9-май ҳамчун рӯзи ғалабаи халқҳо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) эълон гардида, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди расмии давлатӣ табдил ёфтааст ва ҳар сол бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941-1945 фарзандони халқи тоҷик дар қатори намояндагони дигар халқҳо миллатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ бар зидди Германияи фашистӣ ҷонбозиҳо намуда, садҳо нафари онҳо дар майдони ҷанг ҳалок шудаанд.
Воқеан, ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст! Корнамоиву қаҳрамониҳои собиқадорону иштирокяиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халқи тоҷик пайваста қадрдонӣ карда мешаванд. Танҳо аз Тоҷикистон дар солҳои ҷанг беш аз 300 ҳазор нафар фиристода шуда, даҳҳо ҳазор нафар дар майдони набард баҳри дифои ватан ҷон фидо кардаанд. 54 нафар тоҷикистониёни иштирокчии ҷанг ба унвони олӣ – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шарафёб гардидаанд. 21 нафар ба ҳар се дараҷаи ордени “Шараф” ва зиёда аз 60 – ҳазор нафар бо ордену медалҳо сарфароз шудаанд. Дар муҳорибаи шадид тоҷикистониён ҷасорату шуҷоати беҳамто нишон доданд. Дар байни онҳо – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Неъмат Қарабоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Тӯйчӣ Эрйигитов, Исмоил Ҳамзалиев, Эргаш Шарифов, Саидқул Турдиев, Чутак Уразов ва дигарон, ки баҳри дифои ватан дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонӣ нишон додаанд.
Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
Иди ғалабаи бузург дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ собитгари ҳамбастагии халқҳои дӯсту бародар, хизматҳои беназири таърихӣ, пирӯзи нерӯҳои солиму озодихоҳ бар қувваҳои истилогари фашистӣ мебошад.
Башарият аз замони пайдоиши худ ингуна ҷанги хонумонсӯз ва фоҷиаи мудҳишро аз сар нагузаронидааст. Ҷанги дуюми ҷаҳон аз рӯи миқёсу андоза даҳшатноктарин ҷанг дар таърихӣ башарият буда, дар он беш аз 72 давлати хурду бузурги олам ширкат варзидааст. Дар натиҷаи ин ҷанг кишварҳои зиёде хароб гаштаанд ва бештар аз 50 миллион нафар қурбон ва садҳо миллион нафар аҳолии мамлакатҳое, ки ба гирдоби ҷанг кашида шуда буданд, ба маҳрумияту азоби тоқатшикан гирифтор гаштаанд. Халқҳои 15 Ҷумҳурии собиқ Иттиҳодӣ Шӯравӣ баҳри дифои ватани азиз бар зидди истилогарони немис бархостаанд.
Комментарии (0)