Арабҳо     4184    0,1
Афғонҳо      3675    0,1
Лӯлиҳо     2334    0,0
Қазоқҳо     595    0,0

Аксарияти мамлакатҳои олам гуногунмиллатанд. Дар мамлакатҳои алоҳида намояндагони даҳҳо ва ҳатто, садҳо халқҳо зиндагӣ менамоянд. Аз ин хотир, масъалаи муносибатҳои байни умумиятхои миллию этникӣ дар ҳар макону замон аҳамияти муҳим пайдо менамояд. Дар шууру рафтори умумияти этникӣ миллатгароӣ ва шовинизм ташаккул ёфтанаш мумкин аст, ки дар натиҷа муносибати байни халқу миллатҳои дар дохили як давлат зиндагидоштаро то дараҷае вайрон месозад. Дар натиҷа эгоизми этникӣ ба миён омада, як миллат мехоҳад нисбат ба халқу миллатҳои дигари дохили як давлат бартарияти худро нишон диҳад. Авҷи падидаҳои миллатчигӣ, кӯшишҳои барои халқи худ муҳаё кардани интиёзҳо аз ҳисоби халқҳои дигаре, ки дар ин ҳудуд зиндагӣ мекарданд, ботадриҷ меафзояд. Захираҳои моддӣ ва маънавии ҳудуди муайян байни халқу миллатҳои дохили он нобаробар тақсим мешавад, ки ҳамчун манбаъ ва сабаби низоъҳои этникӣ баромад менамоянд. 

4. Умумияти гурӯҳӣ ё гурӯҳҳои иҷтимоӣ
Гурӯҳ - ин ҷамъи ду ва зиёда одамонест, ки дар асоси нуқтаи назар ва мақсадҳои умумӣ, фаъолияти якҷоя, алоқаҳо ва таъсири устувори ҳамдигарӣ муттаҳид шудаанд. Нақшҳо ва кор моро дар доираи муносибатҳои иҷтимоӣ муттаҳид менамоянд. Агар ин муносибатҳо дурудароз давом кунанд, хусусиятҳои гурӯҳро соҳиб мешаванд. Гурӯҳ - ин аз ҷамъшавии одамон фарқ дорад. Ҷамъшавии эҳтимолии одамони номаълум дар як ҷой ва як вақт “агрегат” номида мешавад. Масалан, харидорони бозор, мухлисон, тамошобинони кинотеатр ва ғайраҳо. Одамон зуд-зуд ба агрегат дохил шуда ва боз ба осонӣ аз он берун мешаванд. Гурӯҳро инчунин аз категорияҳои аҳолӣ низ бояд фарқ намоем. Категорияҳои аҳолӣ –ин ҷамшавии одамон аз рӯйи ягон сифати умумӣ мебошад, ки аксар вақт барои баҳисобгирии омории аҳолӣ истифода мешаванд. Масалан, синну сол (кӯдак, наврас, ҷавон, пиронсол), ҷинс (зан ва мард), сатҳи таҳсилот (маълумоти ибтидоӣ, миёнаи нопурра, миёнаи пурра, касбӣ-техникӣ, олӣ, аспирантура), вазъи оилавӣ (муҷҷарад, оиладор, волидон, ҷудошудагон), даромад (сарватмандон, миёнаҳолон, камбизоатҳо), миллат (русҳо, тоҷикҳо, ӯзбекҳо ва ғайраҳо), ҷойи истиқомат (шаҳриҳо, деҳотиён), истифодаи хизматрасонӣ (мисли муштариёни ширкати мобилӣ ва ғайра), касбу фаъолият (ронандагон, муаллимон, мансабдорон ва ғайра). 
Ба ақидаи сотсиологи рус Ю.Г. Волков одамон бо ҳам ду хел робитаҳо доранд: экспрессивӣ ва инструменталӣ. Робитаҳои экспрессивӣ дар асоси иштироки эмотсионалӣ дар кори дигар одамон сурат мегирад. Чунин робитаҳо дар байни хешовандон, дӯстон ва дигар одамони аз ҷиҳати эмотсионалӣ наздик пайдо мешаванд. Робитаҳои инструменталӣ дар асоси ҳамкорӣ ва барои ба даст овардани кадом як мақсад пайдо мешаванд ва ҷиҳатҳои эмотсионалӣ надоранд. Ин муносибатҳо тоза корӣ буда, ҳатто баъзеҳо барои расидан бо мақсад бо душманони худ ҳамкорӣ мекунанд . Вобаста ба ин меъёр гурӯҳҳои иҷтимоиро ба ду намуд ҷудо мекунанд: гурӯҳи аввалиндараҷа ва дуввуминдараҷа. Гурӯҳи аввалиндараҷа чунин гурӯҳи иҷтимоиест, ки аъзоёни он муносибатҳои наздики ғайрирасмӣ, робитаҳои дурударози шахсӣ ва эмотсионалӣ доранд. Масалан, аъзоёни оила, доираи дӯстон, дастаи варзишӣ ва монанди инҳо. Мафҳуми “гурӯҳи аввалиндараҷа”-ро аввалин бор сотсиологи амрикоӣ Ч. Кули (1864-1929) истифода намудааст. Гурӯҳи дуввуминдараҷа чунин гурӯҳи иҷтимоиест, ки аъзёни он бо мақсади расидан ба мақсадҳои мушаххас бо ҳам ҳамкорӣ менамоянд ва дар байни онҳо муносибатҳои эмотсионалӣ вуҷуд надорад. Муносибатҳои онҳо расмӣ буда, на ҳама вақт самимӣ ва боваринок ҳастанд. Аслан ин гурӯҳҳо дар ташкилотҳо барои ҳал намудани вазифаҳои махсус ташкил мешаванд. Баъди бо мақсад расидан пароканда мешаванд ва бештари ҳолат робитаҳои худро идома намедиҳанд. 
Ба мо на танҳо гурӯҳе, ки ба он тааллуқ дорем таъсир мерасонанд, балки дар ҳаёти мо дигар гурӯҳҳои иҷтимоӣ нақш доранд. Аз ин нуқтаи назар гурӯҳҳои иҷтимоиро ба гурӯҳҳои дохилӣ ва берунӣ ҷудо мекунанд. Гурӯҳи дохили гурӯҳест, ки мо ба он тааллуқ дорем ва худро ба он идентификатсия (монанд) мекунем. Гурӯҳи берунӣ гурӯҳест, ки мо ба он тааллуқ надорем ва худро ба он идентификатсия (монанд) намекунем. Ҳангоме, ки гурӯҳи дохилиро дар назар дорем, ҷонишини “МО” ва ҳангоми дар назар доштани гурӯҳи беруна ҷонишини “ШУМО”-ро истифода мебарем. 
Гурӯҳи референтӣ чунин воҳиди иҷтимоиест, ки ҳангоми баҳодиҳӣ ва ташаккулёбии ақида, эҳсосот ва амалкунӣ ба он такя менамоем. Яъне шахс ҳангоми амалкунӣ худро ба одамони дигар гурӯҳҳо монанд кардан мехоҳад, рафтори одамони дигар гурӯҳро такрор мекунад ба онҳо тақлид менамояд. Гурӯҳи референтӣ гурӯҳест, ки мо ба он монанд шудан мехоҳем. Гурӯҳи рефернетӣ зиддиятҳои рафтори одамонро шарҳ медиҳад. Масалан, мусулмоне, ки ба дини масеҳӣ гузаштааст, марде, ки худро тавассути ҷарроҳӣ зан кардааст, инқилобчӣ аз табақаи сарватманд, хоине, ки бо душманон ҳамкорӣ мекунад, деҳотие, ки тарзи зиндагии шаҳриро тақлид менамояд. Мо бо тамоми қувва кӯшиш мекунем, ки ба намояндагони ягон гурӯҳи бароямон намуна монанд шавем, стандартҳои он гурӯҳро қабул менамоем. Агар гурӯҳе, ки мо ба он тааллуқ дорем ба гурӯҳи референтии мо мувофиқат накунад, эҳсоси деприватсия (ноқаноатмандӣ) пайдо мешавад. Аниқтараш байни он чие ки мо айни замон соҳибем (ҳолати гурӯҳи дохили) ва он чизе, ки ба ақидаи мо бояд соҳиб бошем (мақоми гурӯҳи референтӣ) зиддият пайдо мешавад. Масалан, корманди ташкилот ҳангоми муқоисаи худ бо ҳамкороне, ки мақоми баланди касбиро соҳиб шудаанд, худро заифу нотавон ҳис мекунад. Эҳсоси деприватсия одамонро ба бегонашавӣ ва харобшавӣ оварда мерасонад, боиси ҳамроҳ шудани одамон ба гурӯҳҳои эстремистию терористӣ ва инқилобӣ мегарданд. Баъдан, гурӯҳи референтӣ омили нерӯмандӣ тағйироти иҷтимоӣ аст.
Гурӯҳҳои иҷтимоӣ хусусияти динамикӣ доранд. Ба чунин хусусиятҳо шумораи аъзоён, сохтори дохилӣ (лидер, аъзои қаторӣ, аутсайдерҳо) ва тарзи роҳбарӣ таъсир мерасонанд. Вобаста ба шумораи аъзоён гурӯҳҳоро ба хурд ва бузург ҷудо менамоянд. Гурӯҳи хурд аз ду нафар (диада), се нафар (триада) то 15-20 нафар иборат аст. Гурӯҳҳои калон ба монанди синфҳо, миллатҳо, армия, ташкилотҳои бузург то ҳазорҳо нафарро ташкил мекунанд. Дар гурӯҳи иборат аз ду нафар, мисли ҳамсарон, дӯстон нақши эҳсосот ва эмотсия калон аст. Ин гурӯҳҳо хеле нозук буда, зуд ба маюсӣ ва ноумедӣ гирифтор шуда метавонанд. Аммо муносибатҳои онҳо хело саммимӣ, боваринок ва ғарирасмиянд. Вақте ба гурӯҳи диада шахси сеюм ҳамроҳ мешавад, муносибатҳо тағйир меёбанд. Масъалаи лидерӣ пайдо шуда, зиддиятҳо ба миён меоянд. Ба ақидаи сотсиологҳо дар гурӯҳи то панҷнафара одамон фикру ақидаи худро озодона баён мекунанд, ба осонӣ нақшҳояшонро иваз мекунанд . 
Гурӯҳҳои хурд бе лидер ва роҳбар вуҷуд дошта метавонанд, аммо гурӯҳҳои калон бе роҳбар ба хаос дучор мегарданд. Масалан, факултетро бе декан, кафедраро бе мудир, ташкилотро бе директор тасаввур кардан номумкин аст. Хоҳу нохоҳ дар гурӯҳ шахсе пайдо мешавад, ки таъсираш ба гурӯҳ аз дигарон зиёд аст. Роҳбар аз лидер фарқ мекунад ё худи лидер метавонад роҳбар бошад. Бештари вақт роҳбар ин вазифаи расмӣ аст, интихоб ё таъин карда мешавад. Аммо лидер ин шахсест, ки ба гурӯҳ таъсири зиёд дорад ва эҳтирому боварии аъзоёни гурӯҳро тавассути кордонӣ, босаводӣ ва дигар сифатҳои баланди шахсӣ соҳиб шудааст. Баъзан вақт таъсири лидер аз роҳбари гурӯҳ зиёдтар аст ва дигаронро дар атрофи худ ҷамъ менамояд. Роҳбарӣ авторитарӣ (ба инобат нагирифтани фикри аъзоён ва истифодаи фишору афзалиятҳои шахсӣ), демократӣ (иштироки васеи аъзоёни гурӯҳ дар ҳалли масъалаҳои пайдошуда) ва пассивона (бепарвоӣ ва ноуҳдабароии роҳбар) мешавад. Беҳтарин тарзи роҳбарӣ – ин роҳбарии демократӣ аст, аммо дар баъзе аз давлатҳои рӯ ба рушд вобаста ба менталитети халқ ва вазъи ногувори иҷтимоӣ роҳбарии авторитарӣ афзалият дошта метавонад. 
Бепарвоии иҷтимоӣ. Чунин тасаввуроте вуҷуд дорад, ки зиёд будани шумораи одамон раванди корро метезонад ва маҳсули кори ҳар як нафар зиёд мешавад. Аммо таҷрибаҳо нишон медиҳад, ки ин ақида на ҳама вақт дуруст аст. Мувофиқи натиҷаи тадқиқотҳо одамон дар кори гурӯҳӣ нисбат ба кори мустақилона қувваи кам сарф мекунанд. Онҳо фикр доранд, ки ҳарчанд зиёд кор ҳам кунанд, ба назари одамон наменамояд, кори гурӯҳ дониста мешавад ва баъдан, дар гурӯҳ кӯшиши ками онҳо айён намегардад. Ин ҳодисаро бепарвоии иҷтимоӣ меноманд. Масалан, деҳқонон нисбати хоҷагиҳои коллективӣ дар хоҷагии деҳқонии шахсии худ қувваи бештар сарф мекунанд. Дар доираи бепарвоии иҷтимоӣ ҳодисаи дигареро бо номи дилеммаи иҷтимоӣ шарҳ дода мумкин аст. Дилеммаи иҷтимоӣ ҳолатест, ки аъзои гурӯҳ ба зиддияти байни ба таври пурра қонеъ гардонидани талаботҳои шахсӣ ва пурра беҳтар намудани накӯаҳволии коллективӣ гирифтор мегардад. Яъне ҳар як шахс мехоҳад аз гурӯҳ максимум фоида гирад. Мувофиқи ин назария дар коллектив ҳатман ягон нафаре пайдо мешавад, ки барои накуаҳволии коллектив манфиатҳои шахсии худро қурбон менамояд ва саҳми Шумо лозим намегардад. Агар шахс боварӣ дошта бошад, ки ҳамаи аъзоёни гурӯҳ дар ин ё намуди фаъолият фоидаи баробар ба даст меоранд, ҳамон қадар майлашон ба манфиатҳои эгоистӣ кам мегардад. Баъдан, назорати иҷтимоӣ ва аз тарафи ҷамъият маҳкум гардидани одамоне, ки доим аз пайи манфиат мегарданд, боиси амал намудани аъзоён ба манфиати коллектив мегардад. Сабаби дигаре, ки аъзои гурӯҳро барои амал намудан ба манфиати коллектив водор менамояд - ин тафаккури коллективӣ мебошад. Тафаккури коллективӣ – раванди баровардани қарорҳои гурӯҳӣ мебошад, барои нигоҳ доштани ҳамкориҳои гурӯҳӣ нигаронида шудааст ва аксарияти аъзоёни гурӯҳ ба дурустии ин фикри худ боварӣ дорад. Тафаккури шаклгирифтаи коллективӣ, ки аксарияти аъзоёни гурӯҳ дастгирӣ мекунанд, ба дигар аъзоёни ба ин ақида норозӣ фишор меорад ва таъсир мерасонад. Ақидае, ки аз тарафи аксарият дастгирӣ меёбад, дигаронро низ ба худ ҷалб мекунад, ҳарчанд аз таҳти дил ба он боварӣ надошта бошанд ҳам. Ҳангоме, ки шахс пурра ба гурӯҳ вобастааст, барои нигоҳдошти ҷойи худ дар гурӯҳ хоҳу нохоҳ ақидаҳои шахсии худро қурбони ақидаҳои коллективӣ мекунад ё ноогоҳона аз ин андешаҳо пайгирӣ менамояд . 


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив