Некӣ бимонад ҷовидон


Иншо дар бораи НекиНек, хуб, нағз, хуш рамзи амалу кирдори писандидаи одамон буда, муқобили бад аст. Ҳар амале, ки бод иди нек анҷом пазирад, подошаш низ хуш мегардад. Некӣ аз шумори он хасоили ҳамидаи инсонист, ки тӯли таърих дар рафтору кирдори одамон зоҳир гашта, то имрӯз мисли як амали хайр мақоми шоиста дорад.

Инсонҳои шарифу некбин маҳз ба василаи некӣ номи худро ба гузаштаи олам ворид кардаанд. Барои иҷрои ин амали савоб ҷоннисорӣ  ва аз худ гузаштанҳо лозим меояд. Новобаста  ба он, ки амали хуб мукофот мегирад ё на, мо бояд ба иҷрои корҳои шоиста иқдом намоем.

Дар ин бора Саъдии Шерозӣ гуфтааст:

Нек бошӣ бадат гӯяд  халқ,

Беҳ, ки бад бошию некат донанд.

Ҳар кӣ дар олам пайваста бо некӣ кӯшид, умри абад ёфт. Накӯкории азли сахо, ҷонбозиҳои қаҳрамонон, шабзиндадории орифону шоирон ҳамчун нишони амали нек то замони мо расидааст. Баръакс, пастҳимматону бадкорон, маккорону бахилон ҳамчун образи манфӣ мазаммат гардида, мавриди танқид қарор мегиранд.

Аммо корномаҳои қаҳрамононаи фарзандони асили миллат, мисли Шерак, Темурмалик, Муқаннаъ Деваштич имрӯз ҳамчун дарси маҳорату ҷасорат  ба насли наврас омӯзонида мешавад. Аллбатта, некӣ бояд чун амали гуворо бетамаъ бошад. Дар сурати боисрор мукофот ҷустан амали кас нек ҳисобида намешавад. Некии ҳақиқиро мукофот худ истиқбол мегирад. Як нишони асосии некӣ дасткушодиву ҳимматбаландист. касе бо некӣ ҳамсозӣ дорад, ҳамеша саодатманд ва дар амон аст. Носири Хисрав гуфта:

Ҳамеша некхоҳи мардумон бош,

Ба неки кӯш в-он   гаҷ дар амон бош!

Ё ки:

Некӣ кунӣ, ба ҷои ту некӣ кунанд боз,

В-ар бад кунӣ, ба ҷои ту аз бад бадтар кунанд.

Пайдост, ки дар олам касе ҷовид нест. Инсон вуҷуди миранда аст. Аммо кори неку амали хуш ҷовидонист. Лоиқ гуфтааст:

Дунёи савдо бигзарад,

Андӯҳи дилҳо бигзарад,

Ҳам навбати мо бигзарад,

Аммо ба зери осмон

Ҳамчун замини бекарон

Некӣ бимонад ҷовидон…

Мусаллам аст, ки некӣ новобаста ба тағйир ёфтани сохтори зиндагӣ, тарзи давлатдорӣ, паси сар гаштани қарнҳо ба сифати ахтари тобноки осмони тамаддун боқӣ хоҳад монд. Аз ин рӯ, ҳамаи моро зарур аст, ки дар ҳама ҳолат некӣ карданро фаромӯш насозем.

Доруи намурдан амали хайру савоб буда, давоми умри инсон ба ҳисоб меравад.

Пас, накӯкориву некандешӣ вазифаи муқаддаси ҳар сокини сайёра мебошад.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив