Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ яке аз шоирони забардаст ва ахди илму адаби адабиёти асри XV маҳсуб мешавад. Ӯ соли 1414 дар вилояти Ҷоми Хуросон дар оилаи шахси донишманд ба дунё омадааст.Ӯ мегӯяд, ки устоди аввалинаш падари бузургвораш будааст, ки илм аз ӯ омӯхтааст. Ҷомӣ дар айёми наврасӣ тамоми илмҳои замонаашро фаро мегирад.Ҷомӣ барои тахсили илм ба марказҳои илмиву мадании ҳамонвақта сафар намуда, аз устодони бузурги замонаш сабақ мегирад. Кору фаъолияти Абдурраҳмони Ҷомӣ хеле барвақт оғоз намудааст.Ҳанӯз аз овони хурдсолӣ обрӯ ва эътибори ӯ ба ҳамаи мамлакатҳои дуру наздик пахн мешавад.
Мероси адабии шоир осори зиёдеро дар бар гирифтааст. Достони «Ҳафтавранг»-и Ҷомӣ аз бузургтарин осори бадеии ӯ ба ҳисоб меравад, ки дар пайравии «Хамса»-ҳои Низомӣ ва Амир Хусрави Дехлавӣ суруда шудааст. Аммо дар байни достонҳои шоир достони«Баҳористон» бо мавзуъ ва мазмуни худ ҷойи намоёнеро ишғол менамояд. Абдурраҳмони Ҷомӣ «Баҳористонро»-ро ҳамчун асари пандуахлокӣ барои писараш Зиёуддин Юсуф таълиф намудааст. Достони «Баҳористон» асари насрӣ буда, дар пайравии «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ эҷод карда шудааст. Ин достон дорои ҳашт боб буда, хар боби он аз ҳикоятҳои хурд-хурди пандуахлокӣ иборат мебошад. Саргузашти орифон, панду ҳикматҳои бузургон, саргузашти подшоҳон,адлу инсоф ва ахлоки неки онҳо мавзўъҳои асосии достонро ташкил медихад. Шоир сурати зоҳири иинсонро фиребанда меҳисобад. Тавре таъкид менамояд, бояд ба ботини инсон аҳамият дод:
Таъна бар ман мазан ба сурати зишт,
Ай тихӣ аз фазилату инсоф!
Тан бувад чун ғилофу ҷон шамшер
Кор шамшер мекунад, на ғилоф!
Шоир дар «Баҳористони»-и худ зулму золимӣ ва беадолатиҳои ҳокимони замонро ба зери тозиёнаи танқид мегирад. Осоишу оромии ҷомеаро аз адлу инсофи шайтон медонад Пойдевори хар як давлат адл аст:
Чу гардад шоҳи олам адлпеша,
Шавад осоиши гаҳ-гаҳ ҳамеша.
Чу нолад бедиле аз сирапешӣ,
Бувад як cap зи нӯши зулмкеше.
Халосиро зи даҳри печ дар печ,
Зи шоҳон адл мебояд, дигар ҳеҷ
Ҷомӣ таъкид бар он дорад, ки шахси мансабдор бояд сохиби илму дониш, маърифати баланд бошад. Яъне аз назари ӯ намард бояд ба амал бузургу тавоно гардад, балки амал ба мард бузургу шариф гардад Дар хар як амале, ки инсон анҷом медиҳад, адлу ннсофу некиву накӯкорӣ лозим ва зарур аст:
Боядат мансаби баланд, бикӯш,
То ба фазлу ҳунар кунӣ пайванд.
На ба мансаб бувад баландии мард,
Балки мансаб шавад ба мард баланд.
Масъалаи диаре, ки Ҷомӣ дар достони худ таҳлилу баррасӣ менамояд, ин ба зердастон меҳрубонӣ кардан аст. Зеро хар кӣ ба зердастони худ номехрубонӣ мекунад, бадиву дағалӣ менамояд, бо дасти зердастони худ кушта мешавад:
Дило, гуш кун аз ман, ки ин нуктаи хуш,
Ки мондаст дар гўшам аз нуқтадонон.
Ки ҳаркас кашад теғи номеҳрубонӣ,
Шавад кушта зи теғи номеҳрубонон.
Хулоса, достони «Бахористон»аҳамияти бузурги адабиву тарбиявӣ дорад, ки дар замири хар инсон ҳиссу эҳсоси ахлоки неки инсониро зиёд мегардонад.Ҷомӣ бо осори безаволи хеш дар байни мардуми машриқзамин шўҳрати овозадоре касб намудааст. Осори ў ба забонхои гуногун тарҷума шудааст, ки боиси ифтихори миллати мо мебошад.
Комментарии (0)