Об сарчашмаи ҳаёт


Об сарчашмаи ҳаёт

Об аз неъматҳои бузурги Худовандист, ки ягон мавҷудоти рӯи Замин бе вай зиста наметавонад. Бе об ҳаёт вуҷуд надорад.

Дар бобати ҳамин масъала мехостам фикру андешаи худро баён намоям. Мо бояд дар сарфа кардани об эҳтиёткор бошем, беҳуда онро масраф нанамоем, зеро исрофи он гуноҳест азим. Инсон аз лаҳзаи ба дунё омаданаш ба об эҳтиёҷ дорад. Ба қавли шоире, ки гуфтааст:

Об унсури муқаддас будааст,

Ҳини мурдан қатрааш бас будааст.

Он ки қадрашро надонад дар ҳаёт

Аблаҳу нодону нокас будааст .

Аз ин ҷост, ки об муқаддастарин ва бебаҳотарин боигариии табиат аст.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати милли Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди мо чунин вазифа гузоштаанд: Об ганҷинаи табиат аст, онро муҳофизат кун ва азиз дор. Бо пешниҳоди Президенти мо Эмомалӣ Раҳмон аз Созмони Миллали Муттаҳид соли 2003-ро “Соли оби тоза” эълон намуда, солҳои минбаъдаро, яъне солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи амалиёти об барои ҳаёт номидааст. Инак солҳои 2018-2028 солҳои Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор” аст.

Бо пешниҳоди сарвари давлат баҳри беҳуда масраф накардани оби нӯшокӣ, эҳтиёт намудани он чораву тадбирҳо андешида мешаванд. Алҳол сарварони кишварҳо мекӯшанд ба насли ояндаи кураи Замин ин ганҷинаи бебаҳои табтатро ба шакли аслиаш ба мерос гузоранд.

Об инчунин сарчашмаи шифои беморон аст. Абӯали ибни Сино обро нигоҳдорандаи саломатӣ гуфтааст. Аз ҷиҳати миқдори чашмаҳои шифобахш Тоҷикистон дар байни дигар давлатҳо дар ҷойи аввал меистад. Об сарчашмаи ҳаёт аст. Тамоми мавҷудоти рӯйи Замин ба об эҳтиёҷ доранду аз он баҳра мегиранд. Шоире дар ин бобат гуфтааст:

Боғу роғу хуррамӣ аз об шуд,

Зиндагӣ андар замин аз об шуд.

Дар ҳақиқат сарсабзии табиат, боғу роғ, кӯҳу саҳроҳо аз об аст. Ба мо маълум аст, ки об дар организми зинда маводи асосист. Бе об ягон мавҷудот зиста наметавонад.

Аз ин гуфтаҳо ман ба хулоса омадам, ки об неъмати Худованд аст. Онро аз ифлосиҳо ва сарфаи беҳуда бояд эҳтиёт кунем. Ба қадри он расем, нагузорем, ки як қатраи он беҳуда масраф шавад:

Об як мӯъҷизаи Парвардигор,

Ҳаст дунёро зи ӯ нақшу нигор.

Тозагӣ, озодагӣ бошад зи об,

Гулистону бӯстон бозад зи об.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив