Нақша:
Муқаддима
1. Мухтасари тарҷумаи ҳоли бедил
2. Осори назми ва насрии Ӯ
3. Мӯҳтавои ашъори шоир
Мулоса
Мирзо Абдулқодир Бедил яке аз намояндагони бузурги адабиёти классики форсу тоҷик ва барҷастатарин шоири форсизабони Ҳиндустон маҳсуб мешавад. Бедил соли 1644 дар шаҳри Азимободи вилояти Банголаи Ҳиндустон ба дунё омадааст. Номи аслии шоир Абдулқодир буда тахаллуси адабиаш Бедил будааст. Гузаштагони шоир аслан аз атрофи шаҳри бостонии Самарқанд будаанд. Баъдан ба Ҳиндустон сафар намуда он ҷоро ҷойи зисти худ қарор додаанд. Унвони “МИРЗО” гирифтани номи Бедил ба авлоди бузург мансуб будани ӯ далолат мекунад. Касбу кори падару бобоёни ӯ сипоҳӣ будааст. Баъд аз вафоти падар модараш ӯро ба мактаб медиҳад. Ҳангоми таҳсил дар мактаби ибтидоӣ Бедили хурдсол аз қонуну қоидаи забони форсии тоҷикӣ, арабӣ ва аз назму насри форсии тоҷикӣ хуб баҳравар мегагдад. Аз овони кӯдакӣ ба шеъру шоирӣ ҳаваси беандоза доштааст. Ба қавли худи шоир ҳангоми 10 сола буданаш бахшида ба яке аз ҳамсабақонаш рубоии зеринро тақдим намудааст:
Ёрам ҳар гаҳ дар сухан меояд,
Бўи аҷибаш аз даҳан меояд.
Ин бўи қаланфур аст, ё накҳати гул?
Ё роиҳаи мушки Хутан меояд.
Баъд аз таҳсили мадраса амакаш тарбияи Бедилро бевосита ба зимаи худ мегирад.Ӯ ҳамчун устоди сухан ва шеъру адаби форсӣ ба воя мерасад. Ва ниҳоят дар синни 77 солагӣ соли 1721 дар Деҳлӣ вафот мекунад.
МирзоБедил аз овони ҷавонӣ ба фаъолияти илмиву адабӣ корҳои эҷодӣ сарф кардааст. Ӯ зиёда аз 65 соли умри бобаракати худро ба корҳои эҷодӣ сарф кардааст. Асарҳои зиёди назмиву насрӣ таълиф намудааст. Аз шоир осори зиёде боқӣ мондааст: “Дебоча” “Ирфон” “Тӯримаърифат” “Нукот” “Ишорот ва Ҳидоёт” “Руқаот” “Чор унсур” “Муҳити аъзам” “Тилисми ҳайрат” “Ғазалиёт” “Рубоиёт” “Қасоид” “Ташбеҳ ва тамсилот”…
Бедил дар асарҳои худ ба масъалаҳои гуногун дахл намудааст. Тағрибу ташвиқи адлу инсоф танқиди зулму золимӣ дар асарҳои шоир мавқеи муҳим доранд. Аз руйи фикру андешаи Бедил дар он ҷое, ки зулму ситам ҳукмрон бошанд он ҷо адолат пойдор буда наметавонад.
Мирзо Бедил беадолатӣ ва зулму ситами ба сари халқи меҳнаткаш омадаро аз кинаву адовати соҳибмансабону ҳокимони золим медонад:
Аз фақирон ба кас ситам нарасад,
Гардани аҷз ба ҳам нарасид.
З аҳли ҷоҳ ин ҷунун бурун задааст,
Ки ҷаҳон ҷоми дил ба хун задааст.
Бедил чунин ақида дорад, ки зиндагии хубу осудаи золимон аз паси чандин меҳнати тоқатфарсои мардуми оддӣ ба миён меояд:
Эй номи ту гарм аз тафи дилҳои кабоб!
Аз хиҷлати зулм боядат гаштан об!
То коми ту молида як ангушт асал.
Бунёди ҳазор хона гаштаст хароб!
Дар ҳақиқат аҳли ҷоҳу сарватмандон танҳо бо роҳи дуздию қаллобию ғоратгарӣ соҳиби пулу молу мулк мегарданд.
Киссаи ҳеҷ касе надид пурӣ,
То накард ихтиёри кисабурӣ.
Шоир дар осори худ кибру ғурур ва ҷоҳу сарвати шоҳону давлатдоронро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода ба онҳо чашми умед бастанро хато меҳисобад:
Аз дунёдор умедро поя махоҳ,
Чуз карру фари либосу пироя махоҳ.
3-ин қавм таваққўи ҳимоят пуч аст,
Аз сақфи баланди осмон соя махоҳ.
Шоир мазлумонро даъват мекунад, ки ба золимони бераҳму сангдил мувофиқи рафтору кирдораш бояд амал намуд:
Золим пўшад либоси хунбофтаро,
То зер кунад хасми забунёфтаро.
Бо сангдилон шиори худ сахтӣ кун,
Бардор ба оҳан оҳани тафтаро.
Ҳамин тариқ шоир хостааст, ки бо фикру андешаҳои пешқадами худ мақому мартаба ва қудрату тавоноии инсонро баланд бардорад ва дар тарғибу ташвиқи ин мавзӯи муҳим саҳми худро гузорад.
Комментарии (0)