Ҳавзаҳо ё марказҳои адабӣ


Одамон дар ҳама ҳолат рӯи ниёз ба илм, фарҳанг ва адаб овардаанд. Дар асри ҶVI, сарфи назар аз нооромиҳои сиёсӣ, дар қаламрави Осиёи Миёна, Эрон, Ҳиндустон марказҳои илмӣ, фарҳангӣ ва адабӣ фаъолият кардаанд, ки дар рушди ҷомеъаву фарҳанг нақши муҳим гузоштаанд. Дар Осиёи Миёна Самарқанд, Бухоро, Балх, Бадахшон; дар сарзамини Эрон Исфаҳону Машҳад, Шероз, Табрез; дар мулки Ҳинд Деҳлӣ, Мултон, Лоҳур, Панҷоб, Кашмир, Сарҳинд. Ҳар кадоме аз ин доираҳои фарҳангию адабӣ дар пешрафти соҳаҳои мазкур нақши сазовор гузоштаанд. Масалан, дар Осиёи Миёна: Мушфиқӣ, Нисорӣ, Мутрибӣ, Шавкати Бухороӣ Самарқандхоҷаи Тирмизӣ, Мулҳами Бухороӣ, Фитрати Зодрӯз, Сайидо ва дигарон; дар Эрон: Соиби Табрезӣ, Камини Кошонӣ, Саймирзои Сафавӣ, Мирзо Муҳаммадтоҳири Насрободӣ ва дигарон; дар Ҳиндустон: Файзии Деканӣ, Бедили Деҳлавӣ ва ғайра. Бояд гуфт, ки авзои фарҳангу адабиёт дар нимаи аввали асри ҶVI нисбат ба нимаи дуюм хеле фарқкунанда аст. Ҳамлаи Шоҳ Исмоили Сафавӣ соли 1512 ба Хуросон, боиси парокандагии қувваҳои илмию адабӣ гардид. Бештар қувваҳои адабӣ рӯ ба Мовароуннаҳр оварданд. Восифӣ дар «Бадоеъ-ул-вақоеъ» хабар медиҳад, ки: «Дар он вақт (с.1512) қариб понсад кас аз вилояти Хуросон азимати мулки Мовароуннаҳр карданд». Дар ин сарзамин илмҳои таърих, фалсафа, риёзиёт, ҳандаса, забону адабиёт, мантиқ, мусиқӣ хеле пеш рафтааст.
Масалан, Муҳаммадсолеҳи Карминагӣ дар илми мантиқ, Мавлоно Кавкабии Бухороӣ дар нуҷуму мусиқӣ, Исматуллоҳи Самарқандӣ дар сарфу наҳв, Хоҷа Калони Самарқандӣ дар ҳакмату риёзиёт аз ҷумлаи саромадони асри худ буданд. Илми мусиқӣ яке аз дастовардҳои халқӣ тоҷик дар асри ҶVI буда, дар се шаҳр: Ҳирот, Самарқанд ва Бухоро хеле пеш рафтааст. Дар ин бора Ҳофизи Таниш («Шарафномаи шоҳӣ»), Дарвешалии Чангӣ («Тӯҳфат-ус-сурур»), Саид Шарифи Самарқандӣ («Таърихи касира») аз симоҳои машҳури аср: Бобоҷони Ҳофиз, Дӯстмуҳаммади Удӣ, Муҳаммадалии Ноӣ, Аҳмади Ҳофиз, Ибни Чангӣ ва дигарон ёд кардаанд. Таърихнависӣ низ хеле пеш рафтаву асарҳои гаронарзише ба майдон омадаанд. Аз ҷумла «Равзат-ус-сафо»-и Мирхонд, Ҳабиб-ус-сияр»-и Хондамир, «Шайбонинома» ва «Футӯҳоти хонӣ»-и Биноӣ» «Мунтахаб-ут-таворих»-и Ҳофизи Убаҳӣ, «Шарафномаи шоҳӣ» ё «Абдуллоҳнома»-и Ҳофизи Таниш ва ғайра маҳсули ҳамин асранд.

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив