Ҳаёт ва фаъолияти Хусрави Деҳлавӣ


Хусрави ДехлавиВолидайни Амир Хусрав дар шаҳри Сабз рӯзгори бофароғат доштанд. Вале рӯзгори ононро омад-омади Чингизхони хунхор нороҳат кард. Падари Хусрав марди майдон ва шахси бовиқоре буд ва дар қатори ҳазорҳо мардум аз ин тундбоди шум зору нолон ватанро тарк намуда, ҷониби Ҳинд пеш гирифтанд. Ҳамин тавр, Сайфиддин Маҳмуд-падари Хусрав дар дарбори султонҳои Деҳлӣ ба хизмат пардохт ва дар шаҳрчаи Патёлаи наздики Деҳлӣ макони зист ихтиёр кард. Соли 1253 дар ҳамин шаҳрча Амир Хусрав чашм ба ҷаҳон бикшод. Аммо хурсандии ин оила дер давом накард. Панҷаи хуношоми Чингизиён диёри биҳиштосои Ҳиндро низ панҷа бизад ва боз ҷангҳои хунин саросари ин кишварро ноором гардонид. Султонҳои Ҳинд барои истиқлолро озодӣ ба по хестанд ва алайҳидушмани ғаддор миён бастанд. Падари Хусрав Сайфиддин Маҳмуд, ки марди сипоҳӣ буд, дар ин набардҳо алайҳи чингизиён сахт биҷангид ва далерию шуҷоат нишон дод. Вале дар яке аз муҳорибаҳои сахттарин дар назди шаҳри Деҳлӣ аз дасти шамшери ҷонситони муғул ҷон бидод. Он вақт Хусрав нав ба 8 қадам монда буд.

Ин ҳодисаи нохуш рӯзгори ғарибонаи ин оиларо боз ғамангезтар ва нохуштар гардонд. Хусрав аз худ калон 4 бародари дигар бо номҳои Иззуддин, Алишоҳ, Тоҷуддин, Зоҳид дошт. Таъмин кардани рӯзгор барояш осон набуд.

Аммо хушбахтона, бобои Хусрав аз тарафи модар Имодулмулк ба имдодашон бирасид ва аз ҷиҳати моддӣ ва ҳам маънавӣ ба аҳли хонавода дасти ёрӣ дароз кард. Хусрав тавонист дар зери қаноти бобои хайрандешаш Имодулмулк пайраҳаи илму донишро тай кунад. Хусрав некиҳои бобояшро тамоми умр фаромуш накард.
 Ҳамин тавр, дар пеши донишмандон ва уламони соҳибном илмҳои маъмули он вақтаро омӯхт ва аз бар намуд. Махсусан дар илми шеъру мусиқӣ бемисл гашт ва дар айёми хурдсолӣ устодони ин фанҳо имтиҳонаш бикарданд.

Гузашта аз ин, Хусрав пайваста эҷодиёти шоирони пешин, девонҳои шуарои мутааххиринро меомӯхту аз бар менамуд. Ба ин восита истеъдоди модарзодиашро сайқал медод. Овозаи камолаш ба гӯши султонҳои Ҳинд расид ва ӯро ба дарбор даъват намуданд. Соли 1273, ки он вақт танҳо аз бист баҳори рӯзгораш бархӯрдор гардида буд, по ба дарбори Чаҳҷу гузошт. Ду сол дар ин даргоҳ надими хоссаи султон гардид. Боре амакбачаи Чаҳҷу Буғрохон-ҳокими Мултон меҳмони Чаҳҷу гардид ва бо Хусрав сӯҳбат намуд. Барояш сӯҳбат басо самимӣ буду хушаш омад ва фармуд, ки ба Хусрав туҳфаҳои лоиқ бидиҳанд ва пасон ӯро ба дарбори хеш ба Мотон даъват намуд. Ин рафтору кирдори Буғрохон ба Чаҳҷу бисёр сахт расид. Нахуст ба рафтанаш иҷозат надод ва сониян аз пайи нест кардани Хусрав гардид. Хусрав нияти Чаҳҷуро фаҳмид. “Чанд рӯзе бигзашт, гузаштаҳо ҳанӯз аз хотираш нарафта буд. Хост, ки маро нишони боло созад.Бинобар ин роҳи сомонияро пеш гирифтам” – менависад Хусрав.

Пас аз муддате шоир аз сомония боз ба Деҳлӣ боз мегардад ва ба дарбори Ғиёсиддин Балабон ба хизмат мепардозат. Вале дере нагузашта, писари Ғиёсиддин Муҳаммадсултон, ки дар Мултон ҳоким буд, аз падар илтимос мекунад, ки Хусравро ба наздаш ба Мултон бифиристад. Хусрав ба мултон меояд ва дар ҳамин ҷо ба Ҳасани Деҳлавӣ вохӯрда, риштаи дӯстӣ мебандад. Ин дӯстии ду шоири тавоно то поёни рӯзгорашон гусаста намегардад. Вале ин суҳбатҳо, нишоту базмҳои ошиқонаю орифона, маҷлисҳои шеъру суруд, дар назди ин шоҳзодаи шеърдӯсту шоирпарвар Муҳаммадсултон дер давом накард. Соли 1286 лашкари муғул ба Мултон ҳуҷум карда, мулкро хароб гардонид. Дар ин ҷанг Муҳаммад ба қатл расид. Хусрав ва Ҳасан бошанд, асири лашкари муғул гардиданд. Муддате нагузашта, онҳо аз асирии муғулҳо раҳо ёфтанд.

Хусрав чун аз асирӣ раҳо ёфт, боз ба назди пайвандон ба назди модари меҳрубонаш ба Патёлӣ омад ва аз дидори модари меҳрубон шод гардид.

Амир Хусрав чанд муддат бо модару фарзандон дами беғам бизад. Аз суҳбати дӯстону дидори ёрони меҳрубон шоду мамнун буд. Бештар ба корҳои эҷодӣ банд гардид. Достонҳои таърихиашро дар ҳамин давра иншо кард. Модараш Давлатноз дар паҳлуяш буду бо суханони модарона илҳомаш мебахшид. Вале ҳар чиз авалу анҷом дорад ва умри инсон ҳам. Давлатноз соли 1299 болои дастони фарзанди мушфиқу меҳрубонаш Хусрав ҷон дод. Хусрав ин сӯзӯ гудоз ва ин дарду алами хешро дар достони “Лайлӣ ва Маҷнун” баён намудааст.

Амир Алоуддин (1296-1316) Хусравро боз ба дарбор даъват менамояд. Азбаски шеърдӯсту шоирпарвар набуд, ба Хусрав чандон аҳмият надод. Алоуддин танҳо барои нишон додани салобати давлати хеш уламою удаборо гирд оварда буд, вале онон наметавонистанд, ки дарборро ба ихтиёри худ тарк кунанд.
 Амир Хусрав бештар аз султон Ҷалолиддин Фирӯзшоҳ некиҳои зиёд дида буд. Ӯро ба мансаб расонид ва ба унвони ифтихории амирӣ сазовор гардонид. Амир Хусрав подоши некиҳои ӯро хеле хуб ёд кардааст:

Чунин бахшише к-аз ту ҳам ёфтам,
 
Зи шоҳони пешина камёфтам.

Амир Хусрави Деҳлавӣ фарзандони зиёд дошт.

Амир Хусрав дар ҷойи асарҳояш аз фарзандонаш ёд кардааст. Масалан, ду духтар Афифа ва Мастура, писаронаш Масуд, Хизр Рукнуддин, Айнуддин, Малик Аҳмад ва Муҳаммад ҳамагӣ 8 нафар фарзанд доштааст. Малик Аҳмад марди фозил ва орифу шоири намоёни замони худ мегардад.

Ҳамин тавр, Амир Хусрави Деҳлавӣ дар синни 72-солаги 27 сентябр соли 1325 дар шаҳри Деҳли вафот мекунад. Ҷасади шоирро дар паҳлӯи пири рӯҳонияш Низомуддини Авлиё ба хок месупоранд.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив