Нақша:
Муқаддима
- Маълумоти мухтасар дар бораи шоир
- Мероси адабии ӯ
- Хулоса
Абӯшакури Балхӣ яке аз шоирони бузург ва тавонои асри худ буд. Ӯ соли 915 дар шаҳри бостонии Балх ба дунё омадааст. Таҳсили ибтидоии хешро дар шаҳри Балх гирифта, баъдан дар доираи адабии Бухоро ба воя расида, дар он ҷо мақому манзалати баланде касб мекунад.
Абӯшакури Балхӣ умри пурбаракат дида, дар солҳои 60-уми асри X вафот кардааст. Аз мероси адабии шоир порчаҳои хурди лорикӣ, байтҳои пароканда аз достони ӯ “Офариннома” то ба мо омада расидааст.
Ба қавли худи шоир, ӯ оилаи хешро аз маҳсули дастранҷи қалами худ таъмин мекардааст:
Ду динор бояд маро ё дирам
Фароз оварам ман зи нӯги қалам
Шоир бо вуҷуди доштани истеъдод ва мақоми баланди адабӣ, инсони хоксоре будааст. Ӯ дониши худро нокифоя шуморида, ҳамеша аз пайи сайқал додани дониши худ будааст.
То бад-он ҷо расид дониши ман,
Ки бидонам ҳаме, ки надонам
Абӯшакури Балхӣ дуруст қайд кардааст, ки инсон ҳар қадаре ки илму донишро бештару хубтар фаро гирад, ҳамон қадар ба кашфи нави асрори оламу одам шавқмандтар мешавад. Ӯ баъдан “Офариннома” – ро таълиф мекунад. Достони “Офариннома” саропо ба мавзӯъи панду ахлоқ бахшида шудааст. Аз ин достон то ба мо ҳамагӣ 300 байт расидааст. “Офариннома” бо хусусияти пандуандарзияш дар таъризи назми ахлоқии форсу тоҷик дар радифи достонҳои “Калила ва Димна” ва “Синдбоднома”-и устод Рӯдакӣ қарор мегирад.
Абӯшакури Балхӣ дар достони “Офариннома” ба ҳамаи мавзӯъҳои асосии зиндагӣ дахл намуда, масъалаҳои илму дониш, касбу ҳунар, тарғибу ташвиқи дӯстиву рафоқат ва ахлоқи некро дар он мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додааст. Дар ҳақиқат, шоир мавқеи илму донишро аз ҳама боло гузошта, шахси донишмандро соҳибэҳтиром меҳисобад:
Бад-он кӯш то зуд доно шавӣ,
Чу доно шавӣ, зуд воло шавӣ.
На донотар он кас, ки волотар аст,
Ки волотар он кас, ки донотар аст.
Шоир тарғибу ташвиқ мекунад, ки донишомӯзӣ аз овони кӯдакӣ бояд оғоз шавад:
Ба ҳангоми барноиву кӯдакӣ,
Ба дониш тавон ёфтан зиракӣ.
Олимону донишмандонро хеле ситоиш мекунад, мартаба ва мақому манзалати онҳоро аз ҳама баланд мешуморад:
Касе к-ӯ ба дониш борад рӯзгор,
На ӯ боз монад, на омӯзгор.
Ӯ душманиро чашми дидан надошт. Ҳар қадаре ки душманбадбинонро талқин намояд, ҳамон андоза меҳру муҳаббат ва дӯстиву рафоқати инсонро васф менамояд. Дӯстро барои ҳар як инсон муқаддас меҳисобад. Аз ӯ неъмати волотаре нест:
Шавад дӯст аз дӯст ороста,
Чу бо эминӣ мардум аз хоста.
Ҳама чиз пирӣ пазирад, бидон,
Магар дӯстӣ, к-он бувад ҷовидон.
Гуфтан бамаврид аст, ки достони “Офариннома” фикру андешаҳои пандуахлоқии халқи тоҷикро, ки ҳатто пеш аз ислом мавҷуд будаанд, ҷамъбаст намуда дар рушди минбаъдаи афкори ҷамъиятии мо нақши бузургеро гузоштаанд.
Комментарии (0)