«Ном?»-и хушрӯяку дӯстрӯяки мо! Яксолагии рӯзи мавлудатро ба як ҷаҳон орзую умедҳо табрик гуфта, аз яздони пок ширинтарин лаҳзаҳои кӯдакиятро таманно дорем.
Орзуи онро мекунем, ки:
Нигаҳбонат Худо бошад,
Паноҳат Мустафо бошад.
Ҳабибат ҷилди Қуръону,
Ҳаётат босафо бошад.
*****
Қатраи шабнам ба рӯи гул чакид,
Хониши булбул ба гӯши гул расид.
Зодрӯзи ту муборак ҷони модар,
Зодаи субҳи умеду рӯзи ид.
***
Забони ҳақ шиори безабон бош,
Нишони ворисони бенишон бош.
Аламбардори рӯҳи сарбадорон,
Бақоҷуи дуои модарон бош,
Азизи мо, азизи сад ҷаҳон бош.
Одамиро неъмате ширинтар аз фарзанд нест,
Мисли меҳри ӯ дилу ҷонро ягон пайванд нест.
Дар гиряи тифл ҳусни олам бошад,
Дар хандаи тифл бахти одам бошад.
Он хона ки пурр зи тифл бошад ба яқин,
Он ҷо пираш чу тифл беғам бошад.
Кӯдаки ширин ҳамеша гулфишон бошӣ,
Ба он ҳусну ба он ақли расо кавкабнишон бошӣ.
Худо ёрат ҳамеша бошаду пирон мададгорат,
Набинӣ заррае ғамро азизи мардумон бошӣ.
Хандон бишавад саҳар зи хандидани тифл
Бӯстон бишавад замин зи гул чидани тифл.
Шод аз онем, ки тифле чу ——- дорем,
Дар бағал дурру гуҳар, соҳиби давлат дорем.
Баҳри ӯ бахти наку, толеъу иқболи баланд,
Аз нигоҳи беғашаш сад гунна савлат дорем.
Ин тифлаки мо расида ба —— солаги имрӯз,
Умраш бикун эй Худо дарозу фирӯз.
Илму амалаш бидеҳу бахту толеъ,
Хизмат ба ба волидайн ҳам ба мардум омӯз.
Чун ту зебое ба дунё омадӣ,
Шӯру савдое ба дилҳо омадӣ.
Чун ту яктое ба дунё омадӣ,
Бо ту дунёе ба дунё омадаст
—– мо тоҷи сари мо,
Доим бошӣ,ту дар бари мо.
Яктои биби, ширини хола,
Орзу дорем,шавӣ садсола.
Таваллудат муборак, нури дида,
Ҷаҳон чун ту надида ношунида.
Туи чун дар гулистон рангу буе,
Туи андар баҳорон чун сапеда.
Тифлаки ҷон рӯзи мавлудат чиро савғо кунам,
Меҳри афзуни диламро ман чи сон ифшо кунам.
Ту муроду мақсади ман, бахти ман, ту ҷони ман,
Зинда бош ба бахти ман, эй ғунчаи хандони ман.
—–Ҳамеша зебо бошӣ,
Як духтари нозанину лоло бошӣ.
Дар мавлуди ту ҷамъ шаванд хешу табор,
Бо мо бошӣ, азизи дилҳо бошӣ.
—— ширин ҳамеша гулфишон бошӣ,
Ба он ҳусну ба он ақли расо кавкабнишон бошӣ.
Худо ёрат ҳамеша бошаду пирон мададгорат,
Набинӣ заррае ғамро азизи мардумон бошӣ.
Эй чашмаи ишқи ман, хурӯшон бошӣ,
Эй моҳи муҳаббатам, дурахшон бошӣ.
Дар рузи таваллудат дуое дорам,
Эй боғи саодатам, гулафшон бошӣ.
Ту бахти модари ту бахтёрӣ,
Падарро такягоҳ дар рӯзгорӣ.
Зи ту дорад ҳама умедворӣ,
Чу номат дар ҷаҳон шодӣ биёрӣ.
Эй нури дидагонам,
Пайванди чисму чонам,
Азизу мехрубонам,
Зодрӯзи ту муборак.
Ному нишонаи ман,
Шеъру таронаи ман,
Чароғи хонаи ман,
Мавлуди ту муборак!
Тоҷи сарам ту бошӣ,
Болу парам ту бошӣ.
Гулдухтарам ту бошӣ,
Таваллудат муборак!
Давоми умри ман ту,
Умеди ин Ватан ту,
Куввати ҷону тан ту,
Мавлуди ту муборак.
Азизи одамон шав,
Ба модар соябон шав,
Падарро меҳрубон шав,
Зодрӯзат муборак!
***
Ту хуррибачаӣ, мах – дояи ту,
Ту шохи наврасӣ, ман-сояи ту.
Ту охубарраӣ, дил – чои хобат,
Ту гул, ман-сабза дар гулпояи ту.
Комментарии (0)