Зумрае аз муҳаққиқони Ғарбу Шарқ аз аввалҳои садаи XIX сар карда, доир ба абёти парокандаи маснавиҳои «Калилаю Димна» ва «Синдбаднома»-и устод Рӯдакӣ фикру мулоҳизаҳои ҷолибе баён кардаанд. Паул Ҳорн,(1) Саъид Нафисӣ,(2) Евгений Бертельс,(3) Шарифӣон Ҳусейнзода(4) бештар аз хусуси абёти парешони «Калилаю Димна(5)»; Дабир Сиёқӣ(6) ва Ҷ. Азизқулов(7) зиёдтар роҷеъ ба байтҳои олоҳидаи «Синдбаднома» сухан рондаанд...
Саъид Нафисӣ дар қисми сеюми «Аҳвол ва ашъори Абӯ Абдуллоҳ Ҷаъфар бинни Муҳаммади Рӯдакӣ» ашъори парешони аз маснавиҳо боқимондаи устод Рӯдакиро овардааст.(8)
Натиҷаи таҳқиқоти ин муаллифон барои мо заминае шуданд, ки бори нахуст роҷеъ ба бисту чаҳор байти парешони «Синдбаднома»-и Рӯдакӣ дар муқоиса бо «Синдбаднома»-и мансури Заҳирии Самарқандӣ (асри XII) мулоҳиза биронем ва аз кадом фаслу боби асари Рӯдакӣ будани онҳоро муайян намоем.
Дар ин маврид меъёри таҳқиқи мо қонунияти тағйири сюжет, тартибу сохтори банду баст ва симою образҳои муҳимтарини асарҳои ҳамном ва дар як мавзӯъ таълифёфтаи адабиёти форсу тоҷик ба мисли «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-ҳои насрӣ, «Лайлию Маҷнун», «Хусраву Ширин»-и Низомӣ, «Юсуфу Зулайхо»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, Нозими Ҳиротӣ ва Ҷунайдулоҳи Ҳозиқ буданд. Ҳоло ин ҷо доир ба ҷузъиёти тағйири хатти сюжет, банду баст ва симоҳои устувори ин асарҳо сухан намеронем. Албатта дар асарҳои ҳамному ба як мавзӯъ бахшидаи классикони адабиёти форсу тоҷик марбут ба ҷаҳонбинию ғоя ва консепсияи адабию ҳунари бадеии шоиру нависандагони давраҳои мухталиф, хатти сюжет, банду баст ва нақшу симоҳои муҳимтарин то дараҷае тағйир ёфтанд. Аммо ин тағйирот асосан вижагиҳои ҷузъӣ доранд.
Аз ин рӯ, дар чунин асарҳо риштаи сюжет, банду баст ва симоҳои муҳимтарин тағйироти ҷиддие надида, асосан дар як қолаби муайян ва сурати суннатӣ боқӣ мондаанд.
Бинобар ин нигорандаи ин сатрҳо ба эътибори ҳамин қонуният ва ёрии сюжети асари Зоҳирии Самарқандӣ мазмуни аввал ва инкишофи мантиқии чанд байти устод Рӯдакиро дарёфт кардан мекушод. Чунончи, аз «Синдбоднома»-и Рӯдакӣ байти зерин боқист:
Баски бар гуфта пушаймон будаам,
Баски бар нагуфта шодан будаам(с. 137).(9)
Мазмуни ин байт аз як лаҳзаи аввали «Достони шоҳи Кашмир бо пилбон»-и «Синдбоднома»-и Зоҳирии Самарқандӣ аст, ки мазмуни бевосита ба ҳикоят марбути достон ин аст:
Чун Синдбод ба шоҳзода илму ҳунарҳои замонаро ёд медиҳад, вале ӯ дар ситораи бахту толеи шогирд ҳафт рӯз бадбахтию хатарҳо мебинад. Ӯ ба шаҳзода маслиҳат медиҳад, ки бояд дар зарфи як ҳафта аз илму фазилати худ ба фарде сухане нагуяд ва дар имтиҳони вузарою уламо лабе накушояд. Шоҳзода ба гуфтаи устодаш риоя менамояд ва ба касе сухане намегӯяд. Аз ин ҳол надимон гумон мекунанд, ки шоҳзода дар назди ҷамоат ҳиҷолат мекашад ва ба ин сабаб ӯро ба ҳарам-назди канизакон мефиристанд, то ки он ҷо бе ибо сухане бигӯяд. Дар байни канизакон зане ошиқи шоҳзода буд ва ӯ шоҳзодаро ба ҳуҷраи хеш даъват мекунад. Шоҳзода даъвати занро намепазират. Вале канизак бо ғазаб изҳор мекунад, ки агар хоҳиши ӯ рад гардад, вай падари шоҳзодаро ҳатман заҳр дода мекушад. Вақте канизак ин суханонро мегуяд, шаҳзода дар ҳолати изтироб аз хона берун меравад ва канизак аз биму пушаймонӣ худ ба худ мегуяд: «Ин суханон наандешида гуфтам ва ин тадбир носанҷида кардам ва аз мазмуни ботини ӯ ғофил (с.36). Зоҳиран дар байти Рӯдакӣ танҳо иникоси аҳволи лаҳзаи охирини канизак боқӣ мондааст. Ба ин мулоҳиза ибораҳои «гуфта пушаймон будаам», «нагуфта шодон будаам»-и Рӯдакиву «ин суханон ноандешида гуфтам ва тадбир носанҷида кардам»-и Зоҳирӣ аз як сарчашма об мехӯранд.
Дар «Синдбоднома»-и Рудакӣ ин байт ҳаст:
Шоҳ дигар рӯз боғ орост хуб,
Тӯҳфаҳо бинҳоду баргустурд буб (с 139).
Мазмуни ин байт бо як лаҳзаи «Достони забон кушодани шоҳзода рӯзи ҳафтум–и Заҳирӣ мувофиқат дорад. Чун ҳафт рӯзи хатар гузашт, шоҳзода забон кушода ба маслиҳатҳои нек ва дурандешиҳои вазирони падар минатдорӣ кард. Пас хоҳише намуд, ки шоҳ бояд маҷлисе биорояд, то ҳакимону вазирон ҳозир оянд ва дар мунозираи илмӣ иштирок кунанд ва дар маъракаи дониш мушоварат намоянд, суолҳо гӯянд ва ҷавобҳо шунаванд. Вазир ин хабар ба шоҳ расонд. «Шоҳ аз шунидани ин суханон хушҳол шуд ва дар боғи мушоҳадат гулзори масарраташ бишкуфт ва бифармуд, ки то аъёну аркон ва хосу ом ҳозир оянд ва маҳфил барпо намоянд». (с. 139). Зоҳиран дар ин достони Рӯдакӣ мувофиқи инкишофу рувоҷи воқеа,хатти сюжет ва банду басти он пас аз иҷрои фармони шоҳ ҷой дорад.
Байти зерин ҳам аз «Синдбоднома»-и Рӯдакӣ:
Гурбузони шаҳр бар ман тохтанд,
Ман надонистам чӣ пунбал сохтанд. (с. 140)
Мазмуни ин байт аз қиссаи «Пири нобино ва бозоргону таророн»-и Заҳирӣ ба даст омад, ки мухтасари он ба қарори зерин аст: «Рӯзе бозаргоне хабар меёбад, ки дар фалон сарзамин чӯби сандал баробари зари холис арзиш дорад. Бозаргон бо чӯби зиёди сандал ба он сарзамин меравад». Дар он диёр аксари мардум бисёр ҳилагар буданд. Яке аз онҳо ба ҳилат сандалҳои бозоргонро ба нархи арзон мехарад. Бозаргон ба хонаи пиразане меояд ва диноре ба ӯ медиҳад, тарбияташ нашояд. Пиразан ба ӯ мефаҳмонад, ки мардуми ин шаҳр бағоят маккоранд, аз ин рӯ ба касе сухан нагӯяд ва доду гирифте накунад. Вале бозаргон дар аснои сайргашти шаҳр ба ҷое мерасад, ки ду нафар нард мебозиданд. Онҳо бозоргонро ба бозии нард даъват карда, шарте мегузоранд, ки агар касе нардро бибарад ҳарчӣ хоҳад бояд бикунад. Бозаргон ба шарт розӣ мешавад. Аммо он ду кас дарҳол дар нард бозоргонро мағлуб карда шарт мегузоранд, ки бояд оби баҳреро ба як фурӯъ кардан бихӯрад. Бозоргон муттаҳайир мемонад. Мардум ҷамъ мешаванд. Бозоргон марди сурхрую кабудчашме буд. Чунин марди якчашма омада ба вай тӯҳмат мекунад, ки бозоргон чашми ӯро дуздидаасту боз бидиҳад ва ё қимати чашмаш баргардонад. Дигаре пораи санги мармарро назди ӯ ниҳода даъво мекард, ки маро аз ин санг пироҳану эзоре бидӯз ё баҳои он бидеҳ. «Дар ин асно хабар ба пиразан мерасад ва ӯ бозоргонро аз дасти ҷамоати тарророн холос мекунад ва бозоргон» «бо ҳазор ғам ошуфтаву андӯҳгин ба хона омад. Ашки рангин аз фаввораи дида меборид ва ангушти ҳайрат ба дандони надомат мегазид» (с. 152-160).
Чунон, ки мебинем, дар охири ин ҳикоят Зоҳирии Самарқандӣ мазмуни байти Рӯдакиро мувофиқи завқ, солиқа ва услуби бадеии худ ба таври хеле барҷаста овардааст. Ҳам дар байти Рӯдакӣ ва ҳам дар охири ҳикояти Зоҳирӣ сухан аз амали ғайри чашмдошти ҳилагарон дар ҳолати бисёр ҳайрате афсусу надомат намудани қаҳрамони асар меравад. Маълум аст, ки дар асари Зоҳирӣ бозоргони ба доми макри ду нардбоз офтода, «ангушти ҳайрат ба дандони надомат» мегазад. Ба ин қиёс ва мувофиқи қонунияти тағйири хатти сужет, банду баст ва устувории тасвири нақшҳои асарҳои ҳамном дар байти Рӯдакӣ ҳам зоҳиран бозоргони сандалфурӯш ва шояд сурхрӯю кабудчашм дар ҳолати ҳайронӣ аз амали «гурбузони шаҳр» ин «чӣ тунбал аст, ки ман надонистам» гӯён афсус мехӯрад. Мазмуни байти зерин ҳам давоми ҳикояти боло менамояд:
Гуфт: хез, акнун ту созӣ роҳ басеҷ,
Рафт бояд-т, эй писар, мамғаз ту ҳеҷ.(с140).
Ин байт аз назари байёни шароити маънӣ, робитаи мантиқӣ ва оҳанги гуфтор бо суханони пиразан шабоҳат дорад. Шояд ин лавҳаю лаҳза баъди гуфтаҳои пиразани роҳнома бошад. Пиразан мегуяд: «Маслиҳат он менамояд, ки имшаб ҷома ба расми мардумони ин шаҳр дарпӯшӣ ва ба хонаи сардори тарророн биравӣ» (с. 156)
Ин ду байти зерин аз «Синдбоднома»-и Рӯдакӣ аст:
Хашм омад шӯ ҳам он гаҳ гуфт: век!
Хост к-ӯро барканад аз дида кек.
Мода гуфто: ҳеҷ шармат нест, век!
Чун сабуксорӣ, на бад донӣ, на нек! (с. 137)
Мазмуни ин байт бо чанд лаҳзаи тамсили «Кабки нар ва ҳоли ӯ ба мода»-и «Синдбаднома»-и Зоҳирӣ мувофиқат мекунад. Дар он асар омада аст, ки… кабки нар баъди чанд мудат ҷудоӣ аз гуфти худ баргумон шуда, ӯро ба бевафоӣ айбдор мекунад. Ҳарҷанд мода ба ҷуфташ садоқату вафодории худро исбот мекард, вале нарина ба мода бовар накарда, ӯро ҷабран пат меканад (с. 60-61).
Дар ин ду ҳикоят лавҳаю сурат ва нақшаи бадеии кабӯтарони нару мода дақиқ равшан нагардад ҳам, аммо ҳар дуи ин ҳикоят аз як сарчашма об хӯрдаанд.
Мазмуни амал ва ҳолати рӯйдодҳои се байти «Синдбоднома»-и Рӯдакӣ бо ҳолати воқияти «Синдбонома»-и Заҳирӣ мувофиқат доранд:
Он гурунҷу он шакар бардошт пок,
В-андар он дастори он зан баст хок,
Он зан аз дӯкон фурӯд омад чу бод,
Пас фаларзангаш ба даст андар ниҳод...
Мард бикшод он фаларзаш, хок дид,
Кард занро бонгу гуфташ: эй палид! (с. 137-138)
Ин се байт чанд лаҳзаи ҳикояти «Зани соҳибҷамол ба марди баққол»-и «Синдбоднома»-и Заҳириро ифода мекунад, ки он чунин аст: Марди паҳрезкор зани соҳибҷамоле дошт. Рӯзе ӯ зани худро барои харидани биринҷ ба бозор фиристод. Зан ба назди баққол рафта, биринҷ талабид. Баққол аз нигоҳи зан пай бурд, ки вай хеле маккор аст. Пас ӯ ба зан шакар ином намуд. Чун зан шакару биринҷро ба рӯймол мебаст, баққол ӯро ба хилват даъват кард. Дар ин асно шогирди ҳилагари баққол ба ҷои биринҷу шакар ба рӯймоли зан хокро баста монд. Зан аз хилвати баққол баромада ба таҷил назди шавҳар рафт. «Шавҳар гӯшаи чодар бикшод ва нигоҳ кард, қадре хок дид дар вай баста, гуфт: эй зан хок мебинам» (с. 64-65).
Ин ки мебинем, амали воқеаи зани баққол, достони биринҷу шакар ва ба зан бо фиреби хок гузоштани шогирди баққол дар ҳарду Синбоднома лавҳаҳои муштараканд.
Амалу ҳолати ду байти зерини «Синдбоднома»-и Рӯдакиро дар «Синдбоднома»-и Заҳирӣ низ равшан мушоҳида мекунем, ки инанд он байтҳо:
Гуфт: ҳангоми яке шоҳзода буд,
Гавҳарию пурҳунар, озода буд.
Шуд ба гармоба-дарун як рӯз ғӯшт,
Буд фарбеҳу калону хубгӯшт. (с. 138)
Мазмун ва образҳои ин байтҳо дар ҳикояти «Марди гармобабон бо зани хеш ва шоҳзода»-и «Синдбоднома»-и Заҳирӣ дида мешавад. Он ҳикоят ин аст: «Рӯзе шоҳзодаи Каннуҷ (номи яке аз шаҳрҳои Ҳиндустон) ба гармоба омода буд ва гармобабон ба хидмати ҳарвақта машғулӣ менамуд ва андоми ӯро, ки рашки гулу суман ва ғайрати шукуфаву ёсуман буд, мехорид ва ба лутфе мемолид ва аз баҳри он ки шахси ӯ азим сергӯшт буд, олоти ӯ дар гӯшт пинҳон будӣ ва аз ғояти фарбеҳӣ нопайдо намудаӣ. (с. 87-90).
Зоҳиран, давоми воқеаи ин достони урён дар байти пойини Рӯдакӣ ба ин қарор омадааст.
Чунки занро дид лағ, кард уштулам
Ҳамчу оҳан гашт ва н-дод эч ҳам (с. 138)
Ин воқеа дар асари Заҳирӣ бештар урён сурат гирифтаст. «Ба аҳволи шоҳзода дили гармобабон сахт бисӯхт. Шоҳзода ба гармобабон зари бисёр дода, хоҳиш кард, ки барои имтиҳон ягон зани соҳибҷамолро пайдо намояд, Гармобабон фикр кард, ки шоҳзода аз ӯҳдаи кор намебарояд. Пас зарро ба касе надода, зани худро ба ҳамом овард. Чун шоҳзода занро дар ҳамом «лағу урён дид, олот аз миёни гӯшт чун гурза аз пӯст берун омад»... (с. 89-90). Азбаски давоми достон аз доираи одоби сухан берун аст, аз овардани он худдорӣ намудем.
Хулосаи ҳикоят ин аст: Чун шавҳар аз сӯрохии дари ҳаммом ҳолати зану шаҳзодаро мебинад, бо хашм дарро мекубад, вале зан аз завқи муомилат дар ҳолати эҳсос буд, шавҳарро сахт сарзаниш менамояд, ки ҳоло акнун ором бошад!
Дар «Синдбоднома»-и Рӯдакӣ байти зерине ҳаст:
Думи саг бинӣ або батфӯзи саг,
Гуши карда, к-аш наҷунбад ҳеҷ раг (с. 138)
Мазмун ва воқеаи ин байт бо як лаҳзаю лавҳаи ҳикояти «Сайёду асал ва росую саги баққол»-и «Синдбоднома»-и Заҳирӣ мувоифиқат дорад, ки ба ин қарор аст: «Саги сайёд чун росуро бидид, сайд пиндошт ва аз рӯйи одати ҳамешагӣ беихтиёр дарҷаст ва росуро бикушт. Баққол чун росуро кушта дид, аз хашм ба худ печин санге бар сари саг зад ва аз ҷон беҷон кард (с. 101-103). Дар байти Рӯдакӣ зоҳиран ҳамин ҳолати беҷон хобидаи саги баққол тасвир шудааст.
Дар «Синдбоднома»-и Рӯдакӣ байтҳои зерине низ ҳаст:
Бонги зилла кард хоҳад кар (р) гӯш,
В-еҷ н-осояд ба гармо аз хурӯш.
Барзанад овоз ду нонак ба даст,
Бонги дунонак сечанд овой ҳаст. (с. 138)
Дар байти якуми шеър ҳангоми гармо аз садои зиллаи (малах) чирчирак дар гандумзор гӯши кас кар мешавад. Дар байти дуюм, овози канизаки нонфурӯш, ки ду нон дар даст дошт, ба садои зиллаи чирчирак монанд шудааст. Яъне ҳангоми даъват кардани харидорон аз садои чирроси канизак гӯши мардум кар мегардид. Чун ин байтҳои Рӯдакиро мехонем, беихтиёр як лаҳзаи ҳикояти «Достони бозоргони латифтабъ» аз «Синдбоднома»-и Заҳирӣ ба хотир меояд. Он ҳикоят ин аст: «Дар аснои назар канизаке дид бар гӯшаи дӯконе бо либоси покиза, бар табақе латиф бар досторе тоза аз орди майда ва равғану асал кулча пухта ва аз баҳри харидор бар сари бозор ниҳода чашми интизор кушода…» (с. 104-107).
Аммо дар ҳикояти Заҳирӣ нукта ва лавҳаи «ду нонак ба даст гирифта» барои даъвати харидор «бонгу садо кардан»-и нонфурӯш, ки дар байти Рӯдакӣ тасвир шудааст, ба чашм намехӯрад. Бо вуҷуди ин метавон гуфт, ки мабдаи ин ду адиб ягонаю умумӣ аст. Шояд ҳардуи ин адибон аз эҷодиёти халқ шодоб гардида бошанд ва ҳар кадоме ба мавзӯъ мувофиқи завқу салиқа ва ниёзи рӯзгори худ муносибат кардаанд. Чунончи, Рудакӣ харидорро фарёд кардани нонфурӯшро ба «овози зилла» (чирчирак) монанд кардааст ва канизаки Заҳирӣ кулчаи «асалу равғани»-и худро «баҳрӣ» харидор бар сари бозор ниҳода чашми интизор мекушод.
РӮДАКӢ ВА БОЗСОЗИИ МАСНАВИИ «СИНДБОДНОМА»-И Ӯ
Зоҳиран абёти зерини Рудакӣ низ аз ҳамин ҳикояти номбурда аст:
Зишту нофарҳахтаю нобихираде,
Одамрӯею дар батин баде...
Нони он мудхил зи бас зиштам намуд,
Аз пайи хӯрдан гувориштам намуд (с. 139)
Мувофиқи мазмуни «Достони бозоргони латифтобеъ» чун ханизаки нонфурӯш ба бозоргон воқеаи бар ҷароҳати хоҷааш бастани ҳамир ва аз он чӣ навъ пухтани нонро нақл кард, сипас бозоргон ба ҷон ранҷиду гуфт: «Лаънат бар ту боду бар ин суоли нобарҷойгоҳ! Кошкӣ ҳаргиз туро надидаме ва аз ту кулча нахаридаме!...» (с. 107)
Дар байти болои Рӯдакӣ калимаи мудхил ба маънои шахси нокасу лаим омадааст. Ин ду байт дар «Осори Рӯдакӣ» (Сталинобод, 1958, с. 401) аз ҳам ҷудо омадаанд. Аммо дар як ҷо овардани онҳо салоҳ дониста шуд. Зеро тахмин меравад, ки ин ду байт аз як фасл ё як ҳикояти «Синдбоднома»-и Рӯдакӣ бошад. Чунки ин амали нописанди канизак танҳо дар як ҳикояти «... Бозоргони Латифтабъ»-и Заҳирӣ омадааст.
Аз «Синдбоднома»-и Рӯдакӣ байти дигаре боқист, ки пас аз тасҳеҳе ба қарори зерин аст:
Аспяле омад он гоҳ нарм-нарм,
То барад мар аспро ӯ гарм-гарм (с. 139)
Ин байт дар Луғати фурс «(чопи Дабири Сиёқӣ с. 122) ва нашри Аббос Иқбол (с. 329) ба шакли» 3-асп яле омад он гаҳ нарм-нарм- То баранд аспаш ҳамон гоҳ гарм-гарм, дар «Осори Рӯдакӣ» (Сталинобод, 1958, с. 373) ба шакли «3-асп яллӣ» (?!) омад он гоҳ нарм-нарм – То баранд аспаш ҳамон гоҳ гарм-гарм сабт – шуда аст, ки дар ҳар ду маврид ҳам маънои он дуруст равшан нест. Фарз кунем, ки паҳлавоне аз асп ба оҳистагӣ фуруд омад, пас мувофиқи тақозои мантиқу таносуби калом зарурате набуд, ки дигарон аспи ӯро гарм-гарм, яъне бо чолокӣ бибаранд. Дар «Осори Рӯдакӣ» ин байт ғалат омадааст, ки аз асп бояд сифати паҳлавон «ялӣ не, балки худи «ял» фуруд биояд. Аслан дар тасҳеҳи ин байт зотан дуруст фаҳмидани маъноии он ба мо матни «Синдбоднома»-и Заҳирӣ мададгор шуд. Дар асари Заҳирӣ «Достони дузду шер ва ҳамдуна» ҳаст, ки мазмуни ба байти боло марбути он ин аст:
«Дар шабе торике дузд ба худ андешид, ки сӯи тавила равам ва аз чорпоён чизе ба чанг орам... Пас дар миёни чорпоён рафт. Ва он шаб низ боиттифоқ шере бо азме ишкор берун омада буд, ва дар пойгоҳи чорпоён рафта аз тарси посбон намеҷунбид... Дузд бо эҳтиёти тамом қадам бармедошт ва даст дар пушти чорпоён мениҳад, то кадом фарбеҳтар ёбад, барнишинад ва аз миён берун орад. Дар аснои ҷӯстуҷӯ даст ба пушти шер ниҳад, ба дасти ӯ аз дигар аспон беҳтар намуд ва фарбеҳтар омад. Барфавр пой дар пушти шер овард ва ба таъҷил аз миёни чорпоён берун ронд ва шер аз бими шамшери дузд равон гашт. Шаб торик буд. Дузд надонист, ки савори чӣ аст... Ба ҳаворӣ баромаданд. Оҳиста субҳ медамид. Дузд худро дар болои шер дид. Ҳар ду аз ҳам метарсиданд. Илоҷи ҷудоӣ набуд. Дар паҳноии дошт аз дур дарахте намуд. Дузд шерро сӯи он равон кард. Чун шер ба назди дарахт расид, дузд бо чолокие худро болои дархт гирифт. Ҳар ду аз тарси якдигар халос шуданд ва нафаси дарозе кашиданд» (с. 111-113).
Дабири Сиёқӣ дар поварақии «Луғати фурс» қайд мекунад, ки калимаи «аспял» маънои аспдузд-ро низ дорад. Ӯ дар исботи фикраш аз нусхаи дигари ин луғат байти номбурдаи Рӯдакиро овардааст. Аз ин ҷо натиҷа гирифтан мумкин аст, ки «аспдузд»-и Заҳрӣ шояд ҳамин «аспял»-и Рӯдакӣ бошад. Чунон ки мебинем, мазмуни лаҳзаи аз ҳикояти Заҳирӣ бо мазмуни байти Рӯдакӣ ҳамоно аз ҷиҳати тарзи амал ва вусъати воқеа мувофиқате дорад. Агар дар байти Рӯдакӣ «аспял нарм-нарм» яъне ба оҳистагӣ омада, аспро «гарм-гарм» (тез-тез ва ба зудӣ) бурданӣ бошад, дар ҳикояти Заҳирӣ чунин ҳолати амал бо ибораҳои «дузд бо эҳтиёти тамом қадам бар медошт ва даст бар пушти чорпоён мениҳод, то кадом фарбеҳтар ёбад. Барфавр пой дар пушти шер овард ва ба таъҷил аз миёни чорпоён берун ронд» ифода ёфтааст.
Дар «Симбоднома»-и шоир чаҳор байти парешоне ҳаст, ки зоҳиран аз назари мантиқи сухану вусъати рӯйдоди воқеият давоми бевоситаи якдигиранд. Бинобар ин мо байни ин абёт бо гузаштани се нуқта дар як ҷой паси ҳамдигар овардаем. Он абёт ба қарори зеринанд:
Пас шитобон омад инак пиразан,
Рӯй як сӯ, коға карда хештан...
Мардро наҳмор хашм омад аз ин,
Ғовшанге бар каф овардаш ғазин...
То ба хона бурд занро бо дилом,
Шодмона зан нишасту шодком...
Андар омад мард бо зан чарб-чарб,
Гандапир аз хона берун шуд ба тарб.
Мазмун, вусъати воқеа ва образҳои ин абётро дар достони «Гандапир ва марди ҷавон бо зани баззоз»-и Захирӣ дугар омадаем. Дар хикояти Захирӣ мазмуни достон мухтасаран ба тариқи зайл аст: Ҷавоне дар атрофи шаҳр сайр мекард. Дар аснои сайр аз дари хонаи моҳрӯе гузашт. Назараш ба ҷамоли ӯ афтод ва ошиқи беқарор гардид. Дар ҳамсоягии ҷавон пиразане буд, ки ба макр дасти иблис мебаст. Гандапир аз аҳвол огаҳ шуд ва ба ҷавон маслиҳат дод, ки шавҳари он зан баззоз аст, фардо аз вай ҷомаи атласе бихар ва гӯй, ки «ҷома аз барои дӯсте мехарам» Пас дар назди баззоз ҷомаро ба ман деҳ ва гӯй, ки «ин ҷома ба хонаи дусти мо расон …» то баъд аз он чӣ татбир ояд…
Ҷавон рӯзи дигар гуфтаҳои гандапирро иҷро кард. «Гандапир ҷомаро баргирифт ва ба хонаи баззоз рафт ва ба зани ӯ салом гуфт ва ҳол пурсид ва муҳаббату ихлосмандии занро нисбат ба худ маҳкаму мустаҳкам гардонид… Ва макру афсун бар ӯ медамид ва дар миёни он хӯрданӣ хост. Зан ба такаллуфи он машғул шуд ва замоне таваққуф дар миён афтод. Гандапир ҷома дар зери болиш ниҳод. Ва чун чизе бихӯрд, берун рафт. Зани баззоз аз макру ҳилаи ӯ ғофилу бехабар буд». Ин лавҳаро ба байти аввал мансуб донистем.
Чун баззоз бегоҳ ба хона омад, ба чашмонаш атрофи болиш дигаргун намуд. Нигоҳ карда дид, ки ҷомаи бомдод фурӯхтааш бегоҳ дар хонаи худ аст. Гумон кард, ки «ҷома аз барои хонаи ман харидаанд ва он ҷавон худ ошиқи аруси ман будааст. Аз ин гумонҳову хаёлҳо бар хотираш мегузашт, чандон, ки мардро сафро биҷӯшиду савдо ғалаба кард, чӯбе баргирифт, пушту паҳлуи зан дарҳам шикаст ва адабаш хуб ба ҷой овард»… Ин лавҳаро ба байти дуюм мансуб медонем.
Зани баззоз баъди ин рӯйдод ранҷида, ба хонаи падар рафт. Рӯзи дигар гандапир аз воқеа хабар ёфт ва ба назди зани баззоз шитобид ва зан ба ӯ моҷарои гузаштаро нақл кард. Гандапир ба макр тадбире андешида, ба зан маслиҳат дод, ки дар фалон ҷой ҳакиме ҳаст басо доно ва бояд ӯ илоҷе намояд. Зан бо гандапир сӯи ҳаким шитофтанд. Чун онҳо ба назди хонаи ҳаким расиданд, гандапир занро дар роҳ гузошта ва худ назди ҷавон рафт ва мужда дод, ки ӯ тайёр бошад. Чун ин хабарро расонд, он гоҳ наздики зани баззоз рафту гуфт: «Хез, то ба толеи неку фоли фархунда ба назди ҳаким равем. Пас бар ваъдае, ки ниҳода буд, ба хонаи ҷавон омаданд ва замоне ғаму шодӣ гуфтанд ва бисоти дӯстӣ бигустурданду пардаи бегонагӣ аз миён бардоштанд. Ва чун соате баромад, гандапир бо баҳонае аз хона берун омад ва ҳар дуро дар хона бо осоишу хилват бигузошт. Ин лавҳаро бо ду байти охир мансуб медонем. (с. 120-126).
Аз муқоисаи матни абёти Рӯдакӣ ва «Синдбоднома»-и Заҳирӣ бар меояд, ки инкишофу ривоҷи ҳодисаи ошиқ шудани ҷавон ба моҳрӯе, макру ҳилаҳои гандапир, бо бадгумонӣ «ғовшанге ба даст овардани мард» (дар Рӯдакӣ) ва бо «чӯбе пушту паҳлӯи зан шикастани баззоз» (дар Заҳирӣ), «то ба хонаи ҷавони ошиқ занро бурдани гандапир» (дар Рӯдакӣ), «дар хонаи ҷавон ба танҳои бо ӯ унс гирифтани зани баззоз» ва «аз хонаи ҷавони ошиқ ба тарб берун рафтани гандапир» ва амсоли инҳо дар «Синдбоднома»-ҳои Рӯдакию Заҳирӣ бо ҳам мувофиқати тамом доранд. Аммо дар абёти Рудакӣ ин воқеаҳо ба таври парешону лавҳа-лавҳа ва дар Заҳирӣ аз аввал то паёни воқеяҳо ба таври комиле баён гардидаанд. Шояд ин воқеаҳо дар «Синдбоднома»-и Рӯдакӣ низ аз оғоз то интиҳо (тибқи тағйири қонунияти сюжет) ба таври мукаммалу комиле омода бошанд. Албатта, дар ин нуқта сухани мо ба таври қатъӣ набуда, балки тахминию тақрибӣ мебошанд. Вале ин нуқта мусалам аст, ки бо ёрии муқоисаи чунин лавҳаю нуқтаҳои ҷолиб тасаввуроту дониши мо ҷиҳати мазмуну мундариҷа, персонажу образ ва маҳорати адабию бадеии Рӯдакӣ дар мавриди маснавии «Синдбоднома» мукамалу ғанитар хоҳад шуд.
Ба мазмунун ва амали образи байти зерини Рӯдакӣ таваҷҷӯҳ намоед:
Кард рӯбаҳ юзворӣ як зағанд,
Хештанро з-он миён берун фиканд (с. 140).
Мазмун ва амалӣ образи ин байт бо тарзи амал ва рафтори як лаҳзаи рӯбаҳи айёри «Достони рӯбаҳу кафшгар ва аҳли шаҳристон»-и «Синдбоднома»-и Заҳирӣ мувофиқати том дорад, ки мазмуни мухтасари он ин аст: Рӯбаҳе ҳар шаб ба хонаи кафшгаре даромада чармҳои ӯро мехӯрд. Кафшгар ба дод омада, шабе назди рахнаи рӯбаҳ истод. Чун рӯбаҳ аз рахна ба шаҳристон даромад, кафшгар рахнаро маҳкам кард ва чӯб ба даст гирифт ба хона омад. Рӯбаҳ ӯро дида гурехт ва рахнаро баста дид. Рӯбаҳ ҳилае ба кор бурда худро мурда сохт. Чун кафшгар ба назди рӯбаҳ расид, ӯро мурда бидид ва чанд чӯб ба пушту паҳлӯи рӯбаҳ зада ба хона рафт. Рӯбаҳ фикр кард, ки ҳоло дарҳои шаҳристон баста ва рахна устувор аст ва то субҳ, ки дарҳои шаҳристон боз шаванд, ин ҷо бимонад. Субҳ мардум аз хонаҳо берун баромада диданд, ки рӯбаҳе мурда хуфта аст. Яке аз онҳо мегӯяд, ки ҳар кас забони рӯбаҳ бо худ дошта бошад, саг ба вай бонг намезанад, гӯё забони рӯбаҳ буриданӣ шуд. Монанди ҳамин, дигаре думи рӯбаҳро буриданӣ мешавад ва дигаре гӯшу дандони рӯбаҳро гирифтанӣ мешавад. Ниҳоят, нафари дигаре агар касеро дил дард кунад, дили рӯбаҳ бирён карда бихӯрад, гӯён шиками рӯбоҳ чок кардан хост.
Рӯбаҳ ба худ андешид: «Акнун ҳангоми рафтан ва сари хеш гирифтан аст, то кор ба думу гӯшу ба дандону забон буд, сабр кардам, акнун корд ба устуғону кор ба ҷон расид, таъхиру таваққуфро маҷол намонд ва аз ҷойи хеш барҷасту ба тоз аз дари шаҳристон берун рафт» (с. 165-168).
Тафувут дар миёни лавҳае аз байти Рӯдакӣ ва лаҳзаи охирини тасвири Зоҳирӣ он аст, ки дар байти Рӯдакӣ «рӯбаҳ ба монанди ҳайвони даррандаи юзи (зюворӣ) бонге зада»-аст ва дар навиштаи Заҳирӣ «вай аз ҷойи хеш барҷаста ба тоз аз дари шаҳристон берун рафта»-аст. Заҳирӣ аз Рӯдакӣ андаке дуртар рафта аст, ҳақиқати тасвир ва сюжети ӯро нигоҳ надоштааст. Ба ин тариқ, Заҳирӣ як нав ба таври мухтор амал кардааст. Чунин муносибати адибон ба асари якдигар комилан ҳақиқати айнӣ ва таҷрибаи санҷидае аст.
Байти дигари пойинеро дар «Синдбоднома»-и Рӯдакӣ мутолиа мекунем:
Обканде дуру бас торик ҷой,
Лағж – лағжон чун дар ӯ бинҳод пой (с. 140)
Мазмуну рафтори қаҳрамони ин байтро аз ҳикояти «Козару писар ва гирдоб»-и «Синдбоснома»-и Заҳирӣ дучор намудем. Дар баёни Заҳирӣ аввалу охири ҳикоят ба тафсилтар аст. Музмуни воқеӣ ва хаттӣ ҳаракати он ба қарори зерин аст: «Козар бар лаби ҷӯё бузург ҷома шустӣ ва дар ин ҷӯй гирдобҳои амиқ ва обгирҳои жарф буд ва пайваста дар ӯ селобҳои қавӣ рафтӣ». Писари козар, ки бачаи гапнодаро буд, суханони модарро гӯш нокарда, ба дарунтари обканд рафт. Дар ин ҳангом ӯ, лағжида афтод ва ба дами гирдоб рафта ғарқ гардид. (с. 114-116). Чунон ки мебинем, агар дар байти Рӯдакӣ «обканд дур ва ҳангоми шустани ҷомаҳо ҳаво торик бошад, дар тасвири Заҳирӣ козарписари якраҳа ва гапнодарои модар «дар лаби ҷӯё бузургу гирдоби амиқ ва обгири жарфу селобу қавӣ ҷома» шудааст. Бо вуҷуди ин тафовути ҷузъӣ, воқеаи ҷома шустани козарписар барои ҳарду муаллиф умумӣ ва муштарак аст. Шакке нест, ки дар ин маврид навиштаҳои устод Рӯдакӣ барои Заҳирии Самарқандӣ таъсиргузори бевосита гардидааст.
Ба шаҳодати мавзӯи мавриди баҳс, сохтмони банду басти риштаи воқеаи ҳикоят метавон ҳадс зад, ки дар тасвири устод Рӯдакӣ низ ба баёни тафсилоти ҷома шустани козарписар, бузургии ҷӯй, гирдоби амиқ ва обгирҳои (обкандҳо) жарфу солоби қавӣ»-и Заҳирӣ шояд хеле наздик ва басе монанд бошанд. Чунки дар асарҳои ҳамноти дар пайравии ҳамдигар гуфтаи адибон риштаи сюжет ва сохтмони шакли асосии онҳо бо ҳам хеле наздик ва шабеҳ ҳастанд.
Ба ин тариқ, ҳадафи асосии мо аз бозсозии абёти парешони «Синдбоднома»-и Рӯдакӣ ба восита ва ёрии асари ҳамноми Заҳирии Самарқандӣ як навъ нишон додани ҷою мақом, мазмуну мундариҷаи аввалу охир ва ба навъе ошкор сохтани шакл ва тору пуди ҳамин абёти парешон буд. Ба ин васила муаллифи ин сатрҳо мехост, ки доираи тасаввурот, дарку биниш ва дониши аҳли таҳқиқ доир ба мазмуну мундариҷа ва маҳорати адабию бадеии устод Рӯдакӣ дар ин асар андаке комилу ғанитар бошад.
Он чи ки медонем, аз «Синдбоднома»-и Рӯдакӣ ҳоло муҳақиқон 41 (чиҳилу як) байти парешони ӯро гирд овардаанд. Аз ин теъдод муаллифи ин сатрҳо 24 (бисту чор) байти онро як навъ бозсозӣ нашуд. Ҳоло 17 (ҳабдаҳ) байти парешони дигаре ҳаст, ки мувофиқи мазмун, хатти ҳаракати персонажҳо ва тасвири образҳо бо тахмину тақрибҳо низ дар куҷои кадомин достон ва ё ҳикоятҳои Зоҳирӣ ҷой гирифтани онҳо алҳол ба мо муяссар нагардид.Чунончи ду байте аз ҷумлаи он абётро дар поин бо баъзе ташреҳот дарҷ менамоем:
Кори молида бад-ӯ густох шуд,
Дар дурустӣ омаду дарвох шуд (с. 142)
Дар ин байт шоир гуфтааст, ки ба бемор кори молида (дору) таъсир карда ва ӯ сиҳату далер (густох) гардид.
Дар байти зерин персонажи асари Рӯдакӣ ба шахси валинеъмате изҳори минатдорӣ кардааст:
Аз ту дорам ҳар чӣ дар хона ханур
В-аз ту дорам низ гандум дар канур
Яъне дар хонаи ман пур шудани ҳар зарфи равғану ханбаи гардум аз шарофату меҳрубониҳои ту буд.
Ба ин тариқ, бо чунин тартибу раҳёфти тоза бозсозқ кардани абёти парешони осори ҳамном ва дар як мавзӯъ офаридаи адибони бузурги гузаштаи мо дар роҳи ҳарчқ мукаммалтар дарку фаҳмиши онҳо муҳаққиқонро ба хулосаҳои нав хоҳад овард.
Рӯдакӣ ва бозсозии маснавии «Синдбоднома»-и ӯ
Мавзуҳои монанд:
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни "География" (шифоҳӣ) қисми I аз 1 то 20 саволнома
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни География (шифоҳӣ) қисми II аз 20 то 35 саволнома
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни Таърихи халқи тоҷик қисми II аз 15 то 30 саволнома
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни Таърихи халки точик қисми I аз 1 то 15 саволнома
- Заминаҳои ташаккулёбии фарҳанги ҳуқуқии наврасон
Комментарии (0)