Ҳаёт ва фаъолияти Сайфи Фарғонӣ


Нақша:

1) Рӯзгори шоир
2) Мероси адабии Сайфи Фарғонӣ
3) Инъикоси вазъи замон дар қасоиди шоир
Хулоса


Сайфи ФарғонӣСайфиддин Муҳаммади Фарғонӣ яке аз шоири барҷастаи адабиёти халқи форсу тоҷик ба ҳисоб меравад. Ӯ дар нимаи аввали асри XIII дар Фарғона таваллуд шудааст. Ӯ дар натиҷаи саъю кӯшиш аз илмҳои маъмули замона бархӯрдор мегардад. Дар баробари ин дар назди устодон илми арӯз, қофия ва санъати бадеиро аз худ менамояд. Замоне ки муғулҳо ба Мовароунаҳр наздик мешаванд, шоир маҷбур мешавад, ки умран Фарғонаро тарк кунад ва ба Эрон сафар мекунад. Ӯ дар роҳ ба таъқиби муғулҳо дучор мегардад ва ноилоҷона ба Табрез фирор мекунад. Шоир дар онҷо мудате мемонад. Сайф маҳз дар ҳамин ҷо асарҳои Саъдии Шерозиро хонда, ғоибона бо ӯ шинос гардид. Дере нагузашта ба Шероз ба зиёрати Саъдӣ меояд. Дар инҷо шоир бо вазир Шамсиддини Соҳибдевон дӯстии зич пайдо мекунад. Ҳаёти шоир дар Шероз хеле хуб буд. Вале мутаасифона ҳаёти осуда, шабнишиниҳову базмҳо дер давом накард. Бо васвасаи баъзе аз ҷоҳилони дарбор Шамсиддин бо ҷурми хиёнат туҳмат карда ба қатл расониӣда мешавад. Акнун Сайф ба Осмёи Сағир, ба Туркия рӯ оварда дар щаҳри Оқсаройи туркони усмонӣ манзил ихтиёр мекунад. Ҳамин тавр Сайфиддин Муҳаммади Фарғонӣ дур аз ватан соли 1036 дар шаҳри Оқсаройи Туркия вафот мекунад.

Сайфи Фарғонӣ ба ояндагон мероси гаронарзише аз худ боқӣ гузоштааст. Сайф тамоми осорашро дар қайди ҳаёт буданаш мураттаб сохтааст. Ва он бо номи ”Девони Сайфи Фарғонӣ” машҳур аст. Девон аз 573 ғазал 160 қасида 4 қитъа ва 23 рубоӣ иборат аст, ки ҳамагӣ 10500 байтро ташкил медиҳад. Сайф дар сурудани ғазалу қасида ба Саноии Ғазнавӣ Хоқонии Шарвонӣ ва махсусан ба Саъди Шерозӣ пайравӣ намудааст.

Маро боз иттифоқ афтод ишқи саврболое,
 
Ки ҳуснаш маҷлисафрӯз асту рӯяш оламорое,
 
Маро султони ҳуснаш гуфт: Агар аз баҳри мо дорӣ.
 
Диле пурхун зи андӯҳе саре машҳур зи савдое.

Сайфи Фарғонӣ дар мақтаи ғазал боз Шайх Саъдиро ёд мекунад. Дар мазмуну мӯҳтавои ғазал ҳамақида ва ҳаммаром будани хеш иброз медорад.

Азизи Миср нашносад ки ӯро кист дар хона.
 
Камоли ҳусни Юсуфро надонад ҷуз Зулайхое.
 
Чу Саъдӣ Сайфи Фарғонӣ ҷаҳонро узр мегӯяд:
 
На ман танҳо гирифторам ба доми зулфи Зебое.

Ғазалиёти Сайфи Фарғонӣ аслан инқиянд. Ишқи шоир ба ду маънист: ҳам ишқи воқеӣ ва ҳам ишқи иллоҳӣ. Ҳамон ғазале ки дар боло омадааст, дар ишқи иллоҳист ва ғазали Саъдӣ ҳам дар ҳамин мавзӯъ суруда шудааст. Дар ғазалиёти шоир мавзӯъҳои иҷтимоӣ ахлоқӣ низ ба назар мерасанд, ки дар онҳо муғулони истилогар ононро шоир ба зери тозиёна танқид мегирад.

Муғулҳо дар асри XIII ба қаламрави тоҷикнишин ҳуҷум карданд. Мардуми зиёде кушта шуд. Таърихнигорон бо асарҳои таърихиашон нақошон бо асарҳои наққошиашон дилашонро холӣ мекарданд. Шояд аз дигарон бештар ва сахтар Сайфи Фарғонӣ ин ваҳшониятро аз сар гузаронидааст.

Ӯ дарди дили худро тавассути шеърҳояш мебаровард. Дар бораи истилогарони муғул қасидаҳои танқидӣ менавишт. Қасидаҳои Сайфи Фарғонӣ содаю фаҳмост. Маънои онро ба хубӣ метавон дарк кард.

Манам ёро бад-ин сон уфтода.
 
Диламро сӯз дар ҷон уфтода.
 
Ғами чандин парешонҳол имрӯз
 
Дар ин табъи парешон уфтода.
 
Бубин дар нони халқ ин каждумонро
 
Ки чун дар гӯшт кирмон уфтода.
 
Дареғо мукнати чандин тавонгар
 
Ба дасти ин гадоён уфтода.
 
Аз ангушти Сулаймон рафта хотам
 
Вале дар дасти девон уфтода.

Хулоса, новобаста аз он ки вазъи сиёсӣ дар он замона нохуб буд, шоир-Сайфи Фарғонӣ ба эҷод намудан машғул мешуд. Саъю кӯшиши худро барои дар насли оянда гузоштани мероси адабӣ дареғ намедошт.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив