
Имрӯз мо бояд аз он ифтихор дошта бошем, ки кишвари мо дар радифи Ҷумҳурии Қирғизистон дар Осиёи Миёна дорои манбаъҳои фаровони оби соф ҳастанд. Пиряхҳои кишвар сарвати бебаҳо ва фаровони дарёҳои Ватанӣ моанд. Бесабаб нест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар конференсияи 29 декабри соли 2009 дар шаҳри Копенгаген доиршуда пешниҳод намуд, то дар мавриди ҳифзи пиряхҳо дар назди Созмони Миллали Муттаҳид як ниҳоди босалоҳият таъсис дода шавад. Чунки манбаъ ба воситаи захираҳои обҳои дарё, маҳз пиряхҳо мебошанд. Хушбахтона, мо пиряху кӯлҳои бешуморе дорем, ки онҳо фаровонии дарёҳои кишвари моро таъмин карда метавонанд. Вале ин фаровонии об маънии исрофи ин неъмати худододро надорад.
Ҳамон тавре ки Президенти кишварамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд «Мо бояд захираҳои оби худро маҳфуз дорем ва идоракунии пурсамари онҳоро омӯзем, то ки оянда сатҳи таъминот ва дастрасии инсоният ба оби тоза ва ташкили зиндагӣ аз рӯйи меъёрҳои санитарӣ баланд бардошта шавад».
Комментарии (0)