Маснавии «Гулзори Ирам»


Хусусиятҳои узвҳо ба назар гирифта шудаанд. Инчунин майлҳои инсонӣ низ ҳар кадом табиати сириштии худро нигоҳ медоранд: Ишқ, Ҳусн,–Ақл, Дил, Хаёл, Назар, Ғамза, Қомат, Ҳиммат, Меҳр, Вафо, Ноз, Зулф, Табассум, Номус, Тавба, Зарқ, Рақиб ва ғ. ширкаткунандагони достонанд. Тавассути ташхис ва рамзу киноя ҳар кадом амал мекунанд. Муносибату рафтор, гуфтору кирдор ва фаъолияти мусбату манфӣ будаву доштани онҳо мисли он аст, ки онҳо дар вуҷуди инсонӣ доранд. Масалан, Ғайр, Зарқ, Тавба бештар садди роҳи ошиқу маъшуқаанд вале, дар достон ҳар кадоми инҳо фаъолияту амали худро мустақилона ба кор мебаранд. Қаҳрамонҳои асосии асар: Ақлу Дил ва Ишқу Ҳусн мебошанд. Дигар каҳрамонҳои лаҳзагӣ ва ё ёрирасон мебошанд. Онҳо хатти амалиётро фаъол гардонида ба ҷараёни ҳодисаву воқеаҳо таҳким мебахшанд. Ҳадаф аслан баёни ҳолоти ошиқу маъшуқа мебошад, ки онҳо Ҳусну Диланд. Ин қаҳрамонҳо (асосӣ ва ёвар) дар ашъори орифона–вазифаи дигар доранд.
Инчунин дар ашъори лирикӣ низ дучор мешаванд. Маснавии «Гулзори Ирам» ҳатто аз унвони он пайдост, ки дорои қавитари оҳангҳои ирфонӣ тасаввуфӣ аст. Аз нигоҳи сабку услуб, шеваи баёну ҳунари эҷод, истифода вазну қафия, радифу санъатҳои адабӣ, мазмунҳову ҳунари тасвир, корбасти калимаҳову ибораҳо, таъбирҳои халқӣ ва ғайра низ достон хеле ҷолиб аст. Кӯшиши шоир дар эҷоди маснавӣ аз он иборат аст, ки ӯ хостаст дар заминаи суннати бой ва бисёрсолаи боғановат тозакорӣ бикунад. Ӯ аз ӯҳдаи он ҳам баромада тавонистааст. Албатта, дар ин мавзӯъ Ибни Сино, Шайх Шоҳубиддин Сӯҳравардӣ («Рисолата фӣ ҳақиқат- ал-Ишқ») вале чун асари адабӣ-бадеӣ Фаттоҳии Нишопурӣ («Ҳусну Дил»), Котибӣ («Хусну Дил») навиштаанд. Мушфиқӣ бештар такя дар Фаттоҳӣ кардааст. Вале ба қавли Мушфиқӣ, Фаттоҳӣ дар эҷоди асар ба нуқсонҳо бештар роҳ дода аст. Аз ин рӯ, асари ӯро «қолаби бе рӯҳ» ва «чамани бе об» мегӯяд:
Муҷмале қисса он ки дошт зуҳур,
Нусхае аз фасеҳи Нишопур.
Гоире аз назм ночашида футӯҳ,
Дар назар ҳамчу қолаби берӯҳ…
Ин аст, ки достони Мушфиқӣ бештар дар таърихи адабиёт маҳбубият пайдо кардааст. Шоири асри XVII Нишонӣ аввалин касест, ки навиштааст. Чандин шоирони дигар низ бо ин ном ва ё дар ҳамин мавзӯъ асарҳо навиштааст.

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив