Одоб ҳусн аст


Одоб хусни инсон астЯке аз аломатҳои ҳусни инсон одоб аст. “Ҳусн ҳусн нест, одоб ҳусн аст”, – мегӯяд зарбулмасали халқӣ. Беҳуда нест, ки бузургони адабиёти классикӣ дар асарҳои худ ба масъалаи одобу ахлоқ диққати махсус додаанд. Бадриддини Ҳилолӣ гуфтааст, ки адаб феълу атвори касро зиннат медиҳад, ба дил осудагӣ меоварад ва зиндагиро осон мекунад, ҳусну камолоти одамро нишон медиҳад:

Адаб ороиши афъол бошад,

Адаб ороиши аҳвол бошад.

Фурӯғи зоҳир аз осоиши ӯст

Фароғи ботин аз осоиши ӯст.

Дар замони мо низ масъалаи одобу ахлоқи ҷавонон, масъалаи тарбияи онҳо аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Олими рус М. И. Калинин гуфта буд: “Мафҳуми маданиятнокӣ хеле васеъ аст, аз шустушӯ сар карда то нукттаҳои охирини таффаккури инсониро дар бар мегирад”. Дар бобати одоб ман гуфтан мехоҳам, ки баъзан бо касоне во мехӯрем, ки соҳиб маълумот ҳастанд, аммо бе маданиятанд. Одамоне дучор мешаванд, ки ба дигарон айб монда гаштанро дӯст медоранд, кӯшиш мекунанд, ки дар атрофиёнашон, пеш аз ҳама айберо бинанду ёбанд. Дар ин хусус ба дигарон хабар додан ба онҳо касб шуда мондааст .

Инсоншиноси бузург Саъдии Шерозӣ бе сабаб таъкид накардааст, ки айби дигаронро ба назди ту омада мегӯяд бегумон айби туро назди дигарон мебарад :

Ҳар ки айби дигарон пеши ту оварду шумурд,

Бегумон айби ту назди дигарон хоҳад бурд.

Яке аз зуҳуроти оддитарини бомаданият будани одам ҳалиму хушмуомилагии ӯ мебошад.

Ба нармӣ чу гардан ниҳад рӯзгор,

Дуруштию гармӣ наёяд ба кор.

Ба нармӣ барорад басе чиз мард,

Ки он бар наёяд ба ҷангу набард, гуфтааст Абӯшакури Балхӣ .

Аз ин навиштаҳо ман ба хулосае меоям, ки одоб гавҳари ноёб аст, ки барои инсоният чун обу ҳаво зарур аст.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив