Истиқлол орзую армони чандинасраи миллати кӯҳанбунёд, соҳибтамаддун ва сарбаланди тоҷик буд. 9 – уми сентябри соли 1991 дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон кардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд. Чархи таърих миллати бошарафи тоҷикро баъди ҳазор сол аз нав соҳиби давлати мустақил гардонд.
Бо шарофати Истиқлол Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби рамзҳои давлати мустақил: Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ гардид. Акнун имкон фароҳам омад, ки ба таърихи пурғановат ва қадимии худ амиқтар ва бо нигоҳи нав нигариста, арзишҳои фарҳангӣ, ғоявӣ ва давлатдории ниёгонро барои таҳкими ватандӯстӣ, худшиносӣ, баланд бардоштани сатҳи ифтихори миллии мардум ва тақвияти пояҳои давлатдории Ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон васеъ истифода барем.
Ҷашни Истиқлол муборак!
Мавзуҳои монанд:
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни "География" (шифоҳӣ) қисми I аз 1 то 20 саволнома
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни География (шифоҳӣ) қисми II аз 20 то 35 саволнома
- Азнавсозӣ дар Тоҷикистон
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни Таърихи халқи тоҷик қисми II аз 15 то 30 саволнома
- Заминаҳои ташаккулёбии фарҳанги ҳуқуқии наврасон
Комментарии (0)