Фирдавсӣ яке аз шоирони бузурги соҳибдевони асри даҳ буда, бо асари безаволи худ «Шоҳнома» машҳур гардидааст. «Шоҳнома» - ро асари таърихӣ, мардонагӣ, худшиносӣ, меҳанпарастӣ ва пандуахлоқӣ гӯем, ҳақ аст. Модоме ки чунин аст, кадом ақидаҳои пандуахлоқии шоири хушбаён имрӯз дар зиндагӣ ба кор меоянд?
Умуман, одобу ахлоқ дар ҳама давру замон яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, тинҷиву амонӣ, пешравӣ, маданият ва фарҳангро пойдевор аст. Агар ба зиндагӣ бо чашми хирад назар афканем, ҳар як амал вобаста ба худ подоши муайянеро сазовор аст. Ин муъҷизаи илоҳиро Фирдавсӣ мушоҳида намуда мегӯяд:
Чу некӣ кунад кас, ту подош кун,
В-агар бад кунад, низ пархош кун.
Шоир ҳатто ба инсонҳои нохалаф некӣ намуданро тавсия медиҳад, ки ин гуфтаҳо ба мо дар зиндагӣ яке аз хислатҳои неки инсонӣ - бахшандагиро меомӯзад. Одамизод на бо давлату савлат, балки бо номи некаш дар ҷаҳон абадӣ хоҳад монд. Пас чаро некном, оқил, хоксор ва ба атрофиён оина набошем. Ба ин маънӣ Фирдавсӣ мегӯяд:
Набошад ҳаме неку бад пойдор,
Ҳамон беҳ, ки некӣ бувад ёдгор.
Дар урфият мегӯянд: «Олим шудан осону одам шудан мушкил». Оре, барои олим шудан садҳо асарро мутолиа намудан лозим бошад, барои одам шудан, аз садҳо амали бад даст кашидан, дар садҳо мушкилӣ сабр кардан, садҳо афтодаро ёрӣ расонидан, барои садҳо роҳи ноҳамвори зиндагӣ шукр кардан лозим меояд.
Хирадманд бошу беозор бош,
Ҳамеша забонро нигаҳдор бош.
Ё ин ки:
Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем,
Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.
Васфу ситоиши хирад, илму дониш дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ҷойи намоёнро дорост. Шоир асарро бо тавсифи хирад шурӯъ намуда, таъкид менамояд, ки хирад ҳамчун раҳнамои ҳаёти инсонӣ одамонро ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Бале, чунки сарчашмаи ҳамаи хушбахтиҳо аз ақлу хирад ва дониш вобастагӣ дорад. Тавоноӣ, обрӯ ва эътибор низ маншаъ аз хираданд. Фирдавсӣ мегӯяд:
Хирад афсари шаҳриёрон бувад,
Хирад зевари номдорон бувад.
Инчунин:
Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад,
Ба дониш дили пир барно бувад.
Хулоса, ҳамаи шоҳбайтҳои ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ ҳоло дар ҳаёт барои мо - мутолиагарони китоб ҳамчун мактаби одоб хидмат менамоянд. Гарчанде аз иншои «Шоҳнома» асрҳо сипарӣ гашта бошанд ҳам, ин шоҳасар арзиши илмӣ-адабии худро гум накардааст ва боз ба наслҳои оянда кӯмак хоҳад кард. Шоир тавонист бо меҳнати сангин ва амали собири хеш номашро дар адабиёти форсу тоҷик барҷо гузорад.
Комментарии (0)