Чӣ гуна доғи падарро ба боғи падар табдил диҳем?


Падар - эссеПадар бузугтарин ва меҳрубонтарин шахс дар ҳаёти мост. Падар ин нур ва соябони ҳар як хонадон аст. Мо бояд падари худро иззату эҳтиром кунем ва нагузорем, ки он кас ғамгин шаванд. Дар баъзе оилаҳо дар баробари фарзандони хубу ботарбия фарзандоне ҳам ҳастанд, ки бо рафтори бад, хислатҳои разил барои падару модар чун доғ гаштаанд. Лек онҳо набояд чунин кунанд, зеро падар моро бо фазилатҳои зиёд, шабу рӯз меҳнат карда, ба воя мерасонад. Ӯ дар дил орзу дорад, ки фарзандаш дар оянда шахси бузург шуда, ба халқу ватани худ содиқона хизмат мекунад. Мо набояд ба рӯйи орзуҳои ӯ хок пошем. Падар дар ҳар хондон азизу раҳбар аст. Чихеле ки шоири бузург мегӯяд:

Падар тоҷи сарам ҳастӣ,

Ягона гавҳарам ҳастӣ.

Дар ин дунё барои ман,

Азизу раҳбарам ҳастӣ .

Фарзанди бад доғи падар аст, вале ӯ хислатҳои бади худро партофта ба суханҳои падар ва калонсолон гӯш кунад, метавонад боғи падар шавад. Шахсоне ҳастанд, ки ба падар дӯғу даранг карда, ӯро дашном медиҳанд, меҳру муҳаббати падаро қадр намекунанд. Шахсоне низ ҳастанд, ки падарро надидаанд ва меҳру муҳаббати падарро надоранд. Ман ҳам чинин фарзандам, ки дар синни 13 – солагӣ аз падар маҳрум шудаам ва мехоҳам, ақаллан як маротиба ӯро дида ба оғӯш гирам ва ҳамаи дарди дили худро ба ӯ гӯям. Афсӯс, ки дигар ӯро намебинам. Агар Падарам дар олам мебуданд ман ба он кас доғ не, боғ мешудам ва дар ҳама маврид сари ӯро ба осмон мебардоштам: Падарам шаҳсутуни хонаи ман, дару дарвозаи кошонаи ман. Ман аз ин матни навиштаи худ ба хулосае омадам, ки падар дар ҳаёти ман шахси бебаҳо ва ҷои ӯро ҳеҷ кас гирифта наметавонад, пас биёед, ӯро ҳурмату эҳтиром кунем, суханҳои ӯро рад накунем. Боғи падар шавем на доғи падар. Рӯзе мешавад, ки мо ӯро намеёбем.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив