Шохи бемева кашад сар ба қиём, Шохи пурмеваа шавад хам ба салом. (Абдураҳмони Ҷомӣ)
Ҷомӣ олим, мутафаккир, шоир, нависандаи барҷастаи халқи тоҷик буда, дар осмони илму адаби асри XV монанди як ситораи дурахшон ҷилвагар аст. Ӯ адабиёти зиёда аз 500-солаи форс-тоҷикро дар тамоми соҳаҳо бо асарҳои баркамолаш ҷамъбаст намудааст.
Тарҷумаи ҳол
Номи асосии ӯ Абдураҳмон, лақабаш Нуриддин буда, бо тахаллуси Ҷомӣ дар тамоми дунё машҳур гардидааст. Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ соли 1414 дар деҳаи Ҳаргарди вилояти Ҷом ба дунё омадааст. Падар ва бобои Ҷомӣ мардони бофазлу дониш буданд. Ҳангоме, ки Ҷомӣ 11-сола мешавад, оилаи онҳо аз вилояти Ҷом ба Ҳирот меоянд. То ин дам Абдураҳмон дар Ҷом, дар назди падараш Низомиддин Аҳмад хату саводи пурра бароварда, инчунин сарфу наҳви забони арабиро низ то андозае аз худ карда буд. Дар ин бора яке аз шогирдони вафодори Ҷомӣ Абдулғафури Лорӣ чунин менависад; «Рӯзе сухан аз устодон ва муаллимони ҳазрати эшон (Ҷомиро дар назар дорад) дар миён афтод, фармудаанд, ки мо ба ҳақиқат шогирди падари худем, ки забон аз вай омӯхтаем».
Баъд аз ин Абдураҳмон дар Ҳирот, дар мадрасаи Низомия таҳсили илмро давом медиҳад. Ӯ дар назди Мавлоно Ҷунайди усули забони араби, асарҳои «Мухтасарулмаони», «Алмутаввал»-и Саъдиддини Тафтазониро, ки оид ба илми баён буданд, омӯхта доир ба илмҳои ҳикмат ва мантиқ аз олимони машҳури замон Хоҷа Алии Самарқандӣ ва Шаҳобиддин Муҳаммади Чочармӣ сабақ мегирад.
Ҷомӣ аз кӯдакӣ зеҳни бурро ва ақли расо дошт. Ӯ дорои хислати аҷибе буд; ба ҳар як чиз, ба ҳар як ҳодиса аз нуқтаи назари танқидӣ, кунҷковӣ назар мекард, бештар ба илмҳои дақиқ майлу рағбат дошт. Ҷомӣ ба як бор хондан моҳияти асосии масъаларо дарк мекард. Ӯ монанди шогирдони дигар дар баҳсу мунозираҳо худнамои намекард, баръакс, дар он ҷойҳо орому ботамкин буд. Суханони Ҷомӣ қатъи буданд ва факту далелҳои раднашаванда доштанд. Аз ин рӯ, ӯ ҳамеша дар баҳсу мунозираи муллобачагон ғолиб мебаромад. Қобилияту истеъдоди Абдураҳмони Ҷомӣ чунон бузург буд, ки ҳатто устодон аз ӯҳдаи дарс додани ӯ баромада наметавонистанд. Дар ин бора муаллифи «Бадоеулвақоеъ» Зайниддин Маҳмуди Восифи нақли аҷибе овардааст, ки он «Ҳамсаи мутаҳайира» («Панчгонаи ҳайратовар») ном дошта, мазмуни зерро дар бар мегирад.
Онҳо панҷ нафар буданд, панҷ нафар толибилм, донишҷӯ. Ҳоло онҳо дар ҳучраи мадраса нишаста, устоди худро интизоранд. Устод Мавлоно Муҳаммади Чочарми вориди ҳучра шуд. Шогирдон-Абдураҳмон, Ҳусайн, Шамсиддин, Довуд, Муиниддин аз ҷой хеста ба устод салом доданд. Дарс сар шуд, муаллим аз онҳо вазифаи хонагиро пурсид. Ҷавоби пурра ва саҳеҳ медоданд. Мавлоно ба шогирдон асари олими машҳур «Шарҳи тарид»-и Мавлоно Алии Кушчиро тадрис мекард. Ҳангоми шарҳу маънидоди баъзе масъалаҳои асар дар байни муаллиму шогирдон баҳсу мунозира авч мегирифт, гоҳо шогирдон ғолиб мебаромаданд.
— Чӣ бояд кард? «Илоҷи вокеа пеш аз вуқӯъ» гирифтаанд, -андеша мекард, рох меҷуст устод.
— Пас фикру тадбир он аст, ки ман худамро касал кунам ва шогирдонро дар кӯи бекорӣ андозам. Вале бояд ман дар ин муддат шабу рӯз мутолиа кунам ва ба дарсгуии шогирдон нағзтар тайёр шавам.
Мавлоно Муҳаммади Чочармӣ шогирдонро ба мӯҳлати 40-рӯз бо сабаби «касалӣ» ва ба «табобат» машгул шудани худ ҷавоб дод. Вале шогирдон сабаби касалии устоди худро пай бурданд. Бинобар ин онҳо қарор доданд, ки ҳар рӯз дар масҷиди Мулкон ҷамъ омада, як нафарашон муаллим шавад.
Ба ҳамин тариқ, дар муддати 40-рӯз ба навбат дарс гуфтанд ва дониши худро такмил доданд. Мавлоно Чочарми ҳам дар ин муддат шабу рӯз пайваста дар мутолиа буд. Барои шогирдони «гапнодаро» саволу супоришҳои ниҳоят душворро тайёр мекард.
Ӯ аз он хурсанд буд, ки дониши зиёде гирифтааст ва он метавонад ба таълими яксолаи шогирдон кифоят кунад.
Ниҳоят рӯзи 40-ум ба шогирдон хабар медиҳанд, ки устод аз «бистари беморӣ» хестааст ва имрӯз дарс мегуяд. Онҳо ба дарс ҳозир шуданд.
Мавлоно ба шарҳи як масъалаи мураккаб сар кард. Шогирдон пеш аз устод ҷавоб доданд. Мавлоно ҳайрон шуд ва гуфт;
-Шогирдони азизам, ман касал набудам, мутолиа кардам, хондам, то ки ба шумо дарс гӯям. Вале, хушбахтона, шумо бузург, устод шудаед, ҷавон ҳам бошед, дигар шуморо ҳеҷ кас қудрати дарс додан надорад. Ҳамаи илмҳоро аз худ кардаед. Ба шумо роҳи сафед металабам.
Он чор нафар шарикдарсони Ҷомӣ, ки зикрашон дар боло рафт, дар ҳақиқат олимони машҳури замони худ шуданд.
Баъд аз ин ҳодиса Абдураҳмони Ҷомӣ дар синни 23-солагиаш ба Самарқанд меояд. Ҷомӣ чанд муддат дар назди Қозизодаи Румӣ аз илмҳои ҳисоб, риёзиёт ва нуҷум таълим мегирад. Ӯ на танҳо дар назди устодаш дарс мехонд, балки ба корҳои илмии Қозизода ёрӣ мерасонд.
Ҷомӣ дар базмҳои муллобачаҳо иштирок намекард. Нафрат дошт. Ӯ бештар дар баҳсу мунозираҳои олимони машҳур ҳозир мешуд ва агар лозим медонист, сухан мегуфт. Ҷомӣ суханро дароз намекард. Суханҳояш муҷаз ва бомаънӣ буданд. Дар ҷамъомади шоирон иштирок карда, бо тааммул гуш мекард. Вале шеър намегуфт. Пай бурдан душвор набуд, ки Ҷомӣ ба ин пешаи эҷодӣ шавқи беандоза дорад.
Абдураҳмони Ҷомӣ соли 1453 ба Ҳирот меояд. Ӯ аввал хост ба хизмати дарбор равад, вале одати хушоматгуи надошт ва нарафтанро афзалтар донист. Боз чанд муддат ба таҳсили илм, аз ҷумла, илми шеър машғул гардид. Дар ин айём Ҷомӣ бо яке аз бузургони ҷараёни нақшбандия Саъдиддини Қошгарӣ (ваф.1456) шиносои пайдо карда, ин фирқаро қабул мекунад.
Пас аз марги устоди рӯҳонии худ—Саъдиддини Қошгарӣ Ҷомӣ роҳбари маслаки Нақшбандияи Хуросон мешавад. Ӯ муридони зиёд дошт, ба онҳо таълим медод, нозукиҳои маслаки нақшбандияро меомӯзонд. Абдулғафури Лорӣ яке аз муридони бовафои Ҷомӣ ба ҳисоб мерафт.
Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҳаёти худ 7-бор ба сафар баромада, шаҳрҳои Самарқанду Тошканд, Форобу Марвро тамошо кардааст. Сафари охирин ва тулонии Ҷомӣ соли 1472 дар моҳи август оғоз ёфт. Ӯ шаҳрҳои Нишопур, Сабзавор, Бастом, Домгон, Казвин, Ҳамадон, Бағдодро саёҳат карда, бо арбобони илму адаби ин шаҳрҳо вохурд, сӯҳбатҳо орост. Дар ҳар ҷо Ҷомиро иззату эҳтиром мекарданд. Ҷомӣ Макка ва Мадинаро зиёрат карда, соли 1473 ба Ҳирот боз мегардад. Поёни умри Ҷомӣ дар Ҳирот гузашт. Ӯ ба эҷод кардани асарҳои илмиву адаби батамом машгул буд. Як дақиқа вақти худро бекор намегузаронд. Танҳо ба мактаби адабии Ҳирот роҳбари карда, ба шоирони ҷавон маслиҳатҳои муфид медод.
Ҷомӣ дустони бисёр дошт, ки бо онҳо базми шеъру суруд меорост, сӯҳбатҳои дилангез мекард. Яке аз шогирдони беҳтарини Ҷомӣ Алишери Навоӣ буд. Муносибати онҳо на ҳамчун устоду шогирд, балки мисли ду дӯсти ҷонӣ, ду ҳамкору ҳаммаслак ба назар мерасид.
Абдураҳмони Ҷомӣ оилаи хуб ва фарзандони лоиқ дошт. Вале се фарзанди адиб дар тифли ва хурдсоли вафот карданд. Албатта, вафоти фарзандон қалби адибро ба шӯру ғалаён овард. Дар мотами фарзандон Ҷомӣ ашқи ғаму ҳасрат рехт, оҳи ҷонсӯз аз дили пурсӯз баровард. Ӯ дар марги фарзандон марсияҳо сурудааст, ки дар онҳо сӯзу гудози падари доғдида басо муассир ифода ёфтааст;
Рехти хуни дил аз дидаи гирёни падар, Раҳм бар ҷони падар н-омад эй ҷони падар. Навбаҳор омаду гулҳо ҳама рустанд зи хок, Ту ҳам аз хок баро, эй гули хандони падар.
Абдураҳмони Ҷомӣ умри дарозу пурбаракате дидааст. Вале онро зоеъ нагузаронида, барои наслҳои оянда осори пурарзиши илмию адабӣ мерос гузоштааст. Ӯ қариб 50-соли ҳаёти худро ба офаридани асарҳои илмӣ ва сурудани ашъори дилангезу достонҳои барҷаста сарф кардааст. Шогирдон ва ҳамзамонони Ҷомӣ миқдори асарҳои уро аз 46 адад зиёд медонанд. Масалан, дар ин бора шогирди наздики Ҷомӣ Камолиддини Биноӣ чунин мегуяд;
Ҷомӣ, он офтоби нуронӣ, Он мунаввар ба нури субҳонӣ. Буд аз чил зиёд таснифаш, Рӯ дар эъҷоз кард таълифаш.
Соли 1503 қуллиёти Ҷомӣ аз тарафи дӯстонаш тартиб дода мешавад, ки он нусха то замони мо омада расидааст. Асарҳое, ки дар куллиёти адиб ҷамъ оварда шудаанд, илмҳои гуногун: нуҷум, фалсафа, забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, тафсир, ҳадис, фиқҳ, ахлоқ, мусиқӣ ва ғайраро дар бар мегиранд. Махсусан, асарҳои илмие, ки доир ба арӯзу қофия, мусиқӣ иншо шудаанд, қиммату арзиши зиёд дорад. Асари тарҷумаҳолии ӯ «Нафаҳотулунс» дар бораи ҳаёту фаъолияти 616 мард ва 34 зан маълумот медиҳад, ки аксарияти онҳо уламо, шайхони бузурги асрҳои гузашта ва шоиронанд. Дар «Алфавоидуззиёия» Ҷомӣ дар бораи қоидаю қонуни забони араби ва усули таълими он фикру мулоҳизаҳои судбахш баён мекунад. Ҳоло ҳам дар мадрасаю мактабҳои Афгонистон, Ироқ, Покистон ва Эрон асари мазкур ҳамчун китоби дарсӣ барои омӯхтани забони арабӣ истифода мешавад.
Вале бояд эътироф кард, ки Абдураҳмони Ҷомӣ дар таърихи халқи мо ҳамчун нависанда ва шоир маълуму машҳур аст. Ҳанӯз дар ҳамон замон шӯҳрат ва эътибори Ҷомӣ ҳамчун шоир ба кишварҳои гуногун паҳн шудааст. Ба ин нуқта худи Ҷомӣ ишорат карда мегӯяд;
Агар ба форс равад корвони ашъорам, Равони Саъдию Ҳофиз кунандаш истиқбол. В-агар ба Ҳинд расад Хусраву Ҳасан гӯяд, Ки: «Эй ҷаҳони ҳунар, марҳабо, таол, таол!»
Аз Ҷомӣ се девон, «Ҳафт авранг» (иборат аз ҳафт маснавӣ), «Баҳористон» ва «Чиҳил ҳадис» ба мо омадааст, ки ҳар кадоми онҳо дорои аҳамияти калони адабиву эстетики мебошанд. Абдураҳмони Ҷомӣ фаъолияти адабии худро аз сурудани ашъори лирикӣ—ғазал, қасида, рӯбоӣ, қитъа ва ғайра сар кардааст ва то охири умр онро давом додааст. Дар эҷодиёти шоир ғазал мавқеи асосӣ дорад. Масалан, дар девони аввал –«Фотиҳатушшубоб» 1016 ғазал, дар девони дуюм –«Воситатулиқд» 493 ва дар девони сеюм—«Хотиматулҳаёт» 296 ғазал омадааст, ки миқдори умуми онхо 1805 ғазалро ташкил медиҳад. Ба ҳамин маъни ишора карда, худи шоир чунин мегуяд;
Ҳаст девони шеъри ман аксар, Ғазали ошиқони шайдои, Ё фунуни насоеҳ асту ҳикам, Мунбаис аз шуури донои. Зикри дунон наёби андар вай, К-он бувад нақди умрфарсои.
Қасида дар девонҳои шоир ҷои дуюмро мегирад, ки миқдори онҳо 53-то мебошад. Қасидаҳои Ҷомӣ ҳаҷман хурд буда, аз 8 то15 байтро ташкил медиҳанд. Мавзӯъҳои асосии онҳо масъалаҳои фалсафи, панду ҳикмат, шарҳи ҳол ва ғайраро дар бар мегиранд. Қасидаҳои «Лучҷатуласрор», «Ҷилоуррӯҳ» ва «Рашхи бол ва шарҳи ҳол» дар мавзӯъҳои боло суруда шуда, қиммату арзиши зиёде доранд. Чунончӣ, шоир дар қасидаи «Лучҷатуласрор» ба масъалаҳои тарбиявию ахлоқи диққат дода, таъқид менамояд, ки ҷавононро аз кӯдаки бояд тарбия кард, ба роҳи рост ҳидоят намуд, зеро ба ақидаи шоир, ҷавонон ҳам ба мисли дарахтони навбарг ё ниҳоли нозук мешаванд. Агар ин ниҳолҳо аз хурди тарбия ёбанд, ҳосили аъло медиҳанд ва ҷавонон низ, чун ба камол мерасанд, корҳои нек ва судбахш хоҳанд намуд;
Дар ҷавонӣ саъй кун, гар бе халал хоҳӣ амал,
Мева бенуқсон бувад, чун аз дарахти навбар аст,
Баъдан Ҷомӣ дар қасида таъқид мекунад, ки агар шахс соҳиби донишу камолот бошад, ҳеҷ гоҳ гадо нест, ӯ шоҳ аст;
Гар надорад Симу зар доно, манеҳ номаш гадо,
Дар бараш дил баҳри дониш, ӯ шаҳи баҳру бар аст.
Дар эҷодиёти Ҷомӣ рубоӣ, қитъа, тарҷеъбанд, таркиббанд, мураббаъ, фард дида мешавад, ки онҳо аз лиҳози маънӣ ва санъати суханварӣ дар пояи баланд меистанд. Ҷомӣ дар рӯбоиёт ва қитъаоти худ бештар фикрҳои панду ахлоқии худро ифода кардааст. Чунончӣ, дар қитъаи зерин ба як масъалаи муҳими рӯзгори хеш дахл намуда, таъқид менамояд, ки инсон бояд меҳнатдӯст бошад. Ӯ бояд омӯхтан ва меҳнат карданро барои худ ор надонад, аз пайи номи падар нашавад, балки фазлу ҳунари худро дар назди мардум нишон диҳад. Агар ин сифатҳоро надошта бошад, мисли шохи беҳосили дарахти мевадор аст, ки он чун ҳезум аст;
Ҳар писар, к-у аз падар лофар, на аз фазлу ҳунар, Филмасал гар дидаро мардум бувад, номардум аст. Шохи бебар гарчӣ бошад аз дарахти мевадор, Чун наёрад мева бор, андар шумори хезум аст.
Абдураҳмони Ҷомӣ 9-уми ноябри соли 1492 дар шаҳри Ҳирот вафот кардааст. Ҳангоми вафоти Ҷомӣ қариб аксарияти мардуми гирду атрофии Ҳирот либоси мотам пӯшидааст.
Эй карда зи ҳоли ман фаромӯш, Чун ҷон кӣ кунад зи тан фаромӯш. Гуфтам, ки бари ту қисса гӯям, К-он гуна макун зи ман фаромӯш. Дидам рӯҳи ту зи дуру кардам, Аз қиссаи хештан фаромӯш. Бо ҷонканиям замона кардааст, Аз меҳнати кӯҳкан фаромӯш. Ҳар ҷо ки мусофирест карда, Дар кӯи ту аз ватан фаромӯш. Бо бӯи ту карда ҷони Яъкуб, Аз Юсуфу пироҳан фаромӯш. Карда ба ҳавои тарфи бомат, Мурғи чаман аз чаман фаромӯш. Ҷомӣ суханат шуниду бар вай, Шуд қоидаи сухан фаромӯш.
Яке аз осори барҷаста ва пурарзиши Абдураҳмони Ҷомӣ «Баҳористон» мебошад, ки дар пайравии «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ эҷод гаштааст.
Абдураҳмони Ҷомӣ «Баҳористон»-ро соли 1487 бо мақсади тарбияи фарзанди ягонааш Зиёуддин Юсуф ва барои ҳамаи толибилмон менависад. Ин асар аз ҷиҳати забон ва тарзи баён сода аст.
Комментарии (0)