Орзуи ман


Зиндагӣ бе орзу ширин набуд,
 
Зиндагиро орзу ширин намуд.

Ҷаҳони орзуҳо басе фарох аст. Орзу ҳаргиз сарҳад намепазирад ва домани он беҳадду канор аст. Орзу мисоли парастуи баладпарвозест, ки дар фазои кушод озодона пару бол мезанад ва гоҳо инсонро бо худ ба сайри олами афсонавӣ мебарад. Ёд дорам, ки вақте хурдсол будам, орзуҳои ман рангину гулобин ва пурҷило буданд. Гоҳо худро дар домани маҳтоб медидаму, гоҳо дар кокули офтоб. Зиндагӣ дар назарам хеле тобноку пуртароват буд. Гоҳо мехостам, ки табиб бошам, то бобоямро табобат кунам, гоҳи дигар худро монанди қаҳрамонони филмҳои тасвирӣ зȳрманду тавоно ва хайрхоҳу ёрманди бечорагон тасаввур менамудам. Аммо кȳдакӣ аз тақвими умр кȳч баставу наврасӣ ба думболи он доманкашон рафта ва ман дигар он тифли хурдсол нестам, ки дар диёри афсонавӣ зинадагӣ намоям. Акнун ман ҷавоне ҳастам, ки бояд табиби хуб гардам. Умедворам, ки ба орзуи хеш бирасам ва номбардори падару модар ва фарзанди содиқи халқу ватани хеш бошам. Орзу мекунам, ки донишгоҳро бо маваффақият хатм намуда, шахси соҳибкасбу бомаърифат гардам ва дар пешрафти соҳаҳои гугогуни кишварам саҳмгузорӣ намоям.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив