Мазмун ва мундариҷаи ғоявии «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш


Нақша:

1. Мухтасари тарҷумаи ҳоли Аҳмади Дониш
2. «Наводир-ул-вақоеъ» – маъруфтарин асари Аҳмади Дониш
3. Мӯҳтавои «Наводир-ул-вақоеъ»:
а) Танқид ва вазъи сиёсиву иҷтимоӣ ва табақаи ҳоким;
б) Мавзӯи панду ахлоқ дар асар;
в) Мавзӯи тағйирот дар соҳаҳои мухталиф

Наводир-ул-вақоеъАҳмади Дониш яке аз маорифпарварони маъруфи тоҷик буда, бо фаъолияти ҷамъиятии худ дар осори илмию адабиаш ғояҳои пешқадами замонаашро таблиғ намудааст. Аҳмади Дониш нисбат ба сохти мавҷудаи феодалӣ, тартиботи давлатӣ ва ҳамаи боқимондаҳои он нафрати беандоза дошт. Ӯ соли 1826 дар шаҳри Бухоро ба дунё омадааст. Дар назди волидайн ва дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил намуда, ба мақому мартабаҳои баланд расида, дар соли 1897 дар ҳамин ҷо вафот кардааст. Таъкид намудан ба маврид аст, ки Аҳмади Дониш то охири умраш як зиндагии озодона ва покеро ба cap бурдааст.

Мероси адабии Дониш ғанӣ ва доманадор будааст. «Наводир-ул-вақоеъ» яке аз асарҳои бузурги Дониш буда, бобу фаслҳои гуногунро дар бар мегирад. Асари «Наводир-ул-вақоеъ» доир ба масъалаҳои гуногуни фалсафаю иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва илмӣ бахшида шудааст. Якчанд бобби асари мазкур ба тасвири ду сафари Дониш ба Петербург бахшида шудааст. Дар «Наводир-ул-вақоеъ» муаллиф масъалаҳои муҳими сиёсати давлат ва идораи мамлакатро таҳлилу баррасӣ намудааст. «Наводир-ул-вақоеъ» заҳмати зиёда аз понздаҳ солаи муаллиф ба шумор меравад. Гуфтан мумкин аст, ки асари мазкур дар байни аҳли илму адаби Бухоро шӯҳрати калон пайдо карда, муаллифи он ҳамчун олим, нависанда ва мутафаккири забардаст шинохтаву эътироф шудааст. Ба ғайр аз ин, ӯ бисёр ҷиҳатҳои сиёсию ахлоқии ҷамъиятии замонашро аз назари танкидӣ тадқиқ намуда, иллату нуқсонҳои сохти иҷтимоӣ, тартибу низоми мамлакат ва ахлоқу кирдори табақаи ҳоқимро кушоду равшан фош намудааст. Аз ин рӯ, «Наводир-ул-вақоеъ» барои бедории фикрии бисер ҳамзамон он ва пайравони Дониш, ҳамчунин барои зиёиёни пешқадами охири асри XIX ва ибтидои асри XX таъсири бузурге гузоштааст.

Мавзӯи дигаре, ки дар асар таҳлилу баррасӣ шудааст, ин тарбияи насли наврас, муносибати эҳтиёткорона нисбат ба тарбияи фарзандон, дар бораи ахлоқ ва муомилаи табақаҳои гуногуни ҷамъият, дар бораи одобу ахлоқ ва рафтори нописанд ва ноодилонаи синфи ҳукмрон ба шумор меравад.

Яке аз масъалаҳои муҳими дигар, ин дар ҳаёти иҷтимоию маданӣ, дар мавзӯи илмию фаннӣ ва иқтисодии кишвар тағйироти ҷиддӣ дохил намудан мебошад, ки Дониш ин мавзӯъро дар асараш бевосита зикр намудааст. Ҳамчунин, дар асар доир ба моҳияти давлату давлатдорӣ, қонуну қоидаҳои асосии ҳукумат, доир ба ҳақиқату адолат асос ёфтани ҳокимият сухан рафтааст, ки қобили таваҷҷӯҳ аст. Ҳамин тариқ, «Наводир-ул-вақоеъ» аз нигоҳи мазмун ва мундариҷа масъалаҳо ва мавзӯъҳои ниҳоят муҳими ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, илмию маданӣ, иқтисодиву соҳаҳои дигари мухталифи зиндагии ҷомеа ва мардуми он замонро фаро гирифтааст. Бояд қайд кард, ки ҳамаи ин масъалаву мавзӯъҳо дар асар ҳам ба тарзу тариқи бадеӣ ва ҳам бо таҳлилу хулосаҳои илмӣ ва ҳам тавассути фикру андешаҳо, мулоҳизаҳои амиқи фалсафӣ таҳлилу баррасӣ шудаанд. Дар ҳақиқат, «Наводир-ул-вақоеъ» дар муҳити ҳамон вақтаи иҷтимоию маданӣ як шӯру ҳаяҷон ва ҷунбишу таконе ба вуҷуд овардааст. Фикрҳои пешқадамонаи Дониш чашми бисёр шахсони давлатдор ва мансабдорони замонро ба ҷиҳатҳои манфӣ ва иллату нуқсонҳои иҷтимоии давру замони худ кушод. Аз ин хотир, тарафдорони тартиботу низоми амирӣ ва намояндагони динӣ бошанд, аз таъсири ин фикру андешаҳои пешқадами Дониш ва асари ӯ ба тарсу воҳима афтода будаанд. Ҳамаи ин фикру андешаҳои пешқадамонаи Аҳмади Дониш обрӯю эътибори ӯро дар ҷамъият хеле боло бардоштанд. Чунин фикру ақидаҳои замонавӣ дар он замони тираву тор аз тарафи мутафаккирону нависандагони забардаст ҷонибдорӣ ёфтааст. Худи Аҳмади Дониш бошад, ҳамчун мутафаккиру донишманд дар адабиёти нимаи дуюми асри XIX ва авали асри XX шӯҳрати бузургеро касб кардааст.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив