Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз!


Падару бобоёни мо такрор ба такрор мегуфтанд, ки агар дар ҷавонӣ пиронро ҳурмату эҳтиром намоӣ дар дами пирӣ соҳибиззату соҳибэҳтиром хоҳӣ шуд. Дар ин бобат шоир гуфтааст:

Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз,

То азизи дигарон бошӣ ту низ.

Ҳар як шахси боодоб хоҳ хеш бошаду хоҳ дарвеш пиронро бояд ҳурмату эҳтиром намоем, бо суханони неку муомилаи нек дили онҳоро ба даст орем. Дар бобати ҳамин масъала мехостам андешаи худамро баён намоям.

Пирон чун боғбони маърифат аз панди рӯзгор баҳраваранд, таҷрибаи бои зиндагӣ доранд, ба ҳар яки мову шумо маслиҳатҳои хуб медиҳанд. Ҳурмат накардани пирон камоли нодонист. Пирон чун шамъ ба дилҳо равшанӣ мебахшанд. Пирон, ки аз таҷрибаи рӯзгор баҳраваранд, ҳаргиз барои мо амали носазоро талқин намекунанд:

Пирони куҳан аз таҷриба гӯянд сухан,

Некӣ бикунанд, таҷриба бо худ набаранд.

Оре, ҳар як кори неку сухани нек аз як кас ба каси дигар ва аз як насл ба нали дигар мегузарад.

Дар урфият мегӯянд, ки дуои пиронро гирӣ – бехи умрат сабз мешавад, яъне ба ҷо овардани ҳурмат, бо амали шоиста шод кардани хотири онҳо қарзи фарзандии мост. Ёд дорам, ки ҳар вақте ки навниҳоли ҳавлиамон бори аввал ҳосил мекард, албатта, меваашро ба шахсони калонсол медодем.То ин ки ҳосилаш фаровон шавд ба дарахти азиме мубаддал гардад. Одати дигар, кӯдаки навзодро ба дасти калонсолон медиҳанд, то ки ӯ ҳам умри дароз бинад. Хислати дигари хуби тоҷикон – пурсидани иҷозат ва дуои неки пирон пеш аз оғози кор, сафари роҳи дур аст. Пирони рӯзгордида даст бар дуо бардошта, умри дарозу ризқи фаровонро ва бахту саодатро орзу мекунанд.

Мутаасифона ахлоқи ҷавонон имрӯз коста гардидааст, дар байни мо ҷавононе вомехӯранд, ки иззату эҳтироми калонсолонро ба ҷо намеоранд. Дар муомила бо онҳо дуруштӣ мекунанд, суханҳои беодобона мегӯянд, салом доданро фаромӯш мекунанд. Дар айёми пирӣ дили инсонҳои калонсол нозук мешаванд.

Бо вуҷуди ҳамаи ин пирони рӯзгордида ҳамеша даст бар дуо мегиранд: -Илоҳо барака ёбед, хока гиред, зар шавад. Аз ин суханҳо ман ба чунин хулоса омадам, ки пирон пастиву баландии рӯзгорро дидаанд. “То пир нест, тадбир нест” – мегӯяд дар зарбулмасали халқӣ.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив