20 маълумотҳои аҷиби химиявӣ


Кимиё1. Дар таркиби организми одам қариб 70 элементи химиявӣ дар намуди пайвастҳо мавҷуданд.Қисми асосии организми одам, яъне 93 фоизашро оксиген, карбон ва ҳидроген ташкил медиҳанд.
2. Дар рӯйи Замин бо роҳи таҷриба муқаррар намуданд, ки 89 элементи химиявӣ мавҷуд аст. Боқимонда элементҳоро дар лабораторияҳо бо роҳи сунъӣ ҳосил кардашуда, дар дигар сайёраҳо вуҷуд доранд.
Ҳамаи моддаҳои дар Замин (25 млн.) ва дигар сайёраҳо мавҷуд буда, аз 118 элементи химиявӣ таркиб ёфтаанд.
3. Мафҳуми ҳозираро дар бораи элементҳои химиявӣ дар миёнаи асри XVII Роберт Бойл ва Юстус Либих дар химия ҷорӣ намудаанд.
4. Оё медонед, ки “каучу” – ро аз як намуди дарахти Бразилиягӣ истеҳсол мекунанд.
5. Абуалӣ ибни Сино дар “Рисолаи кимиё” ном асараш ҳаракатро ба се навъ ҷудо мекунад: 1)ҳаракати аразӣ – ҳаракати (атом ва молекула) дохилӣ; 2) ҳаракати касрӣ – ҳаракати кинетикӣ; 3) ҳаракати табиӣ – ҳаракати сайёра ва ситораҳо.
6. Калимаи “кхем” дар Мисри Қадим, ки маънои «сиёҳ» ё «сиёҳзамин» дорад, ба илми химия алоцаманд аст. “Кеме” (миср) – “сиёҳ” (илм). Алхимия ҳамчун илми ладунӣ [илми найрангҷот, сеҳр, рамл (фолбинӣ), илми ғайр (илми кашмирӣ – чашмбандӣ)]. “Хюма” (юн. Қадим) – “рехтагирии металҳо” ё ки синонимаш “шарбат” аст. “Ким” (чини қадим) – «тилло».
7. Ҷобир ибни Хайён навишта буд: “Агар ту хоҳӣ, ки кимиёгариро аз худ намоӣ, бояд корҳои таҷрибавиро бештари гузаронӣ”.
8. Ҳангоми паси ҳам ҷойгир кардани 100млн. атоми ҳидроген занҷире ҳосил мешавад, ки дарозиаш ҳамагӣ 1 см аст. Барои ҳосил кардани молекулаҳои 1 грамм об 3 миллион сол лозим меояд, ба шарте ки агар як миллион одам дар як сония як молекулагӣ ҳисоб кунад. Агар атом то ба дараҷаи нӯги сӯзан калон карда шавад, пас магас бо чунин таносуби калоншавӣ дарозиаш 8 километр, қади одам бошад, 1700 километр баланд мешуд.
9. Аз давраи Сосониён то ба ҳол калимаи шабеҳи “ҳимё” ё “ҳамё” (хаммаи нонвой, зарфе ки дар он хамир тайёр мекунанд) дар истеъмолот мебошад. Шояд истилоҳи “Кимиё” калимаи шаклдигар намудаи “Хамма” бошад. Дар асрҳои миёна ин истилоҳро аҳли илм ва фарҳанг хеле фаровон истифода бурдаанд. Масалан, Ҷобир ибни Хайён, Муҳаммад ибни Закариён Розӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Носири Хусрав Қубодиёни доир ба кимиё рисолаҳо тасниф намудаанд.
10. Дар шаҳри Аграи Ҳиндустон бо сарпарастии Акбаршоҳ бо нишондоди устоҳои Самарқанд масҷиди “Қутби манор” (1625 – 1628) бино кардаанд. Дар сатҳи ҳавлии ин бино дар ҳавои кушод сутунеро мерос гузоштаанд, ки он аз 99,999% оҳани холис сохта шудааст.
11. Баъзе ғайриметаллҳо бинобар суст будани фаъолияти химиявиашон дар табиат ҳамчун моддаҳои содда (N2, C, O2, газҳои асил, H2…) бештар дучор мешаванд.
12. Химики швед Йоган Якоб Берселиус (1799 – 1848) соли 1814 аломати ҳозираи элементҳои химиявиро ба илм ворид намуд, ки дар асоси он муодилаҳои химиявӣ ва роҳҳои ҳисоббарориро иҷро менамоянд.
13. Олимон собит намудаанд, ки Закариёи Розӣ аввалин шуда дар шаҳри Рай (Эрон) коргоҳи қадимтарини кимиё (лабораторияи химиявӣ) ва дармонгоҳ (беморхона) таъсис дода буд.
14. Олими англис Ҷ. Зингер дар бораи асбобҳои аз тарафи Закариёи Розӣ истифода кардашуда ҷунин навишта буд: “Лабораторияи инглисии баъд аз ҳазор сол бавуҷудомада аз лабораторияи Розӣ он қадар ҳам фарқ намекард”.
15. Агар миқдори озон дар таркиби ҳаво ниҳоят кам (аз як миллион як ҳисса) бошад, бӯйи хуш ҳис карда мешавад. Дар ҳуҷраи корӣ бояд миқдори имконпазири консентратсияи озон аз сад ҳазор як ҳиссаро ташкил менамояд. Ҳангоми миқдоран зиёд гаштани консентратсияи (аз даҳ ҳазор як ҳисса) – и озон – бӯйи ғализи тоқатнопазир пайдо мешавад. Ин ба бӯйи тухми палағдашуда (бӯйи сулфиди ҳидроген) монанд буда, аз он 50 маротиба бадбӯй аст.
16. Тайёраи муосири мусофиркаш ҳангоми парвоз дар муддати 9 соат тақрибан 50 – 70т оксиген сарф мекунад. Дар ин муддат тақрибан ҳамин қадар оксигенро дар равандҳои фотосинтез 25 000 – 50 000 га ҷангал хориҷ мекунад. Барои муҳаррики мушакҳо назар ба тайёра зиёдтар оксиген сарф мешавад.
17. Агар ба воситаи муҳаррики шамолӣ энергияи ҳосилшударо барои моеъ кардани ҳаво сарф намоянд, минбаъд ҳавои моеъро ба қисмҳои таркибӣ: оксиген ва нитроген ҷудо мекунанд. Соҳаи татбиқи оксигени моеъ ба шумо маълум аст. Нитрогени моеъ ҳангоми ба ҳолати газӣ гузаштан фишори зиёдро ҳосил мекунад, ки инро дар муҳаррики автомашинаҳо истифода бурдан мумкин аст. Дар ин ҳол раванди сӯзиши бензин нолозим буда, ин гуна муҳаррикҳо аз ҷиҳати экологӣ афзалият доранд.
18. Агар дар автомашина таҷҳизоти таҷзияи обро ҷойгир намуда, бо воситаи қувваи барқи доимӣ ҳидрогену оксигенро ҳосил кунанд, онро дар муҳаррик ба сифати сӯзишворӣ истифода намудан мумкин аст. Бо чунин усул об ҷои бензинро иваз мекунад ва аз ҷиҳати экологӣ безарар аст.
19. Аксари гулҳои табиӣ (гули хайрӣ, қоқу, настаран, садбарг, савсан, …) – ро дар маҳаллҳо ба сифати индикатор барои аниқ кардани муҳити маҳлул истифода бурдан мумкин аст.
20. Дар давлати Сомониён илми кимиёи кунуниро ба чор қисмҳои алоҳида, ки решаи ягона доранд, омӯхта мешуд: 1) Симё – илм доир ба омӯзиши маъдан ба коркарди онҳо онҳо (металлургия); 2) Римё – илм доир ба истеҳсоли малҳам ва доруворӣ; 3) Ҳимё ё ҳамё – илм доир ба роҳҳои пухтани хӯрока; 4) Кимиё – илм доир ба хосияти моддаҳо ва табдилоти онҳо.

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив