Вазифаи асосии мудофиаи граждани то солохои 80-ум мухофизати ахолии аз зарбахои восита, яроки катли ом буд. Дар солхои охир бошад, дар натичаи хамдигарфахмии рохбарони давлатхои пуриктидор, хатари яроки катли ом камтар шуд. Лекин хатари офатхои табии, садама ва фалокатхо боки монда буд ва мемонад. Гарчанде илму техника таракки ёфта бошад хам, хануз хам мо дар назди табиат ва куввахои фочиаовари он очизем. Барои бархам додани окибатхои офатхои табии, садама ва фалокатхо як ташкилоти дорои кувва ва воситахое, ки тавонад то як андоза дар кутохтарин муддат ин окибатхоро бартараф кунад, ва ахолии кумаки аввалиндарача расонад ва корхои начотдихи кумакрасони ба як шакли муташакилона анчом ёбад. 17-уми августи соли 1994 бо карори Хукумат тахти № 400 Ситоди мудофиаи граждании Чумхурии Точикистон ба Кумита оид ба холатхои фавкулодда ва корхои мудофиаи граждании Чумхурии Точикистон таъсис дода шуд. 2-юми июли соли 1999 мувофики карори Хукумати Чумхурии Точикистон ба Вазорати холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании Чумхурии Точикистон табдил дода шуд. Мувофики фармони Президенти Чумхурии Точикистон аз 30-юми ноябри соли 2006 тахти № 9 Вазорати холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании Чумхурии Точикистон ба Кумитаи холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон табдил дода шуд.
Дар сессияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 4 ноябри соли 1995 шуда гузашт, Қонун «Дар бораи мудофиаи гражданӣ» қабул карда шуд ва 28 феврали соли 2004 дар Сессияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни мазкур тағйироту иловаҳо ворид карда шуда, таҳти № 6 ба имзо расид. Қонуни мазкур вазифаҳо, асосҳои ҳуқуқии ташкил ва ба роҳ мондани мудофиаи гражданиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, салоҳияти мақомоти Ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо сарфи назар аз шакли ташкили ва ҳуқуқиашон, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон, инчунин қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданиро дар соҳаи мудофиаи гражданӣ муайян менамояд.
Дар моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ» мафҳуми мудофиаи гражданӣ ба тариқи зайл нишон дода шудааст:
МУДОФИАИ ГРАЖДАНӣ – маҷмӯи чорабиниҳои умумидавлатии мудофиавӣ ва муҳофизатие мебошад, ки баҳри ҳимояи аҳоли, иқтисодиёт ва қаламрави Тоҷикистон то оғоз ва ҳангоми сар задани амалиётҳои ҷангӣ равона шудаанд.
Мудофиаи гражданӣ ҷузъи асосии сохтори дифои ва унсури амнияти милли мебошад. Дар шароитҳои осоишта қувва ва имконоти техникии мудофиаи гражданӣ барои гузаронидани корҳои наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазир, ки дар натиҷаи офатҳои табии, фалокатҳо, садама ба амал меоянд, истифода бурда мешаванд.
Барои ташкили кор оиди аз байн бурдани оқибатҳои офатҳои табии, садамаю фалокатҳо, таъмини омодагии доими, барои шахсони мутассади ва барои органҳои роҳбари ва қувваҳои мавҷуда барои гузаронидани чунин корҳо, инчунин барои назорат аз рӯи тадбирҳои коркардашуда ва гузаронидани он барои пешгирии ҳолатҳои фавқулодда дар шароити осоишта комиссияҳои давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда таъсис дода мешавад.
Барои минбаъд ва инкишоф додани мудофиаи гражданӣ аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагии калон дорад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ваколатҳояшон масъуланд, ки барои таъмини мудофиаи гражданӣ, ҳаҷми хароҷоти бюҷдет, ки барои мудофиаи гражданӣ ҷудо карда мешавад, тасдиқ намоянд.
Самти асосии ҳамкориро бо давллатҳои муштаракул манофеъ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ муайян намоянд, дар парлумон қарордодҳои байнидавлатӣ ва молиявиро тасдиқ намоянд.
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармонҳо, қарори Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи гузаронидани мудофиаи гражданӣ аз ҳолати осоишта ба замони ҷанг, оиди ҷорӣ намудани ҳолатҳои фавқулодда ҳангоми сар задани офатҳои табии, садама, фалокат ва паҳншавии касалиҳои сирояткунанда тасдиқ мекунад.
Навигация:
Maktab.tj » Маълумотхо » Талаботҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди такмили соҳаи мудофиаи гражданӣ
-
Меҳри модар
13-01-2021 0 253 096 -
Дониш андар дил чароғи равшан аст…
26-01-2021 0 126 555 -
Китоб манбаи дониш
06-02-2021 0 121 958 -
Шараф аз меҳнат аст
24-09-2021 1 114 372 -
Дӯстӣ
07-01-2021 0 110 364
-
Моддахои захираги ва партави растанихо
18-02-2024 1 6 314 -
Органоидҳои ҳуҷайраи растанӣ
18-02-2024 0 1 821 -
Хусусиятхои хоси сохти хучайраи растани ва гуногуни он. Сохти субмикроскопии ситоплазма ва таркиби кимёви
16-02-2024 0 1 136 -
Маълумоти умумӣ оид ба ҳуҷайра ва назарияи ҳуҷайра
01-02-2024 0 2 106 -
Таърихи мухтасари фанни ботаника
01-02-2024 0 1 796
-
Китоби Ботаника синфи 5
08-02-2021 5 16 749 -
Русский язык 4 синф
08-02-2021 4 7 126 -
Адабиёти тоҷик 5 (2 қисм)
08-02-2021 3 10 497 -
Чистонҳо
14-10-2021 2 47 920 -
Ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд
14-08-2021 2 6 444
Календарь
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Опросы
Что не хватает сайту?
Последние комментарии
Панду ахлоқ дар ашъори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
Ҳусноро, 06 ноябрь 2024 20:28
[spoiler][/spoiler]Чун теғ ба даст дори мардуми натавон кушт Наздики худованд бади нест фаромӯш Ин теғ на аз баҳри ситам Комрон
Комментарии (0)