Мазмуну мундариҷаи шеърҳои ба ҳунармандон бахшидаи Сайидо


Сайидо махсусан ба табақаҳои ҳунарманди ҷамъият таваҷҷӯҳи махсус дорад. Зеро онҳоро дар ашъори лирикиаш (ғазалиёту қитъаҳо…), дар «Шаҳрошӯб» ва инчунин ашъори махсуси ба ин тоира бахшидааш васфу тавсиф кардааст. Албатта, дар таърихи адабиёт фасли тоза низ ҳаст, ки дар шакли маснавӣ рӯи кор омадаанд. Дилбастагии шоир ба ин тоифаи мардум, шояд аз он ҷиҳат бошад, ки ӯ худ аз аҳли ҳунар аст. Сайидо дар ашъори ба табақаҳои ҳунармандон бахшидаи хеш намоядаи ҳашт навъи ҳунарро васф кардааст, ки аз ҷумлаи онҳо: баққол, шустагар, нонво, наққош, наҷҷор, шотир, таштгар ва қассоб мебошанд. Ин ҳашт шеъри ба ҳунармандон бахшидаи Сайидо дар маҷмӯъ дорои 290 байт аст ва онҳо манзумаҳоеанд, ки аз ибтидо то интиҳо дар як мавзӯъ эҷод шудаанд. Муҳим он аст, ки дар ин манзумаҳо инсони соҳибҳунар ва меҳнаткашу заҳматқарин мавриди ситоишу васф қарор гирифтааст. Яъне шоир ба ин восита меҳнатро васф мекунад, аҳамияту моҳияти ин ё он пешаро хеле бо ҷузъиёт баён менамояд. Масалан, аз пешаи наҷҷор мунтаҳо хоса-макони ошиқон бунёд мешавад, ки бе он на танҳо инсон балки ҳама махлуқи ҷондор эҳтиёҷ ба хона дорад. Пас касби мазкур сазовори васфу ситоиш ва барои мардум аввалиндараҷа мебошад. Ё ин ки дар манзумаи дигар оид ба пешаи баққолӣ сухан меравад ва он «Дар таърихи Хоҷа мирзоҷони баққол» унвон дораду аз 53 байто иборат буда, бо чунин матлаъ шурӯъ мешавад:

Диламро бурда сарви ҷомазебе,
 Биҳиштиталъате одамфиребе.

Ба ҳамин тариқ, дар манзумаҳои дигари ба ҳунарварону соҳибипешагон бахшидаи Миробид Сайидои Насафӣ, аз ҷумла: «Дар таърифи Хоҷа Мирзомуҳаммади Шӯстагар», «Дар таърифу тавсифи нонво», «Дар таърифи Хоҷа Шафеъи наққош», «Дар таърифу тавсифи–шотир», «Дар таърифи қассоб» ва ниҳоят «Дар таърифи таштгар» касбҳо, пешаҳо, ҳунарҳо, ҳирфатҳо ва соҳибони онҳо бо хислату рафтор, гуфтору кирдор, муомилаву муносибат ва асрори ҳунарии эшон ва назокати кору фаъолияти онҳо ба тасвир гирифта шудааст. Масалан, назокати пешаи наққоширо («Дар таърифи Хоҷа Шафеъи наққош») кибоиси зебу зиннат ва ороиши ҳар як макон мегардад, чунин ба мушоҳида мегирад:

Гузорад пой бар ҳар остона,
Кунад он хонаро оинахона,
Ба килки худ намесозад ситамро,
 Кунад ангушти ӯ кори қаламро.

Ё худ дар манзумаи «Дар таърифи қассоб» ҷузъиёти пешаи мазкурро аз забони гӯсфанд меорад, ки барои забҳ омадаст ва аз он боке надорад, ки барои забҳ омадаст ва аз он боке надорад, зеро тӯъмаи ҳалоли халифаи Ҷаҳонофарин шудан ормони интиҳони ӯст:

Ба дӯконаш равам дар хун тапида,
Наяндешам зи саҳрои бурида.
Агар хунам бирезанд, мотамам нест,
 Зи поям гар биёвезанд, ғамам нест.

Ё ин ки дар манзумаи дигари шоир, ки «Дар таърифу тавсифи нонво»-ном дорад, ҳунари нонвоӣ ва кӯҳантаърих будани он, қадршиносӣ дидани пешаи мазкур миёни насли инсон ба тасвир оварда шудааст. Шоир макони омодашавии нон-танӯрро бо усули тоза ва басо образноку шево ба мушоҳида мегирад:

Танураш сурхрӯ аз оташи гул,
 Хасу хораш бувад мижгони булбул.

Умуман ашъори ба ҳунармандон бахшидаи Сайидо чанд ҷиҳати хоса дорад, ки онро таъкид намудан аз аҳамият холӣ нест:

Сайидо ҳам дар ашъори лирикӣ, асари алоҳида ва шеърҳои ҷудогона яъне бо се роҳ ба ин мавзӯъ васфи аҳли ҳунар ва пешаи онҳо рӯ овардааст. Шоир анъанаи адабӣ, суннати эҷодиро ба таври васеътар эҳё намуда, дар ҳамин замина баъзе тозакориҳо кардааст. Адиб ба ин восита эҷоди бадеъро ба рӯзгори халқ, ба аҳли меҳнат боз ҳам наздиктар намудааст. Таркиби луғавии забони адабии тоҷикро дар асри ХVII аз ҳисоби калимаву ибораҳои соҳавӣ нисбатан ғанӣ гардонидааст.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив