Сохтор, вазифаҳо ва системаи идоракунии мудофиаи гражданӣ


Мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷузъи таркибии системаи чорабиниҳои мудофиавии умумидавлатӣ, ки дар замони осоишта баҳри ҳимояи аҳолӣ ва хоҷагии халқи мамлакат аз яроқи қатли ом ва дигар воситаҳои замонавии ҳуҷуми душман, инчунин барои гузаронидани корҳои наҷотдиҳӣ ва амалҳои бетаъхири садамавию барқарорсозӣ дар манбаҳои зарар ва минтақаҳои офатҳои табии ба ҳисоб меравад.
Мудофиаи граждани мавҷудияти худро дар ҳамкорӣ бо қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ амалӣ менамояд. Мудофиаи гаҷдани дар баробари гузаронидани чорабиниҳои мудофиавӣ, бояд таъсироти камтарини яроқи душманро дар ҳолати истифодаи он дар шаҳрҳо, корхонаҳои саноатӣ, нуқтаҳои роҳи оҳан ва дигар объектҳои муҳим, таъмин намояд.
Таҷрибаи омӯзишҳои зиёди мудофиаи гражданӣ, ки дар иншоотҳои гуногуни хоҷагии халқ гузаронида шудаанд, ва натиҷаҳои тадқиқотҳои илмӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар ҳолати нағз ба роҳ мондани МГ, қобилияти амалисозии маҷмӯи чорабиниҳо дар самти ҳифзи аҳолӣ ва иншоотхои иктисоди имкон фароҳам меоранд, ки ба паст кардани оқибатҳои ҳалокатбори аз тарафи душман истифода шудани яроқи қатлии ом, ноил гардем.
Сохтори ташкилдиҳии мудофиаи гражданӣ дар асоси вазифаҳои сиёсӣ, умумидавлатӣ таъсис мегарданд. Фаъолияти амалии мудофиаи гражданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрҳо, ноҳияҳо, ташкилотҳо бояд таҳти роҳбарии Ҳукуматҳои шаҳру ноҳия, инчунин макомотҳои роҳбарикунанда амалӣ карда шавад. Мудофиаи гражданӣ дар асоси принсипҳои маҳаллӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд гардидаанд. Принсипи зикркардашуда, яъне ташкили маҳаллӣ маънои онро дорад, ки новобаста аз шакли моликияташон ва тобеъияти ташкилии мудофиаи гражданӣ корхонаю ташкилотҳо ба он дохил мешаванд. Масъулияти мудофиаи гражданӣ дар тамоми сохторҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳо ба салоҳияти роҳбарон вогузор карда мешавад. 
Қобили қайд аст, ки баъд аз ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ» аз 28 феврали соли 2004 тағиротҳои зиёде ба қонун илова гаштанд, ки яке аз ин тағиротҳо он аст, ки дар тамоми ҷойҳо: Вазорату кумитаҳо, корхонаю ташкилотҳо ва умуман дар сатҳи ҷумҳуриявӣ шахси якум (роҳбар) ба ҳайси «Сардори мудофиаи гражданӣ» қабул карда шудааст.
  1. Сардори мудофиаи гражданӣ барои додани маълумот оиди мудофиаи гражданӣ ва барои ташкили мудофиаи гражданӣ дар корхонаю ташкилотҳо ва омода намудани қувваю воситаҳои он баҳри иҷрои корҳои наҷотдиҳӣ ва дигар амалиётҳое, ки иҷрояшон ҳатмист, масъул мебошад.
  2. Муовини сардори мудофиаи гражданӣ оид ба масъалаҳои умумӣ дар тамоми корхонаю ташкилотҳо ба ҳайси раиси комиссияи эвакуатсионӣ мутасадди шуда, нақшаи ҷобаҷогузории коргарон, хизматчиён ва оилаҳои онхоро дар давраи осоишта ба нақша гирифта, интиқоли одамонро ба минтақаҳои берун аз шаҳрӣ ва тайёр намудани ҷойҳоро ба зимма дорад.
  3. Сардори ситоди корхона. Ба ин вазифа мувофиқи тартиб яке аз муовинон ё котиби масъули корхона ё дигар намоянда таъин шуда, тамоми фаъолияти корро оид ба пешбурди соҳаи мудофиаи гражданӣ ба ӯҳда дорад. Тамоми лоиҳаҳои фармону қарорҳоро санҷида, ташкил менамояд ва барои тасдиқ ба сардори мудофиаи гражданӣ пешниҳод менамояд. Дар баробари ин роҳбари бевоситаи тамоми ҳайати шахсӣ дар корхонаю ташкилотҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ба ҳисоб меравад.
Дар тамоми ҷойҳо ин дараҷаи шахсони мутасаддӣ вазифадор ҳастанд, ки кори мудофиаи гражданиро ба ҷо монанд. Вобаста ба ташкилии корхонаю ташкилотҳо дар ҳудуди ноҳияҳо, шаҳру вилоятҳо хадамотҳои мудофиаи гражданӣ низ ба ин сохтор дохил карда мешаванд.
Мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон чунон созмон дода шудааст, ки амалисозии чорабиниҳои муҳофизатӣ дар ҳама ҳолатҳои зарурӣ бе таваққуф ва дар ҳаҷми зарурӣ дар вобастагӣ аз вазъ гузаронида мешаванд.    
Ҳамин тавр дар давраи имрӯза ба дӯши мудофиаи гражданӣ чунин вазифаҳо гузошта шудаанд: (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ» моддаи 3)
  • Пешаки дар замони осоишта ба нақша гирифтан ва гузаронидани чорабиниҳои МГ оид ба омода сохтани аҳолӣ ва қаламрави Тоҷикистон баҳри ҳимоя ҳангоми сар задани амалиётҳои ҷангӣ ва баланд бардоштани усутувории фаъолияти соҳаҳои иқтисодиёт дар замони ҷанг.
  • Таъсис додан ва дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доштани мақомотҳои идора, қувва ва воситаҳои МГ, системаи идора, алоқа ва огоҳкунӣ, барои иҷрои вазифаҳо дар замони ҷанг.
  • Ташкил, омода сохтан ва дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доштани қисмҳои ҳарби ва ҷузъу томҳои зудамали қӯшунҳои мудофиаи гражданӣ, сохторҳои наҷотдиҳӣ ва неруҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ баҳри иҷрои вазифаҳо оид ба ҳифзи аҳолӣ, иқтисодиёт ва ҳудуди Тоҷикистон дар замони ҷанг.
  • Ташкили захриаҳои эҳтиётии сафарбарсозии амволи махсуси мудофиаи гражданӣ.
  • Ташкили фонди зарурии иншоотҳои муҳофизатии (паноҳгоҳҳо) мудофиаи гражданӣ.
  • Ташкили захираҳои эҳтиётии озуқа ва доруворӣ.
  • Ташкили тайёрии ҳайати роҳбарикунанда ва фармондехӣ-сардорони мақомоти идора ва қувваҳои мудофиаи гражданӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳояшон дар замони ҷанг.
  • Ташкили омӯзиши аҳолӣ оид ба мудофиаи гражданӣ.
  • Анҷом додани назорати давлатӣ ба риоя намудани талаботҳои муҳандисӣ-техникии мудофиаи гражданӣ ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои сохтмони иншоотҳо, биноҳои маъмурӣ, истиқоматӣ ва ба истифода додани онҳо.
  • Ташкили шабакаҳои дидбонӣ ва назорати лаборатории мудофиаи гражданӣ.
  • Сари вақт огоҳонидани аҳолӣ аз таҳдиди сар задани амалиётҳои ҷангӣ, хатари ҳавоӣ. Радиатсионӣ, кимиёвӣ, биологӣ (бактереологӣ) ва хатари дигар.
  • Ҷойгиронӣва эвакуатсияи аҳолӣ аз шаҳрҳои ба гурӯҳи мудофиаи гражданӣ мансубдонисташуда ва дигар маҳалҳои аҳолинишини дорои иншоотҳои махсусан муҳим, инчунин аз минтақаҳои таҳти таҳдиди зериобмонӣ қарордошта ва ноҳияҳои наздисарҳадӣ ба маҳалҳои бехатар.
  • Ташкили паноҳ намудани аҳолӣ дар иншоотҳои муҳофизатӣ ва таъмини онҳо бо воситаҳои ҳифзи инфиродӣ ва доруворӣ.
  • Гузаронидани чорабиниҳои рӯшноипинҳонкунӣ дар маҳалхои аҳолинишин ва иншоотҳои иқтисодиёт.
  • Анҷом додани корҳои наҷотдиҳӣ ва таъхирнопазир.
  • Таъминоти аавалиндараҷаи аҳолии дар натиҷаи амалиётхои ҷанги зарардида аз он ҷумла ба хизматрасонии ҳамчунин расонидани ёрии аввалиндараҷаи тибби, таъминот ба ҷои зист ва дидани чораҳои дигари зарури.
  • Мубориза бар зидди сӯхторҳое, ки адр натиҷаи амалиётҳои ҷангӣ ба вқӯъ меоянд.
  • Муайян намудан ва нишон додани маҳалҳое, ки дучори заҳролудшавии радиоактивӣ, кимиёвӣ, биологӣ ва дигарҳо гаштаанд.
  • Безараргардонии аҳолӣ, техника,биноҳо,ҳудуд ва гузаронидани чорабиниҳои дигари зарурӣ.
  • Барқарор кардан ва нигоҳ доштани тартибот дар маҳалҳое, ки дар натиҷаи амалиётҳои ҷангӣ зарар дидаанд.
  • Таъмини фаъолияти хадамоти мудофиаи гражданӣ дар замони ҷангӣ.
  • Дафн намудани ҷасадҳо ҳангоми ҷанг.
  • Таҳия ва амали намудани чораҳо баҳри нигоҳ доштани иншоотҳое, ки барои фаъолияти устувории иқтисодиёт ва зисту зиндагонии аҳолӣ, ки дар ҳолати ҷанги заруранд.
  • Таъмини омодагии доимии қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ. 
Роҳбарӣ ва идораи мудофиаи гражданиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ месозад.
Ҷорабиниҳои мудофиаи гражданӣ ҳамчун унсури қобилияти мудофиавӣ, аз рӯи нақшаи ягона, мақсаду мароми ягона амалӣ карда мешаванд. Аммо ин шарт на он маъноеро дорад, ки мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар амалиётҳои мудофиавӣ яктарафа мемонанд, балки ба онҳо вазифаи ҷавобгарӣ барои омодагии саривақт ва саривақт иҷро намудани чораҳои аз тарафи мақомоти идораи марказӣ пешниҳодшуда, вогузор шудааст.
Мақомоти идоракунии МГ дар сатҳи Ҷумҳурӣ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳолатҳои фавқулода ва бартарафсозии оқибатҳои онҳо низ ба ин мақомот вогузор карда шудааст. Бо мақсади самаронокӣ ва идораи оперативии МГ дар ҳудудҳо дар сохтори сарситоди КҲФ ва МГ ба се ситоди вилоятӣ, ду минтақавӣ, инчунин ситодҳои МГ - и ноҳиявӣ ҷудо карда шудаанд. Инчунин ситоди шаҳри Душанбе амал менамояд.

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив