Нақша
1.Мухтасари тарҷумаи ҳоли Саъди Шерозӣ
2.Сабабҳои таълифи «Гулистон»
3. Сохту таркиби асар
4. Моҳияти тарбиявии он
Хулоса
Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ яке аз адибони номии асри XIII буда, тақрибан дар соли 1203 ё 1208 дар Шероз таваллуд мешавад. Ба қавли худи адиб, гузаштагонаш ҳама аз ҷумлаи донишмандону олимони бахши дин будаанд:
Ҳама қабилаи ман олимони дин буданд.
Маро муаллими ишқи ту шоирӣ омӯхт.
Ҳанӯз дар айёми хурдсолӣ аз падар маҳрум мемонад. Ӯ маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, баъд дар мадрасаи Низомияи Бағдод таҳсил мекунад. Пас аз таҳсил муддати бист сол ба сафар мебарояд ва бисёр кишварҳои Осиёи Хурд, Шарқи Наздик ва Миёна, бахшҳое аз Чин ва ғайраро саёҳат мекунад. Пас аз ин байни солҳои 1255-1256 ба зодгоҳаш бармегардад. Вай соли 1257 китобм «Бӯстон» ва як сол баъд «Гулистон»-ро дар зарфи се моҳи баҳор таълиф мекунад. Маълум мешавад, ки нависандаи ҷаҳонгард дидаю шунидаҳояшро пешопеш ёддошт карда будааст, зеро дар як муддати кӯтоҳ навиштани чунин асари калону пурмаъно номумкин менамояд. Нависанда гӯё арзиши баланди асарашро қаблан пешгӯӣ карда будааст:
Ба чӣ кор одат зи гул табақе,
Аз «Гулистон»-и ман бубар варақе.
Гул ҳамин панҷ рӯзу шаш бошад,
В-ин «Гулистон» ҳамеша х-ваш бошад.
Баъди таълифи асарҳои номбаршуда ба сабаби нооромии вазъ боз ба сафар мебарояд. Ниҳоят, ин адибу ҷаҳонгарди бемонанд соли 1292 аз олам чашм мепӯшад ва то имрӯз мазори покаш зиёратгоҳи ихлосмандон ба ҳисоб меравад.
Саъдии Шерозӣ адиби сермаҳсул буда, аз ӯ девони ашъор, «Бӯстон», «Гулистон» ва чанд рисола боқӣ мондааст. Девони ӯ аз ғазал, қасида, тарҷеъбанд, таркиббанд, рубоӣ ва ғайра иборат мебошад. Ӯро ҳамаи шоирони баъдӣ устоди ғазал донистаанд. Аз ҳама муҳим он аст, ки Саъдии Шерозӣ дар назму наср баробар қувва озмуда, дар ҳар ду жанр истеъдоди беназир доштани худро ба исбот расонидааст.
«Гулистон» асари мансур буда. аз дебоча, охирсухан ва ҳашт боб ба ҳам омадааст. Он аз ҳикояҳои алоҳида таркиб ёфта, ҳар ҳикоя бо ёрии порчаи шеърие ҷамъбаст мегардад. Нависандаи бузург асарашро бо насри мусаҷҷаъ ё қофиядор, ки бештар хоси адабиёти араб буд, офаридааст. Масалан: «Мушк он аст, ки худ би гӯяд, на он ки аттор бигӯяд». Дар ин мисол калимаҳои «бигӯяд» ва «бибӯяд» бо якдигар ҳамқофия мебошанд. Аз ҷониби дигар, аксари ҳикояҳо хусусияти реалистӣ дошта, худи нависанда шоҳиди бевоситаи онҳо будааст. Ё мазмунашонро аз шахсони боваринок шунидааст ва ё ин ки онҳоро дар китобҳои мӯътабар дучор омадааст. Ҳамаи ин хусусиятҳо боиси дилангезу хонданбоб гаштани «Гулистон» шудаанд.
Ҳар як боби «Гулистон» ба мавзӯи алоҳидае бахшида шудааст. Ин бобҳо ба мавзӯъҳои ахлоқи дарвешону подшоҳон, аҳамияту фоидаи хомӯшӣ ва қаноат, ҳолатҳои нотавонию пирӣ, ишқу ҷавонӣ, таъсири тарбият ва одоби сӯҳбат дахл мекунанд.
Акнун баъзе ҳикояҳои «Гулистон-ро баррасӣ ва таҳлил мекунем. Муаллими бузурги ахлоқ шарти аввали ба даст овардани илму донишро дар баҳс мебинад. Ба андешаи ӯ, дар ин роҳ танҳо омӯзиши бардавом ва кӯшиши шахсӣ ханӯз кам аст. Ҳамин мақсадро ӯ бо як ҷумла ифода менамояд: «Се чиз бе се чиз пойдор намонад: мол бе тиҷорат, илм бе баҳс ва мулк бе сиёсат».
Ҳангоми омӯхтани илм инсон бояд аз таҷрибаи дигарон истифода намояд. Чунончӣ, аз Имом Ғазолӣ мепурсанд, ки чӣ гуна ба дараҷаи баланди илмӣ расидӣ? Ӯ дар ҷавоб мегӯяд, ки ҳангоми дармондан аз пурсидан ҳеҷ нангу ор накардам.
Дар ҷои дигар Саъдии мураббӣ олими беамалро ба дарахти бесамар ташбеҳ медиҳад. Ҳар касе ки дониши худро нанамояд ва онро дар амал татбиқ карда натавонад, вай ҳаргиз олим буда наметавонад. Ба ин маънӣ мегӯяд: «Ду кас ранҷи беҳуда бурданд ва саъйи бефоида карданд: яке он ки гирд оварду нахӯрд ва дигар он ки илм омӯхту амал накард.
Илм чандон ки бештар хонӣ,
Чун амал дар ту нест – нодонӣ.
На муҳаққиқ бувад, на донишманд.
Чорпое дар ӯ китобе чанд.
Он тиҳимағзро чӣ илму хабар,
Ки бар ӯ ҳезум аст ё дафтар.
Дониши инсонӣ бояд бо амалия ва таҷриба пайванд ёбад. Дар акси ҳол дониши хушку холӣ ба ҳеҷ кас манфиат намебахшад ва баръакс, зарар меорад. Олими беамал мисли занбӯрест, ки асал намедиҳад ва бо нешаш боиси озори атрофиён мегардад.
Якеро гуфтанд. Олими беамал ба чӣ монад?
Гуфт: ба занбӯри беасал.
Занбӯри дурушти бемурувватро гӯй.
Боре чу асал намедиҳӣ, неш мазан.
Доир ба тарбия гуфтаҳои зиёде оварда шудаанд, ки якеро номбар мекунем. «Луқмонро гуфтанд:
-Адаб аз кӣ омӯхтӣ?
Гуфт:
-Аз беадабон: ҳар чӣ аз эшон дар назарам нописанд омад, аз он парҳез кардам».
Саъдӣ махсусан ба омӯхтани ҳунар аҳамияти зиёд медиҳад. Ӯ насиҳатҳои як ҳакимро ба фарзандонаш нақл карда мегӯяд, ки ҳунар аз пулу мол болотар меистад. Ҳунарро ҳар чӣ қадар ки харҷу сарф кунед, вай ба ҳамон андоза сайқал меёбад. Вале тилло ба андозаи як кӯҳ ҳам бошад, пас аз чанде дар натиҷаи сарфкунӣ кам мегардад. Фарзандонам, мулку давлати дунё як чизи доимӣ ва дилпур нест. Пӯлу мол дар ҳангоми сафар ҳам хатарноктар аст, зеро дузде метавонад онро якбора бо худ гирифта барад, ё ин ки соҳиби мол онро кам-кам хӯрда нобуд мекунад. Саъдӣ дар идомаи баҳс чунин мефармояд: «Аммо ҳунар чашмаи зоянда аст ва давлати поянда». Агар одами ҳунарманд аз сари мансаб равад ҳам, ҳеҷ гоҳ хор намешавад, зеро ҳунар худ навъе аз давлат аст. Аммо одами беҳунар ҳар ҷо ки равад, лукмачинӣ мекунад ва сахтӣ мебинад. Ин ҳикояи Саъдӣ як мақоли тоҷикиро ба хотири мо меорад, ки зимни он гуфта мешавад: Ба як ҷавон чил ҳунар кам аст. Оре, Саъдӣ чунон нависандаи огоҳ аст, ки ҳамеша аз дили халқ гап мезанад.
Яке аз шартҳои пешрафти инсон қаноатпешагии ӯст. Агар инсон нафсу ҳирси худро лаҷом назанад, ҳеҷ гоҳ сатҳи маърифати худро баланд бардошта наметавонад. Ба ҳамин муносибат нависанда ҳикояи «Бозаргон»-ро меорад. Бозаргоне саду панҷоҳ шутур бор ва чил ғулом доштааст. Дар ҷазираи Кеш шабе Саъдӣ меҳмони ӯ мешавад. Тамоми шаб ӯ аз хусуси сарвату амволи худ суханҳои бесару нӯг мегӯяд. Дар охир аз Саъдӣ илтимос мекунад, ки ту ҳам ягон даҳон гап зан. Саъдӣ мегӯяд:
Он шунидастӣ, ки дар саҳрои Ғӯр,
Борсолоре бияфтод аз шутур,
Гуфт: чашми танги дунёдорро
Ё қаноат пур кунад, ё хоки гӯр.
Ҳамин тавр, «Гулистон»-и Саъдӣ то имрӯз аҳамияти тарбиявии худро гум накарда, аксари ҳикояҳои он барои асру даври мо ибратомӯзанд. Масалан, мавзӯъҳои тарғибу ташвиқи илму ҳунар, ситоиши қаноат, нафрат доштан нисбат ба шахсони мансабталошу молпараст, қадри неъматро ба ҷой овардан, пос доштани ҳаққи падару модар, бо арақи ҷабини худ ризқу рӯзӣ ба даст овардан, ба ҳамаи мардум бо дидаи эҳтиром нигаристан ва монанди инҳо то кунун чун мавзӯъҳои абадии адабиёт дар мадди назари аҳли ҷомеа қарор доранд. Шӯҳрати ин асар то ҷоест, ки баъзе таъбиру ҷумлаҳои он ҳамчун зарбулмасалу мақол аз забони мардуми одӣ садо медиҳанд. Чунонӣ, «андак-андак хеле шаваду қатра-қатра селе гардад», «некбахт он ки хӯрду кишт ва бадбахт он ки мурду ҳишт», «бузургӣ ба хирад аст, на ба сол-тавонгарӣ ба ҳунар аст, на ба мол» ва ғайра.
Муҳаммад Ғиёсиддини Ромпурӣ бо номи «Баҳори борон-шарҳи «Гулистон»» ба он шарҳе бастааст. Дар пайравии «Гулистон» адибоне чун Маҷди Хофӣ. Ҷувайнӣ, Ҷомӣ, Тамкини Бухороӣ асар эҷод кардаанд.
Доираи шӯҳрати «Гулистон» танҳо бо кишварҳои форсизабон маҳдуд намемонад. Аз соли 1634 то даҳаи 80 – и асри гузашта ин асар дар тамоми ҷаҳон 250 маротиба рӯи чопро дидааст. Дар гузаштаи начандон дур «Гулистон»-ро ба туркӣ, тоторӣ, бошқирдӣ ва арабӣ шарҳ баста, онро дар асл мехондаанд.
Баҳори соли имсол аз замони таълифии ин асар 750 сол гузашт. Вале то ҳанӯз лутфи сухани Саъдӣ чун оби поку гуворои чашмасорон ташнагии ҳазор-ҳазор дилбохтагони адабиёти асилро дар тамоми ҷаҳон бедареғ мешиканад.
Комментарии (0)