Ҳаёт ва фаъолияти Убайди Зоконӣ


Убайди ЗокониНизомиддин Убайди Зоконӣ яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти тоҷику форс аст. Ӯ аз тарафи муҳаққиқон ба ховар шиносон дар таърихи адабиёти ҳазорсолаи тоҷику форс бузургтарин адиби ҳаҷвнигор эътироф шудааст. Чн сухан аз ҳаҷву мутоиба равад, ҳамоно пеши назар симои ин адиби фозилу оқил ҳамабину ҳамадон пеши назар меояд.

Убайди Зоконӣ соли 1270 дар деҳаи Зокони вилояти Қазвин (дар қисмати шимоли Эрон) дида ба ҷаҳон бикшуд. Номе, ки волидонаш ба ӯ гузошта буданд, Убайдуллоҳ буд.

Шоир чун ба камол расид, номашро андак ихтисор (Убайд) намуда, онро тахаллуси хеш қарор дод ва бо номи Убайди Зоконӣ машҳур гардид.

Убайди Зоконӣ аз авлоди давлатмандон соҳибмансабон ба дунё омад. Гузаштагонаш соҳиби вазорат буданд ва дар дарбори подшоҳон ҳамяун вазиру дабир хизмат карда буданд, ки падари нависанда ҳам аз ин файз андак бархӯрдор гардида будааст. Бинобар ин Убайд дар ин хонадони бофазлу хирад рушду камол ёфт, зинаҳои таълимро нахуст дар зодгоҳ ва пасон дар Қазвин тай кард. Ӯ илмҳои маъмули замонашро дар назди уламои бузург омӯхт ва соҳибмаърифат гардид. Баъд ба сайру саёҳат баромад. Нахуст ба шаҳри Бағдод рафт ва бо аҳли адаб ва донишмандони маъруф вохӯрд, суҳбат орост ва боз қалбашро аз илму ирфон фузӯнтар гардонд. Убайд дар ҷамъомаду нишастҳо бо аҳли адаб шеърҳояшро қироат мекард. Ва шӯҳраташ боло гардид. Убайди Зоконӣ ба ватан баргашт, ӯро ба дарбор даъват карданд ва лоиқи вазифаи волое гардониданд. Дар ин давра рӯзгораш хуш буду табъи болидае дошт ва аз зиндагиаш қаноатманд буд. Ба ҳамин хотир дар шеъри зерин ҳаёти пурнишоташро ёд карда чунин мегӯяд:

Пеш аз ин аз мулк ҳар соле маро
 
Хурдае аз ҳар каноре омадӣ.
 
Гаҳ-гаҳе ҳам бода ҳозир мешудӣ,
 
Гаҳ надиме ё нигоре омадӣ.

Вале чунин рӯзгори босаодат дер давом накард.

Убайди Зоконӣ дар як рубоии дигараш ба нодори ва қашшоқии хеш ишорат карда, бо сад сӯзу гудоз вазъи рӯзгорашро тасвир кардааст.

Убайди Зоконӣ бо умеди беҳ шудани рӯзгор боз озими шаҳри Бағдод гардид. Рӯзгораш торафт рӯ ба инқироз овард ва барои гузаронидони зиндагиаш маҷбур шуд, ки ба аҳли сарват рӯ биёрад ва қарз бигирад. Нависанда қарзҳои хешро дар сари вақт дода натавонист, балки боз маҷбур шуд, ки аз онҳо қарзи дигар бигирад. Дар ин гуфтор наметавон шубҳа кард, зеро эҷодиёти ӯ ва бахусус латифа ва мутоиботи адиб ба ин гуррӯҳанд. Нақл аст, ки Убайд пеш аз маргаш ба фарзандон васиат намудааст, ки ганҷинае дорад ва пас аз марг онро бикшоянд ва дар маросимаш сарв кунанд, ва бақияашро байни худ тақсим намоянд. Чун Убайд вафот кард, фарзандон хазинаро кушоданд ва дар он хазина танҳо ҳамин байтро ёфтанд:

Худой донаду ман донаму ту ҳам донӣ,
 
Ки як фулус надорад Убайди Зоконӣ.

Ҳамин тавр, Убайди Зоконӣ дар пиронсолӣ дар Шероз соли 1370 аз дунё гузашт. Сад сол умр дид. Убайд умри хешро ройгон нагузаронид ва аз хеш мероси гаронбаҳое ба наслҳои оянда гузошт.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив