Аз гузашта бояд ибрат гирифт


Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
 Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.

Аз гузашта бояд ибрат гирифтОре, гузашти рӯзгор ибратест фардоро. Ҳар як инсони асил набояд гузаштаи миллати хеш, қавми хеш ва наздикону пайвандонро фаромӯш созад. Зеро бе гузашта имрӯзро наметавон дид. Ояндаро низ наметавон интизор шуд. Ҳар як кору амале, ки шуда мегузарад, барои инсон таъсири хубе, ё баде мегузорад, хурсанд, ё андӯхгин мегардонад.

Ба пешравӣ ноил мегардонад, ё баръакс. Ҳар хеле набошад, инсон аз он дарси ибрате мегирад, ки он дарс ба ягон макотибу ба ҳеҷ омӯзгору китобе рабт надорад. Он дарси ибрат аст, ки новобаста аз гузашти айём, новобаста аз қобилияти фикрии муҳит дар ёди инсони комил нақш мебандад. Гузашти рӯзгор кони хираду маданият ва ибрати покизагист, ки тарбиятгари ҳамагон аст. Ҳар як лаҳзаи он омӯзандаи алфози наву гуногунмаънист, ки албатта онро инсони бузургдилу андешаманд метавонад эҳсос намояд. Зеро Соиби бузург фармуда:

Ақли дурандеш бар мо роҳи рӯзӣ бастааст,
 В-арна, ҳар ангушт пистонест тифли ширро.

На ҳар кас метавонад соҳибакл бошад. На ҳар фард метавонад хубро аз бад, некро аз зишт, дӯстро аз душман ва тарбияро аз таънаву маломат фарқият бахшад. Кист доно, то тавонад неку бадро, доғу дардро зиндагии пуршару шӯри пур аз шодиву андӯҳи абадро фарқ созад?
– Кист доно?! Марди оқил, то зи ҳар як лаҳзаи умри абад гирад панд.
– Кист доно?! Он зани покизакирдоре, ки дар шакли фаришта ибрати покизадоманон бувад.
– Кист доно?! Тифли дилбанде, ки аз рӯзи азал Парвардигораш қудрати Иллоҳӣ дода, дар вуҷудаш иффату виҷдону имон офарид.
– Кист доно?! Фарди соҳибақлу идроке, ки аз ҳар лаҳзаи умри муборак бо ҳама зӯру тавон ва дилу ҷонаш панд гирад, дарси ибрат, дарси умеду ҳақиқат, то наёбад заррае рӯзе завол, то нагардад пеши ҳар як нокасе хам бар ӯ боле, то ки бошад дӯстдори миллати Модар-Ватан.
 Пас месазад гӯем, ки бояд шитофт, то ақлу заковатро барҷо кор фармуда, аз дирӯзу имрӯзи ҳаёт ибрат бигирем, вагарна фардо дар поёни умр хорӣ хоҳем кашид, зеро умр равон асту саросар кӯлвори пурпандро мемонад:

Ғофил машав, з-умр, ки чун киштӣ дар об,
 Истода менамояду чун тир меравад.

Аз калонсолон ва касони оқил ибрат бигирем, то ҳангоми сахтиву дармондагӣ ва мушкилии рӯзгор мададгорамон гарданд, зеро ҳаёт саросар пур аз ноҷуриҳост. Барои рафъи ҳар масоили рӯзгор таҷрибаи бузург мебояд. Зеро «Аз дида басе фарқ бувад то ба шунида» гуфтаанд, ё ба фармудаи Рӯдакии бузургвор:

Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,
 Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.

Чун аз гуфтаҳои бузургони хирад ёдовар мегардем, беихтиёр бояд қайд намуд, ки бузургону оқилони ҳар давру замон низ аз гузашта чизе омӯхтаанд ва бевосита саҳве накардаанд, ки имрӯз мо аз онҳо ибрат мегирем. Инак, таҷрибаи рӯзгор пайваста аз бехирадон соҳибхирад, аз бадон нек, аз дармондагон коромӯз ва аз нокасон инсони комил месозад. Инсон худ кон аст. Дар хазинаи инсон новобаста аз он ки ӯ хуб аст, ё бад танҳо ва танҳо сарват ниҳон аст, зеро ҳар чизе, ки тавассути инсон ва меҳнати фидокоронаи ӯ падид меояд, ҳама лозиманду ибратанду давоянду манбаи омӯзиш, ки аз дороиву сарват фузунтаранд. Инсон, ки худ меъмори ҳаёти хеш аст, аз ҳар як хубу зишти ҳаёт ибрате падид меорад. Аз лаҳзаи сард низ зуд дилмонда намегардад. Мекӯшад, ки аз ҳар дарду ранҷ ганҷе падид орад, зеро:

Бе дарду ранҷ ганҷ муяссар намешавад,
 Музд он гирифт ҷони бародар, ки кор кард.

Бисёр хасе бояд, то пухта шавад хоме. Ҳатто барои пухтани таоми хушлаззат хасу хошоку ҳезуми фаровон мебояд. Пас барои дар ҳаёт пухта гардидани инсони комил низ фурсати зиёду таҷрибаи гарон мебояд.
 Боз ой сари мақсад ва кӯш дар оне, ки ҳар замон аз зиндагӣ ибрате биомузӣ ва кӯлвори панду ибрати хеш пурбор гардонӣ. Чун ибратомӯзиат ба ҷое бирасид, ибратбахш гардӣ ва соҳибиззат.

Дил чу равшан гашт, чароғу шавқате даркор нест,
 Баҳри тасхири ҷаҳон хуршеди танҳо лашкар аст.

Гуфтаанд, ки далели гуфтаҳои болост. Хулоса, ҳар замон ибратест соҳибдилеро, ки паси ибрати ниёгону бузургони хирад мекӯшад ва бесуд бувад номуродеро панд дод, зеро ибрати соҳибдилон давлат бувад… ё ба таври дигар:

Насиҳати ҳама олам чу бод дар қафас аст,
 Ба гӯши мардуми нодон чу об дар гирдоб аст.

Гуфтааст Саъдии бузург, ки ниҳоят барҷост.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив