Бунёди сохтмонҳои азим-бунёди рушди кишвар аст


Сохтмонхои калони ТочикистонРоҳҳо ба пеш мераванд, ба дуриҳои дур мераванд. Онҳо интиҳо надоранд. Гоҳо ба худ мисли мўйи сўхта мепечанд, гоҳе нишеб мешаванд, гоҳе рост мераванад. Роҳҳо ба пеш мераванд, шахсро ба сўйи хонаи умед раҳнамун месозанд, дилҳоро ба ҳам мепайванд, зеро гуфтаанд: «Роҳҳо пайванди дилҳо».

Роҳҳо дар худ розҳои садсолаҳоро ниҳон медоранд. Бо шунидани он шахс ангушти ҳайрат мегазад, ба худ суол мекунад: «Наход роҳе, ки ба худ сабру таҳаммул пеша кардааст, чунин имтиҳони вазнини ҳаётро аз сар гузаронида бошад? Наход он шоҳиди чунин ҳодисоти бузург, наҷибу нотакрор гашта бошад? Пас барои чӣ он хомўш аст? Магар он намехоҳад ин розҳо ошкор гарданд? Пас чи сире нуҳуфта дар Роҳи бузурги абрешим? Тохту тозҳо, сўхтанҳову пухтанҳо, пайвандиҳову ободкориҳо. Бо худ чи ниҳон дорад шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Бўстон – Чанак? Пайвасти ҷануб бо шимол, пайвасти дилҳо, поягузории интиқоли молу маҳсулот дар чаҳор фасли сол».

Инсон барои худ роҳ мекушояд, Фарҳоди кўҳкан аз барои Ширин дили хороро мешикофад, то ба висоли ёри худ бирасад. Инсон барои худ роҳ мекушояд то ҳоҷати худро осон намояд, поезди аввалинро дар Сталинобод пешвоз гирад, фатҳи қуллаҳои навро ба сўи уқёнуси Ҳинд, мамлакатҳои Покистону Авғонистон, Эрону Чин зафарёб гардад. Инсон барои худ роҳ мекушояд то наслҳоро ба ҳам бипайвандад, ободии кишварро таъмин намояд, халқҳоро ба ҳам бипайвпандад, аз гунбади комуникатсионӣ раҳояш намояд то мисли паррандаи аз қафас озод шуда нафаси озод кашад, худро озод ҳис намояд, бародарони ҳаммаҳзабу ҳамзабони худро аз Авғонистону Чин ба оғўш гирад, соҳилҳоро ба ҳам пайвандад, пулҳои Панҷи поёну Панҷи болоро пойбарҷо намояд, Роғунро бунёд намояд.

Гуфтанд, роҳҳо дар ҳаёти давлат нақши муҳимро дошта, пешрафт ва тараққиёти давлатро таъмин менамояд. Аз ин хотир роҳҳо рагҳои хунгузарро шабоҳат диҳанд, ки фаъолияти мўътадили давлатро пиёда намуда, қисматҳои гуногуни давлатро ба ҳам пайваст менамояд. Агар рагҳои хунгузар дар ҷисми инсон вазифаи бо оксиген таъмин намудани баданро иҷро намояд, пас роҳҳо вазифаи таъмини пешрафти иқтисодию иҷтимоии давлатро ба ўҳда доранд.

Саволаш карданд: Ободии кишвар, рушду нумўъи он, гул-гул шукуфӣ ва сарсабзу хуррамии он аз бунёди роҳҳо вобастагии калон дорад? Ҷавобаш карданд: Бидуни роҳ мамлакат нашояд обод гардад. Бидуни роҳ мамлакат натавонад пайванди дилҳоро таъмин намояд. Қуллаҳои баланди инкишофро зафарёб аст бо роҳ, дили Анзобро шикофтааст бо умеди пайвастагӣ, роҳи Чанакро наздик кардааст бо амри барқарории сулҳ, роҳи Қулмаро фатҳ намудааст бо умеди баратараф намудани дуриҳо, роҳи Кўлобро ҳамвор намудааст то таърихро барои худ кашф намояд, Ҳулбуку Мир Саид Алӣ Ҳамадониро барои ҷаҳониён шинос намояд. Роҳи абрешимро барқарор созад, Ховарро бо Ғарб пайванд намояд, дўстии халқҳои ҷаҳонро таъмин намояд. Хатҳои баландшиддати Хатлону Лолазор, Хуҷанду Айнӣ, Ҷануб – Шимолро барқарор намояд, то хонадони миллати тоҷикро нур бубахшад.

Бинобар ин имрўзҳо Ҳукумати ҷумҳурӣ сайъ ба он дорад роҳҳои нав ба нав буньёд намояд, пайванди дилҳоро боз намояд, ба сўи инкишофёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ кушояд, роҳ кушояд то Тоҷикистон мисоли давлатҳои мутараққӣ ба давлатҳои пешрафта табдил ёбад.

Роҳҳо моро мебаранд ба дуриҳо дур, дилҳоро фараҳ мебахшад, чашмҳоро нур, зинддагиро гарм, ғамҳоро дур.

Инсон сафар мекунад, роҳ мепаймояд, ба ҳам пайванд мегардад, умед аз фардои хуб дорад, умед аз фардое, ки фардори беҳтарро тақдимаш мекунад.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив