Дониш гавҳари ноёб


Дар деҳа Эргашу Пӯлод бо ҳамроҳии модарашон зиндагӣ мекарданд. Онҳо аз падар ятим монда буданд. Модар ҳамеша ғами фарзандонашро хӯрда, бо худ андеша мекард, фарзандонамро хононданам лозим аст. Аз модаркалонашон як ангуштарин мерос монда буд. Ангуштаринро фурӯхта, модар ба фарзандон сару либос мехарад. Эршагу Пӯлод дар мактаб бо баҳои аъло мехонданд. Баъд аз ба охиррасии дарс бародарон бо маслиҳат ба кори шахсӣ рафта, кам – кам маблағ ба даст меоваранд, пулҳояшонро оқилона тақсим мекунанд. Як қисми аввалашро ба мактаб, қисми дуюмашро ба модарашон ва қисми саввумашро ба рӯзгорашон сарф мекарданд. Ҳар дуйи онҳо бо таҳсилу меҳнат фаъолтарини синф шуданд. Дониши онҳо аз дигар ҳамсинфонашон фарқ мекард. Супоришҳои муаллимонро бо ҷону дил ба ҷо меоварданд. Модарашон ҳам аз кору рафтори фарзандонашон хеле шод буд. Ниҳоят Эргашу Пӯлод мактабро бо ифтихорномаҳо хатм карда, ба донишгоҳ дохил мешаванд. Онҳо донишгоҳро бо баҳои аъло тамом карда, соҳиби касб мегарданд. Онҳо дар байни мардум обрӯ пайдо карданд. Зиндагиашон ҳам рафта – рафта ба хубӣ ранги дигар мегирифт. Дигарон ба кору рафтори бародарон ҳавас бурда, орзу мекарданд, ки фарзандонашон чун Эргашу Пӯлод ба воя расанд. 
Чӣ қадаре, ки одам хуб хонаду меҳнат кунад, оқибат Худои муттаол роҳаташро мерасонад. Зеро, илм ҷамъиятро пеш мебарад, фикри одамиро равшанӣ мебахшад, эътибори касро баланд мегардонад.

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив