Имлои зарф


Якҷо навишта мешаванд:

Имлои зарфа) зарфҳое, ки бо пешвандҳои ба-, бо-, бар-, бе-, дар-, но- ва то— сохта шудаанд: баногоҳ, бакуллӣ, бодиққат, бомуваффақият, ботафсил, бар-вақт, барқасд, бемаврид, дарҳол, дарвоқеъ, ногоҳ, торафт ва ғ.;

б) зарфҳои мураккаб: дузону, дучанд, якзайл, якпаҳлу, чорзону, кинояомез, пасфардо, порсол, парерӯз, умрбод ва ғ.;

в) зарфҳое, ки аз шумораву исм бо пасвандҳои —а, ва —ӣ (-гӣ) сохта шудаанд: дудаста, дутоӣ, садметрӣ, седонагӣ, панҷдонагӣ ва ғ.;

г) зарфҳои мураккабе, ки ба воситаи миёнванди —о- (-ё-) сохта шудаанд: дуродур, сарозер, лаболаб, пасопеш, паёпай ва ғ.;

ғ) дар зарфҳое, ки аз шумораи миқдории таркибӣ ва исми ченаку андоза бо пасванди —ӣ (-гӣ) сохта шуданд, танҳо калимаи охири шумора бо исм якҷо навишта мешавад: чорсаду панҷоҳкилоӣ, сиву ҳашткилоӣ, ҳафтсаду наваду шашдонагӣ ва ғ. 

Ҷудо навишта мешаванд:

а) зарфҳое, ки аз такрори калима ва пешоянд иборатанд: дам ба дам, рӯз то рӯз, ваҷаб ба ваҷаб, сол ба сол, хона ба хона ва ғ.;

б) зарфҳое, ки аз ибораи изофӣ сохта шудаанд: дасти холӣ (омадан), сари остин (салом кардан), сари по (нишастан), пойи луч (давидан) ва ғ.

Бо нимтире навишта мешаванд: 

а) зарфҳое, ки аз такрори калима сохта шудаанд: аҳён-аҳён, доман-доман, даста-даста, гурӯҳ-гурӯҳ, зуд-зуд, оҳиста-оҳиста, сето-сето, ҷо-ҷо, халта-халта ва ғ.; 

б) зарфҳое, ки ҷузъи шуморавии онҳо бо рақам ифода ёфтааст: 450-килоӣ, 300-грамӣ, 10-тонӣ, 90-сарӣ ва ғ.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив