Мавзӯъ ва мазмуни ғазалиёти Камоли Хуҷандӣ


Нақша:

1.Муқаддима
 
2.Мухтасари тарҷумаи ҳоли шоир
 
3.Мавқеи ғазал дар эҷодиёти шоир
 
4.Мавзӯъҳои асосӣ дар эҷодиёти шоир
 
Хулоса

Камоли ХучандиКамоли Хуҷандӣ яке аз намояндагони барҷастаи шеъру адаби форсу тоҷик маҳсуб мешавад. Ӯ ҳамчун устоди ғазал дар рушду инкишофи ин жанри адабӣ хизмати шоистаеро анҷом дода, онро ба пояҳои хеле баланд бардоштааст. Номаш Камолиддин, лақабаш Масъуд буда, бо тахаллуси адабии Камол дар шеъру шоирӣ маълуму машҳур гаштааст. Камоли Хуҷандӣ мувофиқи гуфтаи сарчашмаҳои адабӣ, соли 1318 дар шаҳри бостонии Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Ӯ аз овони хурдӣ ба адабиёт шавҷу завқи зиёде доштааст. Дар сини 40-45 солагӣ ба нияти ҳаҷ ба тарафи Арабистон сафар намудааст. Байти зерин исботи чунин гуфтаҳо мебошад:

Рафт овоза, ки имсол ба ҳаҷ рафт Камол,
Бас муборак сафаре чун ту ба ӯ ҳамсафарӣ.

Камол муддате дар пойтахти давлати Олтин-Ӯрда шаҳри Сарой умр ба сар бурдааст. Тӯхтамиш шоирро ҳамроҳи ғаниматҳои ба дастовардаи худ ба ҳар тараф мебурдааст, ки ба ин гуфтаҳои шоир гувоҳӣ медиҳанд:

Камол имсол, чанде шуд ғазал бар асп гуфт аксар,
Ғазалҳои сариаспӣ набошад ғолибан беҳ з-ин.

Ғазал дар эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ мавқеи асосӣ дорад. Ҳарчанд Камол ба жанрҳои дигари шеърӣ низ даст задааст, лекин теъдоди зиёди эҷодиёти ӯро ғазал ташкил медиҳад. Ғазал оинаи зиндагонии ӯст. Дар ғазал шоир тамоми ормону эҳсосоти худро то вопасин лаҳзаҳои ҳаёташ баён намудааст.

Аҳволи Камол дар Сарой, зоҳиран, осудаву бофароғат мегузаштааст, зеро ӯ дар ин бора мефармояд:

Бӯстонест Сарой аз гули он рӯй, Камол,
Хуш омадӣ ба Сарой, эй булбули хушгӯ, бисарой.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, Камол аз ҳиҷрон ва дурии ёру диёр танҳоӣ мекашид. Аз ҳамин ҷиҳат мавзӯи Ватан, ёди он ва дурӣ аз ёрону дӯстон дар ғазалиёти шоир мавқеи асосиро ишғол менамояд. Ӯ аз ҳама бештар шаҳри Табрез ва маҳаллу манзараҳои онро ёд мекунад:

Табрез маро ба ҷойи ҷон хоҳад буд,
Пайваста маро вирди забон хоҳад буд.

Камоли Хуҷандӣ баъд аз хориву зориҳо ба шаҳри Табрез баргашта, кайфияти висоли худро чунин тасвир мекунад:

Биҳамдуллаҳ, ки дигарбора рӯйи дӯстон дидам,
Чу булбул мекунам мастӣ, ки боғу бӯстон дидам.

¬Ғазалҳои Камол дар мавзӯъҳои гуногун суруда шудаанд. Ишқу муҳаббат аз нигоҳи ӯ ҳавасу бозӣ набуда, чун асоси ҳастии оламу одам тасвир ёфтааст. Маҳз ба шарофати ишқу муҳаббати поки инсонӣ зиндагӣ мазмун ва мавҳуми нав касб мекунад. Камол низ ба мисли устодони пешин ишқи заминиву инсониро васф менамояд:

Касе, к-аз ишқ давлатманд гардад,
 
Биафзояд ҳазорон эътибораш.
 
Набинӣ, к-аз таашшуқ булбули маст,
 
Яке мурғ асту махонӣ ҳазораш.

Мавзӯи дигари ғазалиёти Камоли Хуҷандӣ танқиди зулму ситами табақаи ҳоким ва насиҳати онҳо мебошад.
 Мавзӯи дигари ғазалиёти Камол, ки мақоми хос дорад, тарғиби дӯстиву рафоқат ва қадри он мебошад. Шоир дӯстиву рафоқатро дар идеали ҳар як инсон гавҳари муқаддас мешуморад. Ҳатто дар девони шоир чанд ғазал бо қофияву радифи “дӯст” дида мешавад, ки аз ҳусни таваҷҷӯҳи ӯ ба ин мавзӯъ шаҳодат медиҳанд.

Хулоса, тарзу услуби нигориши Камол хеле ҷолиби диққат буда, ӯро ҳамчун устоди беҳамтои ғазал муаррифӣ мекунад. Дар эҷодиёти ӯ санъатҳои гуногуни бадеӣ бисёр моҳирона истифода шудаанд, ки ғазалиёти шоирро боз ҳам барҷастатар ифода намудаанд.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив