Ҳаёт ва Фаъолияти Ҷалолуддини Румӣ


Нақша:

Муқаддима
 
1.Мухтасари тарҷумаи ҳоли шоир
 
2.Мероси адабии шоир
 
Хулоса

Чалолуддини Руми

Ҷалолуддин Муҳаммади Румӣ фарзанди Баҳоуддин валад соли 1207 дар оилаи шахси рӯҳонӣ дар шаҳри Балх ба дунё омадааст. Тарбияи давраи кӯдакии ӯ дар назди падар гузаштааст. Падараш барои зиёрати Макка ба Ҳиҷоз сафар мекунад. Баҳоуддини валад-падари Ҷалолиддини хурдсол дар бозгашти сафар вилояти Қунияи Румро писандида, он ҷоро истиқомати доимии худ ихтиёр мекунад. Ҷалолуддин соли1225 ба Гавҳархотун ном духтари самарқандӣ хонадор мешавад. Ӯ аз муридону шогирдони падари худ таълим гирифта , дониши худро сайқал медиҳад. Ҷалолуддин дар шаҳри Ҳалаб 6 сол таҳсил намуда, дар онҷо ба шайхи машҳури замон Шамси Табрезӣ мулоқот кардааст. Баъд аз шиносоӣ, Ҷалолуддин Шамси Табрезиро роҳбари маънавии худ қарор медиҳад. Ҷалолуддини Румӣ соли 1273 дар Қуния вафот мекунад.

Ҷалолуддини Румӣ фаъолияти адабӣ ва эҷодии худро хеле барвақт оғоз намудааст. Доираи эҷодиёти Ҷалолуддини Румӣ доманадору васеъ мебошад. Эҷодиёти ӯ аз “ Маснавии Маънавӣ ”, ки дорои шаш дафтар мебошад ва “ Девони кабир ” иборат аст. “ Маснавии маънавӣ ” асари фалсафӣ буда, ба мавзӯъҳои гуногуни ҳаётӣ бахшида шудааст. “Маснавии Маънавӣ ” даҳ сол пеш аз вафоти шоир эҷод карда шудааст.

“Маснавии Маънавӣ” яке аз бузургтарин асари барҷастаи адабиёти классикии форсии тоҷикӣ ба ҳисоб меравад. “Маснавии Маънавӣ” аз қиссаҳои мухталиф иборат мебошад, ки ҳама саршори панду ахлоқ мебошанд.

Ба ғайр аз “Маснавии Маънавӣ ” аз Ҷалолуддини Румӣ ба мо асарҳои дигари ӯ “Мактубот” ва “Девони Шамси Табрезӣ” боқӣ монанд. Ашъори Ҷалолуддини Румӣ аз ду қисм иборат аст. Як бахши осори ӯ ба таври манзум сароида шудааст. Қисми дуюми ашъори ӯро ғазалиёт ва рубоиёт ташкил медиҳад. “Девони кабир ” зиёда аз се ҳазор ғазал ва анвои дигар шеър, аз ҷумла рубоиро дар бар мегирад. Ҷойи асосиро дар девон ғазалиёти ӯ ишғол мекунад. Бештари ғазалҳои худро бо тахаллуси Шамси Табрезӣ эҷод намудааст. Бинобар ин, ғазалиёти ӯ бо номи “Куллиёти Шамси Табрезӣ” ё худ бо номи ”Куллиёти Шамс” ё “Девони кабир” маълуму машҳур гаштааст.

Румӣ мартаба ва мақому манзалати инсониро аз ҳама боло мегузорад ва ин масъала яке аз муҳимтарин ҷанбаъҳои эҷодиёти ӯро фаро мегирад:

Ҳазорсола роҳ аст аз ту то мусулмонӣ,
Ҳазор соли дигар то ба ҳадди инсонӣ.

Мавзӯи дигари эҷодиёти шоир ин ҳурмату эҳтиром ва мақому манзалати устод-омӯзгор мебошад. Зеро аз нигоҳи Румӣ, барои ба қуллаи умеду орзуҳо расидан, ранҷу заҳматҳои устод ва заҳмату донишандӯзиҳову роҳнамоии ӯ зарур аст:

Ҳеҷ кас аз пеши худ ҷизе нашуд,
Ҳез оҳан ханҷари тезе нашуд.
Ҳеҷ Мавлоно нашуд муллои Рум,
То муриди Шамси Табрезь нашуд.

Румӣ чунин андеша дорад, ки инсонҳо бояд дар ҳаллу фасли масоили ҳаётӣ бо ҳамдигар машварат намоянд. Зеро ки кори бомаслиҳат судманду манфиҳатбахш аст:

Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад ,
Ақлҳоро ақлҳо ёри диҳад.

Ҷалолиддини Румӣ зебоии инсонро дар ҳусну зебогии зоҳиру ботин медиҳад:

Сурати зоҳир фано гардад, бидон ,
Олами маъни бимонад ҷовидон.

Ашъори пурмазмуни шоир имрӯз ҳам дар ҷомеаи мо мавқеи муайяни худро касб намудааст.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив