Устод - тарбиятгари насли наврас


Ҳар киро дар зиндагӣ устодест. Имрӯз чӣ муаллиму чӣ духтур, чӣ ронанда ва чӣ коргару бофанда – ҳама устодону шогирдони худро доранд. Ҳамаро дар ҳаёт касе омӯзонидааст. Ягон кору амал, ягон пешравию афзалият, ягон бурду бохт безаҳмат, бемашаққату қадршиносии устоде ба авҷи аълое намерасад. Инсон даме ки чашм ба олами ҳастӣ мекушояд, албатта бо як ҳусну истеъдоди Худовандӣ тавлид мешавад, аммо худ танҳо бе сарварӣ, бе роҳнишондиҳӣ ва бе устоде соҳиби мақому мартабае шуда наметавонад. Тавре гуфтаанд:

Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,
 
Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.
 
Ҳеҷ Мавлоно нашуд Мавлои Рум,
 
То муриди Шамси Табрезӣ нашуд.

Вақте калимаи устодро ба забон меорем, бевосита пеши назарамон симои муаллим падидор мегардад. Аммо ин фикр тамоман чизи дигар аст. Устод касест, ки дар симои ӯ омӯзандаи ҳама гуна роҳу равиш, кору фаъолият ва ҷамъи ҳунару истеъдодро дидан мумкин аст. Ба ибораи дигар, мо метавонем устодро мураббӣ ва роҳнишондиҳандаи кулли корҳои хайр бигӯем. Зеро гуфтаанд: “Ҳар шахс метавонад аз таҷрибаи бузурги ҳаётиаш кору фаъолиятеро ба касе омӯзад”.

Шахсоне ҳастанд, ки ягон мактаби маърифатию илмиро нагузаштаанд, аммо корҳоеро ба субот расонида метавонанд, ки арзиши баланд доранд ва чунин қобилияташон боиси ифтихор аст. Ин гуна шахсонро албатта, метавон устод номид, зеро метавонанд дар дили ҳама гуна афрод бо ҳунари волояшон роҳ ёфта, ҳаваси омӯхтани ҳунареро бедор карда, ҳаётро рангинию хушӣ бахшанд. Воқеан муҳим аст, ки ҳар шахс бояд ҳамин гуна шахсияти ғамхор буда, дар зиндагӣ ягон амали хайреро анҷом диҳад.

Шогирдонро низ лозим меояд, ки аз заҳматҳои устодони хеш бохабар бошанд, онҳоро қадршиносӣ карда тавонанд, зеро бе заҳмати зиёди устодон ягон шогирд ба ҷое расида наметавонад. Обрӯи шогирдони болаёқат обрӯи устоди онҳост.

Албатта шахсе, ки барои омӯхтану аз худ кардани коре заҳмат мекашад, бе иззат буда наметавонад, маҳсули меҳнати ҳар як инсони асил аз ҷабри заҳмати кашидааш падид меояд. Ба қавли Румии бузург:

Ҳар кӣ ранҷе дид, ганҷе шуд падид,
 
Ҳар кӣ ҷаҳде кард, бар ҷаҳде расид.

Хулоса, ҳар кору амале ба устод эҳтиёҷ дорад. Наметавон бе дастгирию маводи касе кореро ба анҷом расонда, соҳибобрӯ гашт.

Дар ягон давру замон қадр, манзалат ва бузургии одамони дастгир, устодон ва роҳнишондиҳандагон аз байн намеравад. Онҳо ҳамеша чун устоди бузург ва ситораҳои дурахшони ҳаёт мӯътабар ва зинданом буда, ҷамъият ба онҳо ниёз дорад.

Бале, устодон ҳамеша зиндаёданд ва дар ҳар як лаҳзаи ҳаёт ба хотир оварда мешаванд, зеро пойдории ҳаёти кас ба устодон – нишондиҳандагони роҳу равиш, касбу камол ва роҳнамоёни зиндагӣ вобастагӣ дорад:

Устод агар набошад, ақле ба cap набошад,
 
Дар боғи зиндагонӣ, гарди самар набошад.
 
Бе роҳнамою роҳбар, дар ин ҷаҳони бесар,
 
Пойи равон набошад, нури басар набошад,..

Шахсияте, ки дар зиндагии хеш ҳунари волои худро ба касе намеомӯзонад, яъне шогирде тарбия наменамояд, дарахти бесамареро мемонад, ки беманфиат аст. Анъанаи неки мардумӣ омӯзонидани ҳунарҳои воло ба насли ояндаи миллат аст, ки фардои дурахшони ҳаёт аз он сахт вобастагӣ дорад. Зиндаёд будани номи бузургон маҳз тавассути ҳунари воло, дастранҷи зебо ва шогирдони баркамол сурат мегирад: Тавре Саъдии бузург фармуда:

Саъдиё, марди накӯном намирад ҳаргиз,
 
Зинда он аст, ки номаш ба накӯӣ баранд.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив