Барои бурдани корҳои наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазир қувваҳои мудофиаи гражданӣ мавҷӯданд, ки онҳо қувваҳои ҳарбии мудофиаи гражданӣ ва қувваҳои ғайриҳарбиро дар бар мегиранд.
Қувваҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми қувваҳои мудофиаи граждании Ҷумхурии Тоҷикистон мебошанд. Онҳо барои гузаронидани корҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои бетаъхир дар объектҳои муҳими иқтисодӣ ва баҳри таъмини воридшави ба минтақаҳои бартарафсозии оқибатҳои офатхои табии, садамаҳои калон ва фалокатҳо ташкил карда шудаанд.
Қувваҳои ҳарбии МГ барои иҷрои амалҳои зерин вазифадоранд:
- бурдани корҳои иктишофии умумӣ ва махсус дар манбаъҳои сӯхтор;
- бурдани корҳои наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои бетаъхир дар ноҳияҳои рӯйдоди ҲВ ва ҳамчунин қувваҳои ҳақиқии КҲФ ва МГ мебошанд.
Вазифаҳои худро онҳо метавонанд худ ва дар ҳамкорӣ бо қувваҳои ҳарбии Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохила, дастаҳои ғайрихарбии иншоотхои хоҷагии халқ иҷро намуда, ба фармондеҳи қувваҳои КҲФ ва МГ ва сардори марказҳои минтақавии мавзеъи ҷойгиршуда итоат менамоянд.
Ҳаҷми калони корҳо, ки аз ҷониби мудофиаи гражданӣ дар замони
осоишта ва ҷангӣ анҷом дода мешаванд, тақозо мекунад, ки шумораи зиёди қувваҳои мудофиаи гражданӣ таъминоташон гуногун таъсис дода шуда, дар ҳолати омодагии доими нигоҳ дошта шаванд.
Дар бораи қувваҳои асосии мудофиаи гражданӣ дар моддаи 16-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи граждани» нишон дода шудааст. Яке аз ин қувваҳо неруҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ ба ҳисоб мераванд, ки ин қувваҳо дар тамоми корхонаю ташкилотҳо новобаста аз шакли моликияташон бояд таъсис дода шавад.
Нерӯҳои ғайриҳарбии МГ ҷузъу томхои таркибӣ буда, нисбат ба шумораи қувваҳои ҳарбии МГ зиёдтар мебошанд.
Нерӯҳои ғайриҳарбии МГ аз рӯи ғояи ҳудудию истеҳсолӣ, новобаста аз тобеъияти идоравӣ ва шакли моликият таъсис дода мешаванд. Базаи бунёди чунин гуруххо иншоотхои иқтисодӣ, ҳайати шахсии онҳо ва базаи моддии онҳо ба ҳисоб меравад.
Вазифаҳои асосии нерухои ғайриҳарбӣ инҳо мебошанд:
- гузаронидани корҳои наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои бетаъхир дар
рафти бартарафсозии оқибатҳои ҲФ дар замони осоишта ва ҷангӣ.
Нерӯҳои ғайриҳарбии МГ аз отрядҳо, командаҳо, гурӯҳҳо, бригадаҳо, друҷинаҳо ва звеноҳои таъиноти гуногун таркиб ёфтаанд.
Неруҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ дар моддаи 18-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода мешавад, ки ба он шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мардҳо аз сини 18 то 63 сола ва занҳо аз сини 18 то 58 сола дохил мешаванд.
Ҳамаи гуруххо аз рӯи таъинот ва тобеъият тақсим мешаванд. Аз рӯи таъинот нерухои ғайрихарбӣ ба дастаҳои таъиноти умумӣ ва таъиноти махсус ҷудо мешаванд.
Дастаҳои таъиноти умумӣ барои гузаронидани корҳои наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои бетаъхир дар манбаъҳои зарар ва минтақаҳои ҲФ таъсис шудаанд.
Ба онҳо отрядҳои умумӣ, (командаҳо, гурӯҳҳо) отрядҳои умумии корҳои механиконидашуда, отрядҳои сайёри ҳимояи махсус, дастаҳои наҷотдиҳӣ дохил мешаванд.
Дастаҳои дуюм барои иҷрои чорабиниҳои махсус ҳангоми гузаронидани корхои начотдихи ва дигар корхои таъхирнопазир, пурзӯрсозии дастаҳои таъиноти умумӣ ва таъиноти ҳаматарафаи фаъолияти онҳо ҳангоми иҷрои вазифаҳо дар манбаъҳои зарар ва минтақаҳои ҲФ таъин шудаанд.
Моддаи 24. Таъминоти моддию техникии эхтиёчоти мудофиаи граждани Таъминоти моддию техникии халли вазифахои мудофиаи граждани аз хисоби воситахое, ки барои маблаггузории чорабинихои мудофиаи граждани, нигохдории ѕисмхои харби, чузъу томхо, макомоти идоракунанда ва дигар муассисахои мудофиаи граждани чудо карда мешаванд, сурат мегирад.
Барои таъмини макомоти идора, нерӯхои гайрихарбии мудофиаи граждани, кормандон, хизматчиёни ташкилотхо ва ахоли бо амволи мудофиаи граждани дар вилоятхо, шахру нохияхо, манбаъхои эхтиёти ва дар ташкилотхо бошад, захирахои эхтиётии ин воситахо ташкил карда мешаванд.
Номгӯй, хачм, тартиб ва мӯхлати чамъоварии манбаъхо ва захирахои эхтиётии ин воситахо, инчунин тартиби истифодаи онхо аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.
Навигация:
Maktab.tj » Маълумотхо » Ташкили қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ.Таъминоти моддӣ-техникии чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ

-
Меҳри модар
13-01-2021 0 169 962 -
Дониш андар дил чароғи равшан аст…
26-01-2021 1 80 797 -
Китоб манбаи дониш
06-02-2021 0 71 251 -
Адаб ҳусни инсон аст
19-01-2021 0 61 484 -
Баҳор
08-01-2021 0 58 433
-
Бемории забон
03-10-2023 0 105 -
Баҳодиҳи аз рӯйи ҷадвали Апгар
03-10-2023 0 35 -
Аҳамияти протези муқимӣ
03-10-2023 0 75 -
Асосҳои варзиши муолиҷавӣ
03-10-2023 0 66 -
Анатомияи узвҳои ҷинсии занона
03-10-2023 0 41
-
Китоби Ботаника синфи 5
08-02-2021 3 10 779 -
Ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд
14-08-2021 2 4 626 -
Адабиёти тоҷик 5 (2 қисм)
08-02-2021 2 6 805 -
Русский язык 4 синф
08-02-2021 2 4 543 -
Мактаб – макони илму маърифат
27-01-2021 2 26 674
Опросы
Что не хватает сайту?
Последние комментарии

Табрикот «Зодрӯз муборак!»
Нодира, 24 август 2023 07:01
табрик мекунам шумоя янгаҷон Илоҳинам умри дароз Худованд Тият шумода!

Адабиёти тоҷик 5 синф
Marina, 14 июнь 2023 12:39
mariposamarici@gmail.com Я хочу читать эту книгу потому что интересные стихи
Комментарии (0)