Достони «Комде ва Мадан»-и Бедил


Нақша:

1. Мазмуни асосиидостон
2. Симои Комде ҳамчун раққосаи нозукадо.
3. Симои асосии Мадан ҳамчун санъаткор.
Хулоса.

БедилБедил бо осори пурмазмун ва гаронмояи худ дарадабиёти классики форсизабонон мақоми арзандаеро касб кардааст. Ӯ соли 1644 дар яке вилоятхои Ҳиндустон таваллуд ёфтааст. Дар макотибҳои ибтидоӣ ва мадрасаҳо таҳсили илм намуда аз донишҳо ва илмҳои замони худ баҳравар гардидааст. Мирзо Бедил ҳамчун бузуртарин шоир ва нависандаи адабиёти форсизабони Ҳиндустон аз худ мероси бою ғание боқӣ гузоштааст. Дар миёни асарҳои шоир маснавии «Ирфон» мавқеи муҳим дорад. Ин маснавии шоир аз 11 ҳазор байт иборат буда, соли 1712 таълиф шудааст. Бедил дар маснавии «Ирфон» ба масъалаҳои сиёсию иҷтимоӣ фалсафӣ фикру ақидаҳои иброз медорад. Достони «Комде ва Мадан» бошад, дар маснавии «Ирфон» мавқеи махсус дорад. Достони мазкур аз 470 байт иборат буда, 10 бобро фаро гирифтааст.

Зикр бояд намуд, ки ин достон дар бораи ишқу муҳаббати ду навҷавони поктинат баҳсу мунозира менамояд. Комде ном раққосаи ҳунарманду соҳибҷамол дар ҳарамсарои подшоҳ хизмати дарбориёнро иҷро мекард. Шӯҳрату овозаи ӯ ҳама ҷойро тасхир карда буд. Дар баробари ин Мадан ном ҷавоне дар касби навозандагиву мутрибӣ беназиру бемонанд буд. Ҷавонон ба ҳамдигардил мебанданд. Дар базми шоҳонае онҳо бо ҳам вомехӯранд. Подшоҳ аз овози форами Мадан мафтун шуда, шаддаи марвориди гардани худро ба Мадан ҳамчун тӯҳфа инъом медиҳад. Мадан бошад, аз рақси ҳайратангези Комде ба ваҷд омада, инъоми додаи шоҳро ба пеши пои Комде пешкаш менамояд. Ин рафтори Мадан боис мешавад, ки шоҳ ӯро бадарға намояд. Дилдодагон бо ранҷу азобҳо боз бо ҳам вомехӯранд. Мадан ба Комде дар бораи як дарахте нақлу ривоят мекунад, ки агар касе дар сояи он муддате нишаста, орзӯе дархост намояд ба муродаш мерасидааст. Ин амал низ мушкилии онҳоро ҳаллу фасл наменамояд. Сипас, подшоҳи яке аз кишварҳо аз ҳолу аҳволи дилдодагон воқиф гашта ба подшоҳи Комде нома менависад, то ин онҳоро ба мақсад расонад. Вале шоҳи золим таклифи шоҳи одилро рад менамояд. Дар натиҷаи ҷангу ҷидолҳо подшоҳи одил ғолиб меояд. Дилдодагон аз санҷишу имтиҳони подшоҳи одил ба хубӣ мебароянд. Дар охир онҳо ба муроди якдигар мерасанд.

Симои Комде ҳамчун духтари хушқадуқомат, соҳибҷамол, бофаросат, вафодор ва рақосаи нозукадо тасвир ёфтааст. Комде ҳамчун устоди рақс барои ба дараҷаи олии санъати рақс расидан, заҳматҳо мекашид. Ҳамин тариқ, Комде дар достон ҳамчун духтари боақл, хоксору покдоман, санъаткору санъатдӯст ба қалам дадашудааст.

Симои Мадан низ ҳамчун санъаткор тасвир ёфтааст. Мадан дар санъати ҳофизиву мусиқӣ малакаву истеъдоди беҳамтое доштааст. Ӯ дар баробари санъаткори моҳир будан, инчунин ҷавони бозаковат, бовафо, боҳиммат ва ҷасуру боҷуръат ба қалам дода шудааст.

Хулоса достони «Комде ва Мадан» аз беҳтарин достонҳои ишқӣ-лирикӣ буда, бо баъзе хусусиятҳои худ аз дигардостонҳои лирики адабиёти классикӣ фарқ мекунад. Ин достон ба мисли дигар достонҳои пешин фоҷиавӣ набуда, онҳо бо саъю талошҳои бевоситаи худ ба мақсад мерасанд. Бедил дар ин достон ҳамчунин масъалаҳои дӯстиву рафоқат, шоҳи одил, некиву накӯкорӣ, ростиву росткориро тарғибу ташвиқ намудааст. Бедил дар симои шоҳони одил барқароркунандагони адлу адолати иҷтимоиро мебинад. Достон то имрӯз низ аҳамияти тарбиявию ахлоқии худро гумм накардааст.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив