Нақша:
Муқаддима
- Мухтасари тарҷумаи ҳоли шоир
- Мероси адабии шоир
- Хулоса
Абӯабдуллоҳи Ҷаъфар бинни Муҳаммад Рӯдакӣ соли 858 дар деҳаи Панҷрӯди водии Зарафшон ба дунё омадааст. Рӯдакӣ тахаллуси шоирии устод аст, ки аз номи деҳаи зебои худ Рӯдак гирифтааст. Падари Рӯдакӣ аз табақаи боимтиёз ва шахсони соибэҳтироми водии худ буда, ба тарбияи фарзандаш аҳамияти бузург додааст. Ӯ маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳи худ гирифта, аз худ истеъдоди баланде зоҳир намудааст. Рӯдакӣ чунон зираку доно будааст, ки дар синни ҳафтсолагӣ “Қуръон”-ро ба пурраагӣ ҳифз намудааст.
Устод Рӯдакиро дар таърихи илму фарҳанги адаби форсии тоҷикӣ бо номҳои сардафтари адабиёти классикӣ, асосгузори назми форсии тоҷикӣ, устоди шоирон султони шоирон, маликушшуаро ва одамушшуаро ёд мекунанд. Ӯ шеъру шоириро низ аз ҳаштсолагӣ оғоз намудааст. Рӯдакӣ дар баробари зеҳни гирову ақли расо овози хуш ва савти дилкаше низ доштааст. Ӯ азми сафари Самарқанд таҳсили илм менамояд. Шоир дар бораи ба илми мусиқӣ шавқу рағбат доштани худ чунин ишора мекунад:
Рӯдакӣ чанг бигрифту навохт,
Бода андоз, к-ӯ суруд андохт.
Рӯдакӣ соҳиби девони бузург будааст. Ба ғайр аз ин, аз шоир ба мо абёти алоҳидаи достонҳои “Калила ва Димна”, “Синдбоднома”, маснавии “Даврони офтоб” ва қасидаҳои “Шикоят аз пирӣ”, “Модари май” боқӣ мондааст. Ҳамаи ин гуфтаҳои боло аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки устод Рӯдакӣ шоири пурмаҳсул будаанд. Афзунии миқдори шеърҳои Рӯдакиро қайд намуда, шоири асри XI Рашидии Самарқандӣ чунин мегӯянд:
Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба некӯшоирӣ,
Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ
Шеъри ӯро баршумурдам: сенздаҳ раҳ сад ҳазор
Ҳам фузун ояд, агар, чунонки бояд, бишмарӣ.
Аз ҳамаи ин осори бузурги устод Рӯдакӣ акнун танҳо ҳазор байт боқӣ мондаасту халос.
Достони “Калила ва Димна”, аслан, достони ҳиндӣ буда, дар асри VI аз ҳиндӣ ба паҳлавӣ тарҷума шудааст. Баъдан, ба арабӣ баргардонида шуд. Рӯдакӣ достонро аз рӯйи тарҷумаи тоҷикии Балъамӣ ба риштаи назм кашидааст. “Калила ва Димна” асари пандуахлоқӣ мебошад.
“Модари май” қасидаи мадҳӣ буда, дар васфу ситоиши шоҳи Хуросон навишта шудааст.
Қасидаи “Шикоят аз пирӣ” дорои 34 байт буда, қасидаи шарҳиҳолӣ номида мешавад. Рӯдакӣ ин қасидаро дар рӯзҳои пириву сахтии зиндагии худ эҷод кардааст. Қасидаи “Шикоят аз пирӣ” лаҳзаҳои муҳимтарини ҳаёти шоир, хусусан пастиву баландиҳои рӯзгори онро ба ёд меорад. Асари дигари шоир маснавии “Даврони офтоб” ба ҳисоб меравад, ки дар бораи ҳаракат, хосияту хусусиятҳои табии офтоб нақлу ривоят мекунад. Мероси адабии боқимондаи устод Рӯдакӣ аз қасида, ғазал, қитъа, рубоӣ ва маснавӣ иборат аст. Ашъори дигари боқимондаи Рӯдакӣ, махсусан ғазалҳои ӯ, аз нигоҳи мазмун ва мундариҷа ба монанди қасидаҳои ӯ рангорангу ғанӣ мебошанд. Маснавиҳои шоир, асосан, қиссаву ривоятҳо, саргузаштҳои ибратомӯз, панду ахлоқи инсони нек ва афкору андешаи инсондӯстонаи ӯро фаро гирифтаанд.
Комментарии (1)