Ном ва номгузорӣ


Маълум аст, ки тамоми махлуқоти олам, ашёи ҳастӣ номи худро дорад, ки инро гузаштагони донишмандони мо ба иҷро расонидаанд. Аксари номҳои мондашуда мувофиқи хислату хусусият, атвору хулқу одати волидон ва ё сурату шаклу шамоили зодашудагон гузошта мешаванд. Ба муҳити ҷуғрофӣ, олами набототу ҳайвонот низ ба ҳамин васила ном гузоштаанд.

Мо дар ҳаёти худ бо номҳои гуногуни бисёр аҷоиб дучор мешавем, ки аксари онҳо ба ашхоси соҳибном муносиб-зебанда буда, аққалияти онҳо номуносиб-нозеб ва баъзеи онҳоро ҳатто вирди забон гирифтан ҳам нораво мебошад.

Одамоне ҳастанд, ки моҳҳо, солҳо барои фарзандону наберагони ояндаи худ номҳои хуби пурмазмунро ҷустуҷӯ карда, китобҳо, луғатҳои нодирро варақ мезананд. Ё ки ба одамони донишманд, марду занҳои калонсоли табарруки гарму сарди зиндагиро дида рӯбарӯ шуда , маслиҳатҳо мепурсанд. Баъд аз он якчандто номҳои ёфтаашон якеро бо ризоияти бобову модаркалон ва ё худи заану шавҳар интихоб намуда, бо орзую умед ба кӯдак мегузоранду мегӯянд, ки исмаш ба ҷисмаш муносиб бошад.

Шахсони бемасъулият номҳои хуберо ҳам вайрон карда, гоҳо нопурра ба забон мегиранд. Ва ҳатто худро гунаҳкор ҳам мекунанд. Чунончӣ дар байни мардум Раҳмон ва Раҳим ҳаст, ки инро дар асл бобоёни мо аз ояти «Бисмиллоҳи раҳмонир раҳйим»-и Қуръони карим гирифтаанд, мазмунаш: «ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон» гуфтан аст. Яъне бояд ин номҳо Абдурраҳмон ва Абдурраҳим бошанд, ки маънояш «бандаи Худованди бахшоянда», «бандаи Худованди меҳрубон» аст.

Бо пайванди «дин» низ номҳое ҳастанд, ки баъзе аз одамон онро ихтисор мекунанд. Мисли: Шамсиддин (офтоби дин), Нуриддин (нури дин), Ҷалолиддин (соҳибдараҷа, соҳибмартабаи дин), Ҳилолиддин (моҳи нави дин), Низомиддин (боинтизом, соҳибмартабаи дин), Фатҳиддин (фотеҳ-кушояндаи дин) ва ғайраҳо.

Номҳои занона ҳам аз қадимулайём ва ҳанӯз аз замони Зардушти Озар мавҷудият дошт. Вале пас аз истилои арабу қабули дини Ислом дар асри VII-VIII ҳам авҷу ривоҷ ёфта, равшантар гардид.

Дар гузашта, ки мардуми мо мухлииси толибилмон, ашхоси мутабаррик буданд, ба уламо муроҷиат мекарданд. Онон, ки донандаю хонандаи Қуръони маҷид буданд, ин шакли асомиро аз сураи «Нисо» ҳамчун пасванди муқаддас ба мардум пешниҳод мекарданд ва онҳо то кунун аз он истифода мебаранд. Чунончӣ Қамбарнисо. Ин ном дар асл номи парранда буда, дар айни ҳол номи ғуломи босидқу вафои ҳазрати Алӣ (домод ва амакзодаи Муҳаммад паёмбар), яъне Қамбар мебошад, бо иловаи «нисо» онро ба номи занона гардонидаанд. Дар фарде гуфта шудааст:

Қадри зар заргар бидонад,
 
Қадри Қамбарро Алӣ.

Номи Меҳринисо-офтоби занҳо, Шамсинисо-низ офтоби занҳо мебошад. Наҷминисо-ситораи занҳо, Нуринисо-нури занҳо, Субҳинисо-субҳи сапедадами занҳо, Файзинисо-серию пурӣ, файзбахши зиндагӣ ва ғайраҳо.

Аз дигар забонҳо ҳам мардуми мо номҳои гуногунро аз рӯи дӯстӣ, хешутаборӣ ва ё парастиш ба ин ва ё он миллат интихоб кардаанд. Масалан, аз забони русию аврупоӣ якчанд номҳо гузаштаанд: Александр, Маруся, Ясмина, Флора ва ғайраҳо.

Рӯзҳое мешуданд, ки бо рафиқони рус шиносоӣ пайдо кунеду исматонро пурсанд, агар Карим гӯед, «как по русский звучит»- мегуфтанду бо ҳамин сабаби аҳмақона Карим-Коля, Ислом-Иван, Аскар-Александр, Шодӣ-Шурик, Собир-Сергей, Зӯҳро-Зоя, Фотима-Фая, Муяссар-Мая, Гулнор-Гуля мешуд. Магар номи кас тарҷума мешавад ва ё ҳар кас оё дутоӣ ном дорад?! Ҳазор афсӯс, ки умрҳо чу барқу бод бекор гузаштаанд.

Бояд хуб донем, ки ном ҳам вубол аст! Чуноне, ки ниёгони азизи мо гуфтаанд, рӯзе, ки ба гӯши кӯдак азон гуфта, ба ӯ ном мегузоранд, мӯҳри илоҳӣ пахш мегардад. Барои ҳамин, ҳам бояд ба фарзанд номи хуберо гузошт, то ки хислату одобаш низ мисли номаш зебо бошад.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив