Баҳор


Фасли Бахор - ЭссеБаҳор яке аз фаслҳои зеботарини сол ба шумор меравад ва аз рӯи тақвими соли мелодӣ моҳҳои март, апрел ва майро дар бар мегирад. Ба муносибати фарорасии баҳор дар давлатҳои ҷаҳон иду маросимҳои халқӣ гузаронида мешаванд. Дар фасли баҳор ҳама мисли гул шукуфон мегарданд. Дар тамоми дунё баҳорро фасли зеботарин ва фасли ризқу рӯзӣ низ меноманд. Дар давлати Тоҷикистон ин фаслро фасли пурфайз меноманд. Дар фасли баҳор дарахтон гул мекунад, замин ҷомаи нав ба бар мекунад ва табиат аз нав зинда мешавад. Дар ин айём дили ҳар як шахс аз нав зинда мешавад, мисли замин:

Эй ҷамоли баҳру бар, шод омадӣ,  

Эй баҳори сабзу тар, шод омадӣ.

Аз қадамҳоят дилам гул мекунад,

Эй арӯси раҳгузар, шод омадӣ.

Яке аз идҳои анъанавии миллии халқҳои эронтабор, ки бо фарорасии баҳор ҷашн гирифта мешавад, иди байналмилалии Наврӯз аст. Баҳор яке аз фаслҳои зеботарини сол мебошад. Ин фаслро зиндашавии табиат, арӯси сол меноманд. Дар ин фасл дар кишварамон якчанд идҳоро ҷашн мегиранд, аз ҷумла 8 март – Рузӣ модар, 21-24 март – иди Наврӯз, 1 апрел – рӯзи ханда, 9 май – иди Ғалаба, 23 май рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва ғайра. Дар васфи баҳор адибони зиёде шеърҳо гуфтаанд. Дар бораи фасли баҳор шоири барҷастаи халқи тоҷик Мирзо Турсунзода чунин гуфтааст:

Баҳор омад садои булбул омад,

Насими фораму бӯи гул омад.

Либоси сабзро саҳро ба бар кард,

Кулоҳи сап сафед олу ба сар кард.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив